Иқтисодиёт воситаи асосии зиндагии осоишта барои тамоми мардуми ҷаҳон аст. Зеро он санъати идоракунии хоҷагӣ ба ҳисоб рафта тамоми эҳтиёҷоти инсонро қонеъ мегардонад.
Худи таърифи иқтисод ин аст ки: «Иқтисодиёт илмест, ки чи тавр, бо кадом роҳу восита таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолиро дар ҳолати беохир будани талаботҳо ва охирнок будани захираҳо меомӯзад». Талаботҳои инсон беохиранд (талабот ба хӯрока, пӯшока ва ғайра) ва дар муқобили онҳо захираҳо мутаассифона охирноканд (маводҳои хӯрока, замин,).
Рушди бемайлони иқтисодиёт баъд аз ҷангҳои мустамликадорӣ, ки мамлакатҳои империалистии ғарб кишварҳои сусту заиф, аммо серзахираи Осиёву Африқоро забт карданд ба воқеият табдил ёфт. Дар ин давра мамлакатҳои ғарб байни якдигар дар истеҳсолот ва саноат мусобиқоти пурзӯршавӣ ташкил намуданд. Дар натиҷа истифодаи захираҳои табиӣ нисбат ба гузашта садҳо ва ҳатто ҳазорҳо маротиба афзуд. Саноати вазнин ва металлургия ба сатҳи аввал баромад ва ҳамзамон истихроҷи сарватҳои зери замин (ангишт, металлҳои қиматбаҳо ва монанди ин) боиси зиёдшавии даромаднокии давлатҳо гардид. Фоҷеабортарин рӯйдодҳои рушди саноати вазнин ин ба табиат расонидани зарарҳои экологӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми фаъолияти дуасраи худ (то ибтидои асри ХХ) саноати вазнин мувозинати табиатро шикаст. Партовҳои саноатӣ ба атмосфера ва уқёнус, боиси тағйирёбии иқлим гашт. Истихроҷи сарватҳои зери замин (нефт, газ, металлҳои қиматбаҳо) боиси ба вуҷуд омадани ковокиҳои бузург дар қаъри замин гардиданд, ки минбаъд ин боиси зилзилаҳои харобиовар ва фурӯравии қабати болоии замин гардиданд (махсусан дар Ҷумҳурии Мардумии Чин). Масалан яке аз чунин зилзилаҳои харобиовар соли 2015 дар Непал бо қувваи 7,8 балл ба амал омад ки қариб 8500 нафар қурбонӣ ба ҷой гузошт. Хушкшавии баҳру дарёҳои дохилиматерикӣ, обшавии пиряхҳо ҳамаи ин боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Имрӯз дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар атмосфера миқдори гази карбон ва дигар газҳои зараррасон зиёд шуданд ва ин боиси он гардид ки Сайёраи Замин дигар гармии зиёдатии худро ба кайҳон партофта наметавонад. Дар пайи ин бошад гармшавии иқлими сайёра дар минтақаҳое ки одатан сард буданд ва сардшавии иқлими сайёра дар минтақаҳое ки одатан гарм буданд ба мушоҳида мерасад. Ҳамаи ин мушкилотҳои глобалӣ, ки ҳеҷ як халқу миллат аз зарари он бетаъсир нахоҳад монд, ҷомеаи ҷаҳониро маҷбур кард, ки барои ояндаи худро бо дасти худ нобуд накардан андеша кунад. Лоиҳаи наҷот додани инсоният ва табиат аз зарарҳои иқтисодӣ, «Иқтисоди Сабз» ё ин ки бо лафзи лотинӣ «Green Economy» коркард карда баромад. Ин лоиҳа дар ибтидои асри нав (яъне ҳамагӣ ду даҳсола пештар) коркард карда шуд. Мазмуни мухтасари лоиҳа чунин аст:1. Пешгирии вайроншавии мувозинати табиат2. Ҳарчи камтар кардани зарари саноат ба табиат3. Сарфакорона истифода бурдани захираҳои иқтисодӣ 4. Ба роҳ мондани иқтисоди бехатар 5. Ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани захираҳои иқтисодӣ ва табиӣ Дар асоси талаботи ин лоиҳа бояд истихроҷ ва истифодаи захираҳои табиӣ- иқтисодӣ кам карда шуда рози алтернативии зиндагӣ коркард карда шавад.
Яке аз пешвоёни асосии Иқтисоди Сабз, ки бо пешниҳодҳои башардӯстонаи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо кардааст, ин Раисҷумҳури Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин барои мо боиси ифтихор аст, ки сухани Пешвои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нақшаҳои стратегии худ дар соҳаи об хеле хизмати бузург анҷом додаанд.
Бо пешниҳоди Раисҷумҳур мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Созмони Милали Муттаҳид чунин амалиётҳои стратегиро анҷом дод:1. Эълон гардидани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза»2. Даҳсолаи байналмилали амал «Об – барои ҳаёт, 2005 – 2015»3. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»
Лоиҳаҳои мазкур, яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст – масъалаи оби тоза!
Умуман иқтисоди сабз ва мафҳуми он ба ҳимояи муҳити зист ва рушди босуботи иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Наҷоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, мароми мост!
Донишҷӯи курси 3 – юми ихтисоси 25010403 – Андоз ва андозбандӣ, Факултети МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ
Шарипов Хушнуд