ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ОМИЛИ РАҲОИ АЗ БУҲРОНИ ИҚТИСОДӢ: НБО РОҒУН – УМЕДБАХШИ РӮЗГОРИ МАРДУМИ ТОҶИК

562

“Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт”.

Эмомалӣ Раҳмон

Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,

Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% дар сади захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъмати бебаҳоро бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард. Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 70 – уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд.

Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад.

Бо бунёди комили НБО Роғун ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷикро амалӣ мегарданд ва бояд эътироф намуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.

Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашида истодаанд. Онҳо хуб медонистанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дарозии нақбҳо дар НБО Роғун ба 75 километ мерасад. Ғайр аз ин тамоми иншооти асосии неругоҳ аз ҷумла толори чархҳо, ки баландиаш 69 метр, толори трансформаторҳо, толори дарвозаҳо, бинои 7 – ошёнаи идораи Неругоҳ ва ғайра дар зери замин қарор хоҳанд дошт. Иқтидори лоиҳавии Роғун бо 6 агрегат бо иқтидори 3600 мегават буда, сарбанди обанбораш бояд 335 метрро ташкил хоҳад дод. Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи марказӣ маҳсуб дониста мешавад. Иқтидори тавлидотии нерӯи барқи Роғун 13,5 млрд квт – ро ташкил медиҳад, ки ин барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти калон дорад.

Мардуми тоҷик аз набудани барқи доимӣ ба душвориҳои зиёди рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳоло бошад, ин душвориҳо паси сар гардида истодаанд. Бунёди Роғун ин нангу номус ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Гуфтан мумкин аст, ки нисбати солҳои пешин интиқоли қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардидааст. Баҳри чароғонии хар хонадон, коргоҳу муасиссаҳои моро мебояд бо амри дили виҷдон дар ин кори хайр ҳиссагузор бошанд. Зеро НБО-и Роғун натанҳо равшангари рузғор, балки ояндаи дурахшони сарзамини мо хоҳад буд.

Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдӯсту пурғайрат аст. Он ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург ҳамеша кушиш бар он медиҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад. Душвориву мамониатҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.

Таърихи рӯзи 29 октябр соли 2016, рӯзи равшаниву нур ва пойдевори асосии НБО Роғун барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад. Зеро дар ин рӯз аз љониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, худ савори булдозери вазнин аз соати 10 субҳ то соати 11.30 расо якуним соат ба пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро дигар карда ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқии оби Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Помир – 1, неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар неругоҳи барқи обии Норак, зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран – 2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ мебошанд.

Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 амалӣ мегардад. CASA – 1000 лоиҳаест, ки тибқи он интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад ва дар ин самт созишнома ба имзо расонида шудааст. Ин имконият медиҳад, ки ҳар сол ҳудуди 5 миллиард киловатт соат неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир карда шавад, ки аз он 3 миллиард киловатт соат ба Тоҷикистон рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи CASA – 1000-ро бештар аз 10 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ҷонибдорӣ кардаанд, ки тибқи ин лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар тавлид, фурӯш ва ҳам дар содироти неруи барқ афзалияти бештар дорад, зеро дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад.

Дар рӯзи Президент, дар рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудани чархаи якуми НБО Роғун, яъне 16-уми ноябри соли 2018, моҳиятан рамзиву амри воқеъият аст, зеро агар истодагарӣ, пофишориҳо ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ мавқеъи устувори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ин қадами устувор гузошта намешуд.

9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.

Иншооти НБО-и Рогун ин майдони набарди ҳар як фарзанди фарзонаи миллат барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва оянди дурахшони Ватан буда, саҳмгузор будан дар ин набард вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди бо нангу номус ва соҳибиродаи миллат мебошад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти хаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид. Дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт ва акнун, бо бунёди НБО Роғун ин мушкилотҳо рафта – рафта ҳалли худро меёбад ва омил асосии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мегардад. Қудрату шаҳомати нерӯгоҳи Роғун, аллакай, дар хонаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёрии миллатамонро дар ояндаи наздик тасаввур менамоем.

Ассистентони кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Раҷабов Т.С. Эраҷи Д.