ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ НИСБАТИ МОДАРОНУ БОНУВОН

255

(Бахшида ба рӯзи Модарону бонувон – 8 март)

Он ки нури дидаву тоҷи сар аст,

Модар асту модар асту модар аст.

Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар ҳақикат тавре шоир мефармояд:

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи дорад ин чамоъат аз дуои модар аст!

Ончи дар васфи биҳишт фармуд Қуръон карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои модар аст.

Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд.

Ин нуктаҳоро, Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, имрӯзҳо тавре, ки медонем дар тамоми вазорату ташкилотҳо аз ҳисоби занону бонувон ба кор ҷалб гардидаанд ва тавре зимни Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2023 қайд намуданд: «Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем». Дар ҳақиқат модарону бонувон ба таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ниёз дошта, аз ҳар як таваҷҷуҳ руҳу илҳоми тоза гирифта, дар тозагиву зебогии кошонаву манзил ва коргоҳ шукуфоии навбанавро эҳё намуда, барои пешрафти кору зиндагӣ, сарфаю сарриштакорӣ, танзими буҷети оила, тарбияи фарзандон дар руҳияи меҳнатдустӣ, садоқат ба ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёт заминаҳои мусоидро фароҳам меоранд.

Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат, зимни Паёми навбатиашон иброз намуданд, ки: «Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд». Тавре Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, бузургии модарон инчунин боз дар он зоҳир мегардад, ки саҳмашон дар танзими зиндагӣ, тарбияи фарзандон, рушди соҳибкориву ҳунармандӣ, пешрафти иқтисодиёти кишвар хело муассир маҳсуб меёбад.

Ҳамин аст, ки абармандони олам, шоҳон, шоирон ва олимони машҳури сайёра назди хидмати модар сари таъзим фуруд овардаанд. Бешубҳа, пайдост, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост. Байти зебои устод Лоиқ Шералӣ чароғи равшани олами гуфтори мост:

Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.

Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.

Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на Иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт. 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд.

Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди, истисморгарон ташкил карда буд. Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо супорида мешаванд.

Рӯзи 8-уми мартро бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санаи эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқй мондааст.

Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин: дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.

Ҳамаи Модарону бонувонро бо фарорасии 8 март – Рӯзи Модарон, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик ва таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, иқболи нек, умри дароз ва ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Бигзор дили Модарону бонувон ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон, поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад.

Аз забони Лоиқи бузург гуфтанием:

Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.

Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.

Эй ки дидори ҷаҳон дидаву бархурдорӣ,
Дон, ки дидори ҷаҳон лаззати дидори зан аст.

Рӯз аз хандаи ӯ равшанӣ гирад то шом,
Моҳи шаб шуълае аз дидаи бедори зан аст.

Осмонро набувад он ҳама рафъат, ки варост,
Гулу гулзори замин як гули рухсори зан аст.

Бипазад з-оташи ишқаш на ҳама ошиқи хом,
На ҳама марди харидор сазовори зан аст.

Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.

Дар ҳақиқат ҳар як ҷавонмард, имрӯз бояд тавре, ки Пешвои муаззами миллат фармуданд ба қадри модарону бонувон ва хоҳарон расида, ҳамарӯза ба онҳо бо таваҷҷуҳи хосса муносибат намуда, барои боз ҳам шукуфоии онҳо, ки ба мисли табиати гулҳои ҳамешасабз ҳастанд, камар бандад ва дунёи рангини онҳоро боз ҳам рангину зебо гардонида, барои муаттар гардонидани зиндагонии ҳар хонадони тоҷик саҳмгузор бошем, чунки чи қадаре, ки ба гулҳо шароити рушд фароҳам оварем, ҳамон қадар бо насиму буйи хушашон манзилу кошонаро хушбуву муаттар мегардонанд.

Модарону бонувони азизи мо, донишҷӯён-модарони оянда, шуморо самимона бо Рӯзи модарон табрик гуфта, мехоҳем ба ҳар як модар барои ғамхорӣ ва гармие, ки шумо ба ҷаҳони мо мерасонед, ташаккур гӯем. Бигзор зиндагии шумо ҳамеша ширин ва саломатиатон қавӣ бошад. Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон саодатмандиву сарбаландии ҳамешагӣ ва тансиҳативу комёбии доимиро таманно дорем.

ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ!!!

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ