РУШДИ НИЗОМИ МОЛИЯВИИ КИШВАР

747

Имрӯз (05.10.2021) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои такмили механизми молиявию қарзии рушди иқтисодиёти миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ доир гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири кафедраи молия ва суғурта, профессор Иброҳимзода И. оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки «Дар раванди давлатсозии Тоҷикистон бо ташаббуси созандаи Пешвои миллат ҷиҳати ташаккули низоми молияи давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шудааст, ки имрӯз дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим доранд».

Сипас сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. доир ба аҳамияти чорабинии мазкур суханронӣ намуда, қайд кард, ки «устодони факултети молиявию иқтисодӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва мӯътадил гардонидани он сармашқи кори худ қарор дода, барои низоми молиявии кишвар бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ҳалли муаммоҳои илмию молиявӣ саҳми хешро гузоранд».

Дар кори конференсия Ҳ.Умаров – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, С.Вазиров – муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беҳзод Ҷӯраев – муовини сардори шуъбаи сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон, Камолзода Илҳом- сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шермамад Ҷонмамадов – профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Баҳром Шарипов – ходими калони илмии Иниститути иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ, инчунин, устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки тули 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар самти такмили низоми молиявию қарзии кишвар ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ин 2 маротиба таҳия ва қабули Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ, 2 маротиба таҳия ва қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи молияи давлатӣ” ва 3 маротиба таҳия ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав мебошад, ки татбиқ намудани онҳо ба таъмин намудани суботи молиявии кишвар мусоидат менамояд.