ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДМТ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

53

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо марказҳои илмию таълимии хориҷи кишвар табодули устодону кормандон ба роҳ монда шудааст. Дар робита ба ин, намояндагини Донишгоҳ, аз ҷумла декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳ, н.и.и., дотсент Саъдуллозода С.С. баҳри муаррифии ДМТ дар Форуми иқтисодӣ таҳти унвони “Форуми VII Осиёи Марказӣ оид ба тадқиқоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва Симпозиуми байналмилалӣ оид ба омӯзиши Осиёи Марказӣ дар доираи тадқиқоти минтақавӣ (VII Центрально-Азиатский форум экономических и социальных исследований и международный симпозиум по Центрально-Азитаским исследованиям ва рамках регионального страноведения), ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуда истодааст, иштирок дорад.