Тавре ба ҳамагон маълум аст, санаи 28.12.2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки зимни он ба самтҳои рушди иқтисоди дохили хориҷии кишвар бахшида шуда, барои рушди иқтисоди миллӣ ва афзалиятҳои он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Аз ҷумл қайд гардид, ки соли 2023 барои Тоҷикистон соли бобарор гардида, ММД-и ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, самтҳои Стратегияи рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 батадриҷ амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, дар соли 2023 ба 46 млрд сомонӣ расонида шуд.
Соли 2023 қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардид. Ин аз рушди бомайлони иқтисоди миллӣ ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ шаҳодат медиҳад, ки аз сабабҳои боло рафтани музди меҳнат ва баланд рафтани некуаҳволии мардум шаҳодат медиҳад.
Тавре қайд гардид, зимни Паём, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд буда, даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расида, дар ин давра музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардидва қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли2023 зиёд гардида, нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.
(Нигаред ба ҷадвал)
Аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷадвал низ бармеояд, ки танҳо дар солҳои 2010-2022 муқоиса намоем тағиротҳои назаррасро дидан мумкин аст, аз ҷумла даромадҳои пулии аҳолӣ 718%, хароҷотҳои пулӣ ва пасандозҳо 675%, музди миёнаи кормандон 497%, ММД 468%, маҳсулоти саноатӣ 526%, маҳсулоти кишоварзӣ 377%, сармоягӯзориҳо 357%, ба кор андохтани фондҳои асосӣ 274%, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 306%, гардиши савдои хориҷӣ 190%, содирот 179%, воридот 194% зиёд гардидаанд, ки бевосита ба дастовардҳое, ки ҳамасола зимни Паём ироа ва иҷро мегарданд, вобастагии зич дорад.
Солҳои 2017-2023 суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД 1,5 баробар зиёд гардид. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин шавад. Сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбати дигар давлатҳои ҳамсоя нисбатан муътадил буда, барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот мусоидат намуд. Дар инҷо Пешвои муаззами миллат бештар ба рушди маҳсулотҳои ба содиротнигаронидашуда ва воридотивазкунанда такя намуда, замини мусоидро барои рушди иқтисоди воқеъӣ ва саноатикунонии босуръат гузошта истодааст.
Тавре зимни Паём таъкид гардид, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли2023 коҳиш дода шуда, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли2023 паст шуд. Вазифагӯзорӣ гардид, ки дар ҳафт соли минбаъда мақсад гузошта шуд, ки сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад. Ин барои баромадан ба сатҳи давлатҳои даромади миёни аҳолиашон дар сатҳи миёна имконияти мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардида, барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023 4 миллиард сомонӣ равона шуд. Ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона шудааст. Вазифагӯзорӣ гардид, ки ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, бо ин мақсад 61 млрд сомонӣ равона мешавад.
Вобаста ба афзоиш ёфтани маошу нафақа дар шароити ноҳамвори имрӯза, ки иқтисоди кишвари моро ҳам таҳти таъсир қарор додааст, зимни Паём қайд гардид, ки соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дигар иқдом ин лоиҳаи «Миллати солим» ба маблағи 630 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Аз ҳама муҳим ин ҷиҳатибоз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ваиҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд мешаванд; аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд мешаванд; аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёниҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд мешаванд; аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Дар самти ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон шуданд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамӣ дар муҳлатҳои наздиктарин амалӣ карда шавад. Вазифагӯзорӣ гардид, ки дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ намуда, ҳамгироии фаъолият дар ин самт таъмин шавад. Махсусан ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус коғазҳои қиматноки «сабз» ва бозори такрорӣ дастур дода шуд, ки тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамаи инҳо аз тамоюлҳои мавҷудаи бозориҷаҳонӣ баромада, барои ҳамқадами замон гардидани кишвар мусоидат менамоянд.
Дар самти дигар Пешвои миллат таъкид карданд, ки мо бояд зудтар ба кишвари саноатӣ табдил ёбем. Барои ба кишвари саноатӣ шудан мо бояд пеш аз ҳама соҳаои иқтисоди миллиро ба саноат наздик омода намоем, яеъне рушди низоми қарздиҳӣ, сармоягӯзории мусоид, заминаҳои рушди соҳаҳои саноатро гузорем. Дар ин замин, зимни Паём қайд гардид субъектҳои соҳибкорӣ дар7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардида, аз ҷониби соҳибкорони мамлакат беш аз2 ҳазор корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва461 пул бунёду навсозӣ шуданд. Аз ҷумла, дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супорида, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону навсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.
Дигар самти рушди иқтисоди миллӣ ин ҷалби сармоягӯзорӣ ба иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад, ки зимни Паём қайд гардид, дар ҳафт соли охир ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояихориҷӣ ворид гардидааст, ки 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар соҳаҳои мухталифи иқтисодивуиҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуд. 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба ММД 10 фоиз расонида шуда, вазифагӯзорӣ гардид, ки дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб шавад. Танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 1,5 баробар зиёд мебошад.
Ҳарчанд иқтисоди муосири Тоҷикистон хусусиятҳои давраи гузаришро пурра таҷассум мекунад, вале омилҳои беруна ва вазъи бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллии мо низ таъсир мегузорад, ки ба онҳо дохил мешаванд, сатҳи қобилияти харидории пул, рушди савдои хориҷӣ, вобастагии зиёд аз маҳсулотҳои ватанӣ, фоизи қарз, тавозуни пардохти мусбӣ ва ғайраҳо. Дар ин самт аз тавре, ки дар боло қайд кардем низоми молиявию қарзии кишвар бештар ба ин омилҳо вобастагии зиёд тар дорад, ки зимни Паём қайд гардид, ки дороии сохторҳои молиявӣ, қарзии ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил дод.
Пешниҳоди қарзҳо соли2023 аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод. Қарзҳоиба занони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд. Бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилоти қарзии ватанӣ 32 фоиз зиёд гардида, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид. Барои зиёд намудани қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи паст пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасонии бонкӣ дастур дода шуд.
Умуман дар Паёми навбатӣ вазифаҳои нав барои соли 2024, дар миёни ин ҳама масоили амниятиву иҷтимоӣ, ки пешорӯи ҷаҳон истодааст, гузошта шуда, иқдомҳои зеринро хело саривақтӣ меҳисобем – ҳарсол таъсиси зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кор, навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ва соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024. Дар натиҷа ин моро вазифадор мекунад, ки ҳар як нафар дар маҳаллу минтақаи худ, ташкилоту идораааш, барои ташаккули иқтисоди ба тамоюлҳои муосири бозори ҷаҳони мутобиқ гардидан аз болои худ фаъолият намуда, дастовардҳои назаррасро ба даст оранд.
Собирзода Нуралӣ Миралӣ – д.и.и., профессор, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ,
Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ