ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН

109

Баъди соҳибихтиёр гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун актори фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории судмандро пеш гирифт. Дар доираи сиёсати муваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо як қатор созмону ташкилотҳои минтақавӣ ва кишварҳои ҳамҷавору хориҷи дур муносибатҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намуд, ки он боиси баланд гардидани имиҷи сиёсии кишвар гардид. Дар доираи сиёсати «дарҳои боз» имкон фароҳам омад, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пасошуравӣ баъзе масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҳаллу фасл гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, ин ташаббусҳо имиҷи кишвари моро боз ҳам баланд бардошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ намудааст, ки то имрӯз натиҷаҳои мусбӣ ба бор овардааст. Ҳакморӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ин давраи начандон тӯлонӣ ба дараҷаи хеле баланд роҳандозӣ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 7-уми январи соли 1993 бо Ҷумҳурии Қазоқистон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият оғоз намуд.

Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе аз соли 1998 фаъолият дорад.

Аз ибтидо муносибати дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд роҳандозӣ гардида, то имрӯз дар ҳоли рушд қарор дорад. Ҷумҳурии Қазоқистон дар минтақа яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар самти иқтисод Қазоқистон барои кишвари мо яке аз шарикони муҳим мебошад. Дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон соли 1993 санади асосӣ «Аҳднома дар бораи заминаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расида буд. Минбаъд зимни ташрифҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ин кишвар солҳои 1995, 2006, 2008, 2023 як қатор санадҳои оид ба бахшҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

Ҷиҳати ҳалли самарабахши маъсалаҳои муҳим ва рушди минбаъадаи ҳамкориҳои дуҷониба – Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, Шурои Вазирони корҳои хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис дода шудааст.

Асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро зиёда аз 90 санад ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур фарогири самтҳои иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ мебошанд, ки рушди муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро таъмин менамоянд.

Ҳамчунин, муносибатҳои судманд ва ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангсозии ду ҷониб дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СААД ва СҲШ дар сурат гирифта истодааст. Дар меҳвари муносибатҳо самти иқдисод қарор дорад. Ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро асосан саноати сабук, металургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ба самти кишоварзӣ ташкил медиҳад. 12-13 сентябри соли 2007 аз ҷониби роҳбарони ҳарду кишвар масъалаи ташкили «Фонди сармоягузориҳои мустақими Тоҷикистону Қазоқистон» ба мувофиқа расид, ки ҳадаф аз он дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави ҳарду мамлакат ва хориҷ аз онҳо аст.

Раванди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Қазоқистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан судманд роҳандозӣ шуда, дар ин асос муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ таҳким меёбанд.

Ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар, бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон (№60 аз 27.04.2015) Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ё Комиссияи парламентии байнидавлатӣ бо Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шуд.

19-20 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон ва самтҳои ҳамкориҳои ду кишвар мубодилаи афкор намуданд. То имрӯз бо сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон зиёда аз 60 корхонаҳои муштарак фаъолият доранд. Асосан ҳамкориҳои дуҷониба самтҳои тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва илм, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зистро фаро мегиранд.

19-20 майи соли 2021 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба рушди ҳамкориҳои стратегии ду кишвари бародар такони нав бахшид.

Иқтидори ҳамкориҳои иқтисодии тарафайн хеле бузург мебошад. Дар ин радиф ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ мунтазам баргузор мешаванд.

Сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.8.2024) инъикосгари идомаи ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахши ду кишвар мебошад. Дар баробари сурат гирифтани муколамаи афкор миёни сарони давлатҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев шоми дӯстӣ баргузор гардид.

Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло – н.и.и., дотсент, декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ