АФЗАЛИЯТҲОИ ТАЪМИНИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМ

267

Ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муаӣян намудани самтҳои асосии дурнамои рушди мамлакат, таҳлили ҳамаҷонибаи дастоварду пешравиҳо, норасоиву камудиҳо ва вазифагузориҳои навбатӣ мебошад. Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рақобатпазирӣ дар арсаи миллӣ ва баӣналмиллалӣ, ба саноатикунонӣ, гуногунсамтии рушд ва рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Масъалаҳои “таъмини рақобатпазирӣ”, “саноатикунонӣ” “ҳукумати электронӣ” ва “рақамикунонии иқтисодиёт” дар Паёми Пешвои миллат яке аз нуктаҳои асосиро ишғол мекунад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат санаи 28 декабри соли 2023 чунин қаӣд намуданд, ки «ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем».

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ин баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мебошад. Ба ақидаи мо барои татбиқи онҳо зарурияти таҳлилу тадқиқи масъалаи рақобатпазирӣ дар соҳаҳои воқеъии иқтисодиёти миллӣ – саноат, кишоварзӣ, низомҳои молиявию қарзӣ, бозорҳои мол, пул, берунӣ, меҳнатӣ ва инноватсионӣ хело зарур ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд. Тавре медонем, ба рақобатпазирии иқтисоди миллӣ таъсири таконҳои берунӣ хело зиёд аст, ки ба онҳо дохил мешаванд – ҳаракати сармоя, фоизи қарз, қобилияти харидории пул, вобастагии иқтисодиёт аз воридоти молу маҳсулот ва хизматрасонии берунӣ ва ғ. Ҳамзамон рақобатпазирии иқтисодиёт аз тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ ба монанди рушди рақамикунонии иқтисодиёт, рушди саноатии кишвар, сатҳи истеҳсолоти ватанӣ хело вобастагии қавӣ дорад.

Зимни Паём қаӣд гардид, ки соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, васеъгардонии фондҳои асосӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад. Дар ин росто такмили сиёсати саноатӣ дар шароити гузариши иктисодиёти Ҷумхурии Тодикистон яке аз вазифахои аввландирача ба хисоб рафта, дар самти танзими рақобатпазирии корхонахои саноатӣ ва натиҷахои молиявии онхо муҳим арзёбӣ карда мешавад. Дар ин маврид бояд қаӣд кард, ки сиёсати самараноки идоранамоии корхонахои саноатӣ яке аз омилҳое мебошад, ки ҳадафи саноатикунонии кишварро амалӣ мегардонад ва ба рақобатпазирии он заминаи мусоид фароҳам меорад.

Аз ҳамаи нуқтаҳои назар давлатҳои мутараққие, ки иқтисодиёти самаранокиаш баланд ва рақобатпазир доранд, ба озодии робитаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ манфиатдор мебошанд. Чӣ қадаре ки дарачаи кушода будани иқтисодиёти давлатҳо баланд бошад, ҳамон қадар дастрасии давлатҳои мутараққӣ ба захираҳо зиёд мешавад, ширкатҳои онҳо бошанд, бе мамониат ба бозорҳои кишварҳои дигар ворид мегарданд.

Рақобатпазирии иқтисодиёти кишварҳои ру ба тараққӣ ва давлатҳое, ки дар марҳилаи гузариш ба сохти иқтисоди бозорӣ ва дигаргунсозӣ бо тарзи усулҳои бозоргонӣ қарор доранд, камтар буда, ба ҳимояи давлат эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин, кишварҳои мутараққӣ саъӣу кушиш доранд, ки ба манфиати худ боҷҳои гумрукии содиротӣ ва воридотии молҳои мамлакатҳои ру ба тараққиро паст намоянд ва ҳатто, ҷонибдори минбаъд бекоркунии онҳо ҳастанд. Дар марҳилаи муосири рушди хочагии чаҳонӣ раванди танзимнамоӣ, яъне танзимнамии сатҳҳои рушди иқтисодии давлатҳои дунё сурат мегирад, ки дар натиҷаи он фарқи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ тадриҷан кам мешавад. Минбаъд ин тамоюл хеле таҳким меёбад, ки барои ташкили озоди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо ҳамаи давлатҳои дунё кам шудани дараҷаи боҷҳои воридотии гумрукӣ ё бекор кардани онҳо, дар оянда бошад, барои маҳдудкунии маъмурии усулҳои танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шароит фароҳам меорад.

Дар самти тамоюлҳои баъдисаноатии ҷаҳони муосир ва рақобати шадид баӣни давлатҳои дунё ва ҳадафи саноатикунонии босуръат низ, дар Паём қаӣд гардид, ки бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд. Таҳлили тагӣироти хочагии чаҳонӣ дар даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки раванди рушди иқтисодиёти миллӣ комилан номутаносиб аст. Баъзе давлатҳое, ки қаблан қафомонда буданд, дар натичаи рушди иқтисодӣ ба сатҳи давлатҳои аз чиҳати саноатӣ тараққикардаи дунё наздик мешаванд. Дигар кишварҳое, ки бо ҳар гуна сабабҳо дар ҳолати буҳронӣ қарор доранд, дар қатори давлатҳои қафомонда қарор мегиранд. Бинобар ин, дар ин кишварҳо, ки дар он ҷо дар давоми муддати тулонӣ раванди бемаӣлони коҳиши самаранокии истеҳсолот ва рақобатнокии иқтисодиёт сурат мегирад, зарурати объективии таҳким бахшидан ба ҳимояи истеҳсолоти ватанӣ паӣдо шуд. Баръакс, давлатҳои мутараққӣ самтгирии бемаӣлонро ба озодии минбаъдаи фаъолияти иқтисодии хоричӣ дар шароити буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ таъмин мекунанд, ки он метавонад ба иқтисодиёти ин кишварҳо зарари иловагӣ расонад.

Ин тамоюлҳоро Пешвои муаззами миллат дарк намуда, дар Паём зарурияти таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дар баробари масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимои ҳамчунин ба ногузирии татбиқи принсипҳои иқтисодиёти сабз ва табдил додани кишвари мо ба кишвари сабз ҳамчун ҷузъи амалинамоии ҳадафи саноатикунонии босуръат баррасӣ карда шуд. Дар ин самт қаӣд кардан зарур аст, ки иқтисоди анъанавӣ, тавре ки маълум аст, меҳнат, технология ва захираҳоро дар бар гирифта, кӯшиш менамояд, ки молҳои истеъмолоти ниҳоиро истеҳсол намояд. «Иқтисоди сабз» бошад, баръакс бояд партовҳоро ба сикл (доира)-и истеҳсолӣ баргардонда, таъсири манфии партовҳоро ба муҳити зист кам карда, сатҳи таваккалро барои муҳити зист ва таназзули низоми экологӣ ба дараҷаи даркорӣ паст намояд.

Мусаллам аст, ки иқтисоди сабз-ро дар баъзан ҳолатҳо ҳамчун мубориза ба тағӣирёбии иқлим ва самтҳои ояндаи баромадан аз буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ арзёбӣ менамоянд. Як нуктаро низ бояд қаӣд намуд, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба рушди “энергияи сабз” ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои азнавсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 млрд. сомонӣ равона карда шуда, низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду азнавсозӣ карда шуд.

Чи тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии имсола қаӣд намудаанд, дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 млрд. сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қаӣроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷ-мӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад. Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъди азнавсозӣ боз даҳсолаҳои дигар хизмат менамоянд.

Маҳз амалисозии тадбирҳо ва чорабиниҳои комплексӣ имкон дод, ки Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидро-энергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Масалан, соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё ин ки 28 % зиёд мебошад. Вобаста ба гуфтаҳои боло, амалинамоии рушди иқтисодиёти сабз метавонад дар таъмини рақобатпазирии иқтисодиёт мусоидат намояд.

Яке аз омилҳои асосие, ки барои суръатбахшии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонад, ин рушди технологияҳои рақамӣ мебошад. Рушд ёфтани технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон барои расидан ба ҳамаи Ҳадафҳои Рушди Устувор аҳамияти муҳим дорад. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои Тоҷикистон (на фақат барои мо, балки барои ҳамаи давлатҳо) аз бисёр ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд. Аз ҷумла, барои суръатбахшии рушди соҳибкории хурд ва миёна, баландбардории ҳосилнокии меҳнат, афзоиши рақобатнокӣ ва дар умум рушди иқтисоди миллӣ ба амал меояд. Ҳамин нуктаро низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ қаӣд намудаанд: «…дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад».

Дар солҳои охир равандҳои иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон низ ҷорӣ шуда истодааст. Таҳлилгарони ширкатҳои баӣналхалқии консалтингӣ дар асоси маълумотҳои омории давлат таӣи солҳои 2016-2017 изҳор медоранд, ки ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 0,56%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар замони муосир дар Тоҷикистон агар ҳар як панҷ нафари баъдӣ истифодабарандаи интернет бошад, пас, дар давлатҳои тараққикарда аз панҷ чор нафари он дастрасӣ ба интернетро дорад. Ин фақат як мисоли қафомонӣ аз технологияҳои рақамист. Дар дигар соҳаҳо бошад, аз қабили истифодабарии иттилооти рақамӣ ва технологияҳои мутараққӣ ин қафомонӣ низ мушоҳида мешавад. Дар ин робита дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид карда шуд, ки «Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд».

Барои бартарафсозии чунин мушкилот аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири соли 2019 Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ тасдиқ гардида, ҷиҳати омодасозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ» дар назди Ҳукумати мамлакат вазифаҳо гузошта шуд.

Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва паӣомадҳои тағӣирёбии иқлим истифодаи тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии иқтисодиёт, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи саноати кишвар, хусусан лоиҳаҳои хусусияти инноватсиониву навоваридошта, муҳиму саривақтӣ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки саноати ватанӣ неруи азими пешбаранда ва иқтидори калидии тараққиёти иқтисодӣ дар кишвар ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷоӣҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои рушди саноат эълон доштанд. Дар ин росто, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат табдирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси он барномаҳои гуногуни соҳавӣ қабул шуда, мавриди амал қарор доранд. Барномаву стратегияҳо ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нав, ташкили ҷоӣҳои нави корӣ, афзун намудани ҳаҷму сифати маҳсулоти ватанӣ, таъмини рақобатнокии он равона шуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина гузоштанд.

Махсусан, Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025 ба гузариши босуръати иқтисодисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, рақобатпазир гардидани он, беҳзистии сокинон ва рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиёт равона гашта, дар иҷрои он сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ саҳми асосӣ мегузоранд. Комёбиҳои назарраси се ҳадафи стратегии амалкунанда барои татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар заминаҳои зарурӣ гузоштанд. Дар натиҷа, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷоӣи корӣ фаъолият дошт, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин нишондиҳанда ба 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷоӣи корӣ расид. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 иброз доштанд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷоӣи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд. Вале ин нишондиҳандаҳо, бо назардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзояндаи ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошад. Ҳамчунин, нишондиҳандаҳои содироти мамлакат низ дар сатҳи паст арзёбӣ шуданд.

Ҳамзамон зимни Паёми навбати 28-уми декабри соли 2023 қаӣд гардид, ки бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷоӣҳои кории нав таъсис дода шаванд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ташаккул додани саноати миллии рушдёфтаву рақобатпазир ва дар асоси он ба сатҳу сифати нав баровардани иқтисоди миллӣ ва беҳзистии шаҳрвандон мебошад. Ин ҳадаф дар коҳиш додани вобастагии кишвар аз воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини соҳаҳои гуногун бо таҷҳизоти муосир, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ ва таъмини гуногунсамтии истеҳсоли ватанӣ нақши ҳалкунанда дорад. Зеро ҳамасола маҳсулоти таӣёри металлургияи сиёҳ ва ранга, нуриҳои минералӣ ва техникаи кишоварзӣ, маводи сӯзишвориву молиданӣ, автобусҳо ва автомобилҳо, техникаи маишӣ, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва ғаӣра дар ҳаҷми зиёд ба мамлакат ворид мешаванд. Бинобар ин, ба андешаи коршиносон, фаъолият дар ин самтҳо бояд тақвият бахшида шавад. Илова бар ин, андешидани тадбирҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, омода намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот ва тақвияти иқтидори технологии соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ мегарданд.

Тағӣироти ҷиддӣ дар вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир, ки бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID-19, низоъҳову таҳримҳои иқтисодӣ баӣни кишварҳо ва дар ин росто, тағӣирёбии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ рақобатро баӣни кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои ҷалби сармоя боз ҳам шиддатноктар гардонданд. Ин аст, ки дар Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020 – 2025 ба масъалаҳои таҳкими қонунгузорӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои сармоягузорон ва таъмини адолати судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гаштааст.

Дар доираи татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар то соли 2030 дар назар аст, ки ҳиссаи саноат дар ММД-и кишвар ба сатҳи 30 фоиз ва вазъи қиёсии соҳаҳои коркард дар сохтори саноат аз нишондиҳандаи ниҳоии сатҳи баӣналмилалӣ (70 фоиз) ба сатҳи 75,5 фоиз расонда мешавад.

Ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати саноатикунонии босуръат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки кишварамон мавқеи худро дар арзёбиҳои баӣналмилалӣ аз рӯи сатҳи саноатикунонӣ тағӣир дода, ба гурӯҳи кишварҳои дорои саноати рушдкунанда ворид гардида ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ таъмин карда шавад.

Дар маҷмуъ ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар сурати амалигардии ҳадафҳо ва дастурҳои зимни Паём гузошташуда аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, рақобатнокии иқтисодиёти миллиро зина ба зина ба даст овардан имконпазир гардида, кишвари мо аз нуқтаи назари афзоиши маҳсулотҳои афзалиятноку стратегии ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда ҷоӣгоҳи муносибро дар арсаи баӣналмиллалӣ паӣдо менамояд ва дар сатҳи рақобатҳои шадиди ҷахонӣ ва тамоюлҳои муосири баӣналмиллалӣ уствор мегардад.

Биноан моро зарур аст, ки дар сатҳи вазорату идораҳо ва минтақаву маҳалҳо, тадқиқоту таҳлилҳо гузаронида, роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳоро дарёфт намуда, барои расидан ба ин ормонҳои миллӣ дар рушди кишвари азизамон саҳмгўзор бошем.

Собирзода Нуралӣ Миралӣ – д.и.и., профессор, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ