Дар шароити муосир Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаву манфиатбахш бо ҳамзабонони худ миллати тоҷик қадамҳои ҷиддӣ ва устувор бимонад. Махсусан, муносибатҳои муфид бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нишони арҷгузорӣ ба фарҳанги умумӣ ва арзишҳои ягонаи миллӣ аст. Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ба роҳ мондани муносибатҳои муфид бо кишварҳои ҳамсоя, инчунин бо давлатҳои ба мо ҳамзабону ҳамфарҳанг монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи принсипҳои бародарӣ робитаи судмандро роҳандозӣ кардааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи аввалин давлатҳои ба мо дӯст мебошад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта, соли 1992 муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Мо ба мардуми бародари Эрон дар тули таърих сарнавишти умумӣ доштем ва дар доираи давлатҳои ориёӣ ба сар бурдаем.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар тули солҳои Истиқлоли давлатӣ мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намоем. Махсусан, бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд. Дар робита ба ин Сарвари давлат иброз намуданд, ки “Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли гузаштаи мелодӣ дар муқоиса бо соли 2023 аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад”.
Аз музокироти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён бармеояд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд.
Дар баробари ин, алоқамандии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем. Татбиқи тарҳҳои Неругоҳи “Сангтуда-2”, нақби “Истиқлол” ва чанде аз лоиҳаҳои дигари хурду миёна аз дастовардҳои муҳимми ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Эрон мебошанд. Ин дастовардҳо, бешубҳа, ба таҳкими дӯстӣ ва рафоқат миёни ду кишвар ва ду миллат мусоидат мекунанд. Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард. Дар пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, дигар абзорҳои муштараки ҳамкорӣ, бахусус Шурои соҳибкорон ва Кумитаи муштараки сармоягузорӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар доир гардид. Дар доираи ҳамоиши мазкур ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як гувоҳи мавҷудияти имкониятҳои фарох барои ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳо мебошад. Дар робита ба ин бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об бо имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки яке аз ангезаҳои муҳимми сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин имкони пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ мутобиқ ба тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди “сабз” мебошад. Вобаста ба ин, зарфиятҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли энергияи “сабз” ба шумор мераванд, имконоти фаровонро пешниҳод мекунад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Айни замон ҳамагӣ панҷ дарсади ин зарфият мавриди истифода қарор гирифтааст ва 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад. Иқтидори бузурги энергияи “сабз”-и Тоҷикистон дар оянда метавонад на танҳо ба нафъи мо, балки дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон истифода мешавад.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки кишварҳои ҳавасманд метавонанд дар бахшҳои гуногуни саноат ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар ин радиф, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ, бофандагӣ, кимиё ва дорусозӣ, инчунин, истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз ҷумлаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки барои ҳамкории судманд бо сармоягузорони эронӣ дар рушди бахшҳои молиявӣ ва бонкдорӣ манфиатдор ҳастем. Соҳаи гардишгарӣ низ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ гардид. Ҷиҳати рушди инфрасохтори гардишгарӣ ва истифодаи иқтидори бузурги он, бахусус гардишгарии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ ду ҷониб ҳавасмандии хешро иброз доштанд. Ҷорӣ намудани низоми лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар дар муддати 30 рӯз заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ин соҳа фароҳам овардааст.
Дар воқеъ, имрӯз дар Тоҷикистон фазои муносиби иқтисодӣ барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст ва бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо барои ҳамкориҳои созанда ва роҳандозии тарҳу барномаҳои нав даъват менамоям. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳадафи умумии мо бояд таҳкими шарикии боэътимод ба хотири таъмини рифоҳу фардои шоистаи кишварҳо ва мардумонамон бошад, ки аз муштаракоти забонӣ ва таърихиву фарҳангӣ бархурдоранд.
Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло –н.и.и., дотсент,декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ