(Таваллуд 1972), дотсент
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети химияро (с. 1994) хатм намудааст. Номзади илмҳои кимиё (2000), дотсент (2008).
Дар факултети химияи ДМТ аз соли 1994 то соли 2007-ум баъдан аз соли 2008 то ҳол дар факултети молиявию иқтисодӣ дар кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ баҳайси дотсент кор мекунад. Ҳамчунин сармутахассиси Раёсати таълими ДМТ (2012-то 2013). Аз соли 2013 то 2018 сардори маркази тестӣ ва маниторинги сифати таълими ДМТ. Аз моҳи сентябри соли 2019 то инҷониб мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии ДМТ.
Фаъолияти омӯзгорӣ: курси лексия ва машғулиятҳои амалӣ аз фаннҳои Технологияи соҳаҳои истеҳсолот, Ташкил ва технологияи хизматрасониҳо дар муассисаҳои хӯроки умум, технологияи фаъолияти турагентӣ ва туроператорӣ, туризми барномавӣ, реклама дар сайёҳӣ. Муаллими калони кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёи ДМТ 1999-2000.
Дифои рисолаи номзади илми кимиё ДМТ (2000).
Мудири кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёи ДМТ (2003-2004).
Ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети химияи ДМТ (2005-2007).
Интиқол аз кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёи ДМТ ба кафедраи географияи иқтисодӣ ва технологияи соҳаҳои факултети молиявию иқтисодии ДМТ. (2007-2008).
Дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва технологияи соҳаҳои факултети молиявию иқтисодии ДМТ (ҳозир кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ).
Ҷонишини декан оид ба таълими факултети молиявию иқтисодии ДМТ (2009-2012).
Сармутахассиси Раёсати таълими ДМТ (2012-то 2013), ҳамчунин дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи туризми факултети молиявию иқтисодии ДМТ. Аз соли 2013 то 2017 сардори маркази тестӣ ва маниторинги сифати таълими ДМТ. Аз соли 2017 то 2018 сармутахассиси шуъбаи сифати таҳсилоти ДМТ. Аз моҳи январи соли 2019 то моҳи августи соли 2019 муовини аввали декани факултети молиявию иқтисодӣ ва аз моҳи сентябри ҳамин сол мудири кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳии ДМТ (ҳозир кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ).
Доираи корҳои илмӣ: Мавзӯи илмӣ «Синтез, хосият ва ҳосилаҳои алкоксихлорпропанолҳо». (2000). Муаллифи зиёда 90 мақолаю фишурдаҳои илмӣ ва васоитҳои таълимию дастурҳои методӣ мебошад, ки 16,8 ҷузъи чопиро ташкил мекунад.