Ҷаҳоншоҳ Саъдизо

Вазифа – ассистенти кафедра

Дараҷаи илмӣ

Унвони илмӣ

Тарҷумаи ҳол

     Ҷаҳоншоҳ Саъдизода 14 марти соли 1993 дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 2010 пас аз хатм мактаб ба факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2015 онро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Аз соли 2015 омӯзгори кафедраи идоракунии молияи давлатии (собиқ менеҷменти молиявӣ) факултети молиявию иқтисодии ДМТ мебошад. Солҳои 2016 – 2018 ба ҳайси ҷониши декани факултети молияивию иқтисодии ДМТ оид ба тарбия, солҳои 2018 – 2019 котиби техники Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-004-и назди ДМТ фаъолият намудааст. Аз соли 2015 инҷониб роҳбарии маҳфили илмии “Менеҷерони молиявӣ ва гумрукчиён”-и кафедраи идоракунии молияи давлатиро ба зима дорад. Дар мавзӯи “Мукаммалгардонии механизми ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳқиқоти илмӣ бурда истодааст. Айни ҳол ассистенти кафедраи идоракунии молияи давлатӣ мебошад.

Собиқаи корӣ: 6 сол.

Таваҷҷӯҳи илмӣ: сармоягузорӣ, сармоягузории хориҷӣ, иқлими сармоягузорӣ маблағгузорӣ, механизми молиявӣ, молия, буҷети давлатӣ, иқтисодиёти минтақа, соҳибкорӣ.

Рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии н.и.и. Мукаммалгардонии механизми ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фанҳои таълимӣ – сармоягузорӣ; молияи соҳибкорӣ; буҷет ва низоми буҷетӣ; бозори молиявӣ.

НАШРИЯҲОИ АСОСӢ

  1. Зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав \\ Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – 2017. – №2/10. С.91 – 95.
  2. Ҷанбаҳои назариявии сармоягузории хориҷӣ \\ Масоили муҳими такомул ва рушди аудити давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: маводи конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ (ш.Душанбе, 28-30-юми июни соли 2019). – Душанбе: Матбааи ДМТ, 2019, – С.324.
  3. Самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон \\ Роҳҳои таъмини устувории низоми бонкӣ дар шароити муосир: маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (ш.Душанбе, 31-уми майи соли 2019). – Душанбе: ДДМИТ, 2019, – С.65.
  4. Состояние экономики и деятельности кредитных организаций Таджикистана: ситуации, проблемы и развитие \\ Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – 2020. – №6. –С.31-36.
  5. Низоми хазинадорӣ \\ Воситаи таълимӣ. – Душанбе: Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2020. – 160 с.
  6. Буҷет ва низоми буҷетӣ \\ Воситаи таълимӣ.–Душанбе: Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2021.–350 с.
  7. Асосҳои назариявию амалии ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаи маориф \\ Вазъи муосир ва дурнамои рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (ш.Душанбе, 27-уми марти соли 2021). – Душанбе: Соҳибкор, 2021, – С.299.