Ҳадафҳои кафедраи “Кори бонкӣ”

Ҳадафи асосии кафедраи кори бонкӣ – тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар самти бонкдорӣ ба ҳисоб рафта, кафедра пайваста дар татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир кӯшиш ба харҷ менамояд. Кадрҳои омоданамудаи кафедра метавонанд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар фаъолият намоянд ва дар ин самт ба донишҷӯён устодони соҳибкасб дарс мегӯянд. Дар пояи кафедра маҳфилҳои илмӣ амал мекунанд, ки дар ташаккул ва сайқалдиҳии савияи дониши донишҷӯён нақши калидӣ доранд. Яке аз мақсадҳои муҳими кафедра ба роҳ мондани низоми босамари донишандӯзии донишҷӯён буда, дар ин замина устодони кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро анҷом медиҳанд. Метавон зикр намуд, ки имрӯз мутахассисони тайёрнамудаи кафедра дар ташаккул ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисоди миллӣ нақши босазои худро гузошта истодаанд.

Кафедраи кори бонкӣ – и факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  соли 1999 ҳамчун кафедраи мустақил бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил  шудааст.

Кафедраи кори бонкӣ яке аз кафедраҳои тахассусии Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимиро вобаста ба мушкилоти муосири бахши бонкии кишвар ба роҳ мондааст.

Мавзӯе, ки самти асосии илмӣ-тадқиқотиро инъикос менамояд ва аз рӯи нақшаи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқ шудааст «Таъмини суботи молиявии ташкилотҳои қарзӣ дар заминаи баландбардории устувории онҳо дар шароити саноатикунонӣ ва иқтисодиёти инноватсионӣ» ном дошта дар 10 самт устодони штатии кафедра фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро ба роҳ монда истодаанд.

Инчунин, яке аз қисмҳои муҳими фаъолияти кафедра ин иштироки фаъол дар корҳои тарбиявӣ – ташкилӣ ба ҳисоб рафта, устодон ва донишҷӯён дар тамоми чорабиниҳои сатҳҳои гуногун ширкат меварзанд.