ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

196

Иқтисод яке аз соҳаҳои муҳимми давлат ба ҳисоб рафта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбад. Вобаста ба рушди ин соҳа ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар ин самт дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад. Пешвои миллат пайваста дар паёмҳои хеш дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ самти иқтисодиёти кишварро махсус натиҷагирӣ менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум ва боз ҳам рушд ёфтани соҳаи иқтисодиёт Пешвои миллат дар паёмҳои хеш Ҳукумати кишварро вазифадор менамоянд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Илова бар ин, Пешвои миллат зимни сафарҳои хеш ба мамолики дурру наздик масъалаи рушди ҳамкориҳои иқтисодиро низ мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии рушд барои барномаҳои миёнамӯҳлат, ки дар комёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола асоси воқеӣ маҳсуб мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян намуд ва барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои стратегӣ саъю талош меварзад.

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки рӯзи 16-майи соли 2023 баргузор гардид, як қатор санадҳо барои рушиди ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд, ки ҳаҷми сармояҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1,5 милёрд доларро ташкил додааст.

Инақ, дар доираи ҳамкории дуҷониба имрӯзҳо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба саҳифаи наве боз гардид.

Дирӯз баъд аз мулоқоту вохӯриҳои расмӣ дар ҳузури сарварони давлатҳо чанд санади нави ҳамкорӣ имзо шуд. Аз ҷумла:

– Ёддошти тафоҳум оид ба мубодилаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин;

– Номаҳои табодулӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар самти нерӯи таҷдидшавандаи чаҳорчӯби Ташаббуси ҷаҳонии рушд;-

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои тахассусӣ, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ;

-Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба маъданҳои нави энергетикӣ;

-Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо мақсади рушд ва мусоидат ба амалишавии Ташаббуси рушди ҷаҳонӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии рушди ҳамкорӣ байналмилалии Чин;

-Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии Чин оид ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба пешбурди лоиҳаҳои кумакҳои бебозгашт дар соҳаи инфрасохтор;

-Созишномаи байниидоравӣ оид ба рушди иқтисодӣ миёни Департаменти робитаҳои байналмилалии Комиссияи миллӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Ёддошти тафоҳум оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи нав миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Номаҳои табодулӣ оид ба гузаронидани тадқиқоти техникӣ — иқтисодӣ роҷеъ ба сохтмони гузаргоҳи бисёрсатҳа дар шаҳри Душанбе;

-Созишнома оид ба пешниҳод намудани кумаки бебозгашт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин.

-Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин CMG;

-Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ доир ба содироти хурмои тару тоза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Ёддошти тафоҳум дар самти карантини воридот ва содироти ҳайвонҳо ва гиёҳҳо байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ”;

-Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мусоидат ба сафарҳои гурӯҳии сайёҳони чинӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон;

-Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти тиҷорати электронӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва иттилооти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти миллии бехатарии корҳо дар соҳаи кӯҳкории назди Вазорати эътино оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории мутақобилаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и Тоҷикистон ва рӯзномаи “Жэнмин Жибао”-и Чин;

-Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Медиакорпоратсияи Чин CMG;

-Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва Медиакорпоратсияи Чин CMG;

-Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи далватии “Ҷаҳоннамо” ва Медиакорпоратсияи Чин CMG.

Лозим ба таъкид аст, ки яке аз рӯйдодҳои таърихии дигар ин мутобиқи “Қонуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии давлатӣ” барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонда шуданд.

Мукофоти олиро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин тақдим намуданд.

Акнун бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо бештар рушд ёфта, дастовардҳои назарра рӯйи кор меоянд ва иқтисодиёти миллӣ бештар рушд меёбад. Таъкид бояд намуд, ки дар чаҳорчӯби сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон санадҳое ба имзо расидаанд, ки ба рушди иқтисодиёти ду кишвар мусоидат менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Чин дар минтақа ва ҷаҳон бо иқтисодиёти бузурги худ тавонистааст, ки дар рушди саноат ва техникаву технологияҳои гуногун дар аксар кишварҳои ҳамҷавор мусоидат намояд. Аз ин рӯ, равобити минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистону Чин дар ҳоли рушд қарор дорад.

Манучеҳр Ҳусайнов,мудири кафедраи молия ва суғуртаи ДМТ