ҚАДАМИ УСТУВОРЕ ДАР ПЕШРАФТИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

304

(дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон)

«Бо назардошти он, ки Эрон неруи басандаи иқтисодии таъсиргузорӣ ба кишвархои минтақа дорад ва ин, ки Эрон метавонад яке аз шарикони асосии тичоратӣ ва иқтисодии Точикистон бошад, мо дар оянда низ бахри устуворӣ ва густариши минбаъдаи муносибатхо бо ин кишвари дусту бародар хамачониба кушиш хохем кард»

Эмомалӣ Раҳмон

Бояд қаӣд кард, ки Эрон аввалин кишваре буд, ки Истиқлолияти давлатии Точикистонро ба расмият шинохт ва намояндагии дипломатии хешро хануз мохи январи соли 1992 дар Душанбе ифтитоҳ бахшид. Мувофиқи маълумотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои дипломатӣ баӣни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18 июли 1995 ифтитоҳ гардид. Ин иқдом пеш аз хама ба умумияти забонӣ, маданӣ ва динӣ доштани ду халқи бародар вобастагӣ дорад. Дар ҳақиқат хамкорихои гуногунсохаи Точикистону Эронро хеле арзишманд арзёбӣ намудан зарур буда, рушду тавсеа ёфтани хамкорихо дар оянда низ ба манфиати хар ду чониб аст. Зеро барои Эрон мухим аст, ки як такягохи форсизабон дар минтақаи Осиёи Миёна, дошта бошад. Барои Точикистон низ хамкорӣ бо Эрон муфид аст, зеро кишвари мо ба сармоягузорихо, аз чумла дар тарҳҳои бузурги зербиноӣ, ниёз дорад.

Дар тӯли 32 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013 ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021, 2023 сафар намудаанд.

Дар хақиқат, Эрон аз назари сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Точикистон мавқеи хоса дорад. Ҳамкорихои иқтисодии Точикистону Эронро баррасӣ намуда, дидан мумкин аст, ки дар чанд соли охир баӣни ду кишвар беш аз 100 мувофиқатнома дар бораи хамкорӣ дар заминахои мухталиф ба имзо расидаанд. Тарҳҳои бузурге, аз чумлаи Неругохи барқи обии «Сангтуда-2» ва тунели Анзоб, ки то имруз аз чониби Эрон ичро шудаанд, нишонгари устувории равобити иқтисодии ду кишваранд.

Масоили хамкорихои Точикистону Эронро дар чорчубаи созмонхои минтақавӣ низ мавриди тахлил қарор дода, қаӣд кардан зарур аст, ки хамкорихои бисёрчанбаи ду кишвар ба ѓаӣр аз муносибатхои дутарафа, инчунин дар чорчубаи созмонхои минтақавӣ, аз чумла Созмони Хамкории Иқтисодӣ (СҲИ), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ-аз соли 2011 Созмони Ҳамкории Исломӣ-СҲИ), Созмони Ҳамкории Шанхаӣ (СҲШ) низ амалӣ мегардад. Ҷумхурии Тоҷикистон дар чорчуби Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар сохаи сузишворӣ ва энергетика бо Ҷумхурии исломии Эрон хамкории устувор дошта, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ бо шарики стратегии худ-ҶИЭ дар якчоягӣ амал мекунад.

Заминаи рушди муносибатҳо буд, ки рӯзи 8 январ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди шаҳри Теҳрон гардиданд. Худи ҳамин рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саӣид Иброҳим Раисӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла бо дарназардошти мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол баӣни Тоҷикистон ва Эрон, инчунин ба ҳадди то 500 миллион доллар расонидани ин нишондиҳанда, зимни гуфтушунид ба густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, нақлиёт, саноатҳои мошинсозӣ, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Баӣни ду кишвар ҳудуди зиёда аз 180 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи баӣниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 14 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.

Нигаред ба ҷадвали 1.

Аз таҳлили ҷадвал бармеояд, ки дар соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон 120 млн. 979,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин маблағ 82 млн. 50,3 ҳазор доллар содирот ва 38 млн. 928,9 ҳазор доллар воридот мебошад.

Дар инҷо содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон аз 82 млн. долл. ИМА содирот, содироти пахта 5,9 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, аз 38,9 млн. долл. воридот бошад аз ҶИЭ ба Тоҷикистон аз ҳисоби пластмаса ва маснуот аз он 6,7 млн. долл. ИМА, маснуоти керамикӣ 3,1 млн. долл. ИМА, собун, маводҳои сатҳи фаъоли органикӣ, воситаҳои шустушӯӣ, маводҳои молиданӣ, мумҳои сунъӣ ва табиӣ 1,6 млн. долл.

ИМА ва маснуот аз филизоти сиёҳ 1,9 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Аз таҳлилҳои боло маълум мегардад, ки имкониятҳои зиёди воридотиву содироти баӣни кишварҳои зикргардида мавҷуд буда, танҳо барои амалӣ гардонии онҳо васеъ ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Аз ҷумла, барои кишвари мо имрӯз зарур аст, ки тавассути ҶИЭ ба бандарҳои ҷаҳонӣ баромада, барои васеъ намудани сохтори содиротии кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шавад, бахусус дар самти ба бозори ҷаҳонӣ баровардани нахи пахта, маҳсулотҳои пахтагӣ ва маҳсулотҳои алюминӣ аз ин бандарҳо васеъ истифода кардан имконпазир аст тавассути роҳи оҳан.

Дигар ин, ки имрӯз ба маҳсулотҳои нефтӣ ба хусус бензин солярка, газ, ки хело талабот зиёд аст, метавонем тавассути воридот аз ин кишвар талаботи иқтисоди миллиро қонеъ гардонем. Ҳамзамон барои ворид намудани маҳсулотҳои доруворӣ ва сохтумони коргоҳҳои дорусозӣ аз таҷрибаи васеъи ҶИЭ истифода намуда саноати дорусозии кишварро рушд диҳем. Инчунин дар самти истифодаи таҷрибаи сохтумони неругоҳҳои обию барқӣ ва маҳсулотҳои саноати ҳарбӣ ҷалби мутахассисон, сармояи мустақим ва ѓаӣримустақим ба мох ело мусоид аст.

Дар навбати худ барои ҶИЭ низ хело мусоид аст, ки дар сохтумони коргоҳҳои истеҳсоли намак, баъзе маҳсулотҳои хусусияти ҳарбӣ дошта, сохтумони неругоҳҳои барқию обӣ, зиёд намудани истеҳсоли пахта ва маҳсулотҳои пахтагӣ саҳмгӯзорӣ намуда ба кишвари худ ворид намояд, ки барои ҳарду кишвар судманд мебошад.

Хамин тавр, сарфи назар аз мамоният ва мушкилоти мавчуда барқарор намудан ва густариш додани муносибатхои дучонибаи судманд бо кишвари дусту бародари Эрон аз афзалиятхои сиёсати минтақавии Ҷумхурии Точикистон буда, аӣни замон дар холи рушд ва тавсеа қарор дорад. Боварӣ дорем, ки баъди сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҶИЭ, ки аӣни замон дар онҷо қарор доранд, муносибатҳои иқтисодии ҶИЭ ва Тоҷикистон рушду нумуъ ёфта барои пешрафти иқтисоди ҳарду кишвари бародар заминаи мусоиде хоҳад гузошт.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – д.и.и., профессор, Ректори ДМТ,

Собирзода Нуралӣ Миралӣ – д.и.и., профессор, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ,

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ