Конститутсия

5128

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябри соли 1994 қабул карда шуда, дар мундариҷаи он аз ҷумла омадааст: “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Боби 1. Асосҳои сохтори конститутсионӣ (моддаҳои 1-13)

Боби 2. Ҳуқуқ, озодӣ,вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (моддаҳои 14-47)

Боби 3. Маҷлиси Олӣ (моддаҳои 48-63)

Боби 4. Президент (моддаҳои 64-72)

Боби 5. Ҳукумат (моддаҳои 73-75)

Боби 6. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ (моддаҳои 76-80)

Боби 7. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (моддаҳои 81-83)

Боби 8. Суд (моддаҳои 84-92)

Боби 9. Прокуратура (моддаҳои 93-97)

Боби 10. Тартиби тағйири Конститутсия (моддаҳои 98-100)