Қобили қайд аст, ки санаи 28.02.2023 аз ҷониби Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х., декани факултети молиявию иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р., роҳбари дастаи олимпӣ ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ, Зайниддинова Зулҳиҷҷа бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаи ДМТ қадрдонӣ гардиданд. Ёдовар мешавем, ки санаи 13 октябри соли 2022 донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ, Зайниддинова Зулҳиҷҷа бо роҳбарии профессор Иброҳимзода И.Р. дар олимпиадаи байналмиллалӣ оид ба Бехатарии молиявӣ дар шаҳри Сочии ФР иштирок намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буд.








