ДИЛОВАРОВ РАҲМАТШО ДИЛОВАРОВИЧ

(Таваллуд 01.07. 1939), дотсент

Факултети географияи ДДОТ ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ-  1966)-ро хатм намудааст. Номзади илмҳои география (1985), дотсент (1991). Дар факултети молиявию иқтисодии ДМТ аз соли 2006 то соли 2011 мудири кафедраи Географияи иқтисодӣ ва технологияи соҳаҳо кору фаъолият кардааст. Айни ҳол дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии ДМТ.

Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Руссия. Намояндаи мардумии ноҳияи Октябри (ҳозира-И.Сомонӣ) ш. Душанбе (1969-1973). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ташкилкунанда ва якӯмин декани факултети навтаъсисёфтаи географияи ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев (ҳоло ба номи С. Айнӣ) буда, дар чунин давраҳо вазифаи деканиро ба ӯҳда доштааст: (1975-1980),  (1996-2005), муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва алоқаҳои байналхалқии ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев (1991-1995). Барои хизматҳои шоён ба халқу Ватан соли 1970 бо медали «Меҳнати шуҷоъ» мукофотонида шудааст.

Фаъолияти омӯзгорӣ: курси лексияҳо аз фанни Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳифз ва истифодаи сарватҳои табиӣ ва туризм, Минтақаҳои туристию рекреатсионӣ, Туризми экологӣ.

Доираи корҳои илмӣ: проблемаҳои география, ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ ва рушди устувори минтақаҳои туристӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи зиёда аз 95 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар ҳаҷми 62,5 ҷузъи чопӣ мебошад.

Асарҳои асосӣ: География сельского хозяйства Вахшской долины. (учебное пособие) Душанбе 1991 -110 саҳ.1993-100 саҳ. Проблемы охраны и рациональное использование ресурсов верхнего течения  Амударьи-Душанбе 2002  30 стр. Истифодаи оқилонаи замин. Душанбе-1989.  Горы как объект изучения экономической географии. Душанбе-1994.