Санаи (27.11.2024) дар толори калони шаҳраки донишҷӯён вохӯрии намояндаи КДАМ ва шуъбаи тарбияи ДМТ бо устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии ДМТ баргузор гардид.
Декани факултети молиявию иқтисодӣ дотсент Саъдуллозода С.С. зимни суханронии худ қайд намуданд, ки “терроризм ва экстремизм аз оғози қарни нав муборизаи фаъол ва кушодаи худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода, таҳдиди навро барои тамоми ҷаҳон ва дар алоҳидагӣ барои ҳар як давлати мустақил эълон дошт. Маҳз аз ҳамин давра сар карда ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки барои пешгирӣ, ва решакан намудани ин вабои аср муборизаҳои қатъии дастаҷамъонаи худро бояд оғоз намояд. Ба ин васила, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар қатори онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм чораҳои қатъии худро андешида истодаанд”.
Сипас, намояндаи КДАМ сухан намуда, зикр намуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон равона созанд.
Таъкид карда шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо терроризм ва экстремизм муборизаи фаъол ва кушодаро бурда истодааст. Дар ин давра бо вуҷуди муборизаҳои қатъӣ ва истифодаи қувва терроризм ва экстремизм натанҳо несту нобуд карда нашуд, балки он торафт мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд намуда, ҳудудҳои навро зери таъсири худ қарор дода истодааст. Сабаби чунин пешравии ин гурӯҳҳо: муборизаи нокофии дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бетарафии бархе аз давлатҳо, бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, истифодаи ин қувваҳо барои мақсадҳои сиёсӣ ва геополитикии бархе аз давлатҳо ба ҳисоб рафта, сабаби паҳн шудан ва то ба ташкил намудани давлати худ бо номи Давлати Исломӣ оварда расонид. Яъне бетарафӣ, нофаҳмиҳо байни давлатҳо сабаби дар дохили давлатҳои мустақил (Сурия, Ироқ,) пайдо шудани давлати нави террористию экстремистӣ гашт.
Дар охир ҳозирин баён доштанд, ки мақсад аз вохӯри имрӯза баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.