ЁРОВ ҶАМШЕД НУРУЛЛОЕВИЧ

(с.т. 13.06. 1975)

Факултети Географияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ (1997) ва факултети Баҳисобгирии иқтисодии ДДМТ (2007) –ро хатм намудааст. Дар факултети молиявию иқтисодии ДДМТ аз соли 2002 кор мекунад., Муовини декан оид ба илм (2005), муаллими калон (2007). Аз соли 2012  дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи туримзм, муовини декан оид ба таълими шӯъбаи ѓоибонаи факултети молиявию иқтисодӣ, дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ то инҷониб.

Фаъолияти омӯзгорӣ: курси лексия ва дарсҳои амалӣ аз фанҳои Географияи иқтисодию иҷтимоии ҶТ ва мамлакатҳои хориҷа, Географияи мамлакатҳои шарқ, Иқтисоди  ва Асосҳои туризм.

Доираи корҳои илмӣ: Масъалаҳои иқтисодии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи сарватҳои туристӣ ва рекреатсионӣ. Муаллифи зиёда аз 18 мақолаю фишурдаҳои илмӣ ва васоитҳои таълимию дастурҳои методӣ мебошад.

Асарҳои асосӣ: 1. Нақши туризм дар рушди иқтисоди миллӣ. 2. Комплекси рекреатсионӣ: масъалаҳои ташаккулёбӣ ва тараққиёт. 3. Ташкили комплекси рекреатсионӣ хамчун базаи асосии истироҳат ва туризм.