ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ТАЪЛИМИИ ГУМРУКӢ ВА СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК

186

Соҳаи гумрук яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки вазифаҳои сиёсати гумрукии имрӯзаи ҳар як давлат дар дарёфт намудани роҳҳои бомуваффақияти инкишофи иқтисодӣ мебошад. Мақсад аз сиёсати иқтисодиро пеша намудани кишвар низ маҳз беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққӣ додани иқтисодиёти кишвар ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мебошад.

Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони ба талаботи муосири бозори гумрукӣ ҷавобгӯ вазифаи аввалиндараҷа ба шумор рафта, дар пешрафти соҳа мутахассисон нақши калидиро иҷро менамояд. Дар ин самт роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ пайваста тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ менамояд, то ин ки мутахассисони соҳибкасб ба воя расанд.

Имрӯз (20.01.2024) дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи кафедраи фаъолияти гумрукии факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ Лабораторияи таълимии фаъолияти гумрукӣ ифтитоҳ гардид.

Иқдоми мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти гумруки кишвар, ки ҳамасола рӯзи 22-уми январ ҷашн гирифта мешавад, роҳандозӣ гардид.

Дар маркази мазкур таҷҳизотҳои муоситартарини фаъолияти бевоситаи гумрукӣ, ташхисӣ ва коркардкунии молу маҳсулоти воридотӣ ва содиротӣ дар ҳаҷми бештар аз як миллион сомонӣ муҷҷаҳаз гардонида шуд, ки ин барои пайвастани назария бо амалия имкон фароҳам меорад. Дар баробари ин дар марказ корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, озмоишӣ, баргузории конфронсҳо ва вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, ба ин муносибат дар пояи факултети мазкур семинари илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодӣ ва ташаккули низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук бо иштироки кормандони соҳаи гумрук ва унвонҷӯёну муҳаққиқон баргузор гардид.

Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккулу пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи гумрук шароит ва имконияти мусоидро дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат фароҳам овард. Ҳарчанд фаъолияти мақомоти гумрук дар заминаи сохтори замони шуравӣ бунёд гардида бошад ҳам, он дар даврони Истиқлолият тадриҷан зинаҳои такмили заминаи қонунгузорӣ, ба фаъолият шуруъ намудани шабакаи ягонаи байналмилалӣ, бунёди сиёсати мустаҳками сарҳадоти гумрукӣ, ба роҳ мондани воситаҳои техникии назорати гумрукии боэътимод, ташкили назорати ба пояи меъёрҳои ҳуқуқиву иқтисодии асосноки гумрукӣ ва ғайраро тай намуда, дар айни замон ба яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳимми мамлакат табдил ёфтааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳназари Хуҷаназар доир ба мавзуи “Нақши мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодӣ”, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Эраҷ Ҷӯрабекзода оид ба мавзуи “Масъалаи пардохтҳои гумрукӣ дар раванди ғанигардонии даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Некрӯз Қодиров дар мавзӯи “Ташкили мақомоти Гумрук ва инкишофи қонунгузории гумрукӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва докторанти Ph.D-ии кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи миллӣ Масрури Қурбонализода оид ба мавзуи “Масоили таъсиррасонии омилҳои макро ва микроиқтисодӣ ба афзоиши қарзҳои ғайрифаъол дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон” марӯзаҳо намуданд.