соли таваллуд: 1978
миллат: тоҷик
Ибрагимов Тоҳирҷон Амуналиевич 28-уми июни соли 1978 дар ноҳияи Ҳисор дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1995 ба факултети молиявию баҳисобгирии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2000 факултети молиявию баҳисобгириро аз рӯи ихтисоси омор бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Ибрагимов Т.А. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: аз соли 2004 то соли 2013 ба ҳайси ассистенти кафедраи молия, аз соли 2008 то соли 2013 ба ҳайси муовини декан оид ба тарбияи факултети молиявию иқтисодӣ, аз соли 2013 то соли 2014 ба ҳайси сардори Шӯъбаи ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ҳоло Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат), аз соли 2014 то соли 2015 ба ҳайси ёрдамчии ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, аз соли 2016 то соли 2019 сардори Шӯъбаи тарбияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, аз соли 2019 то ҳол ба ҳайси ассистенти кафедраи андоз ва андозбандӣ, аз соли 2019 то ҳол ба ҳайси муовини декан оид ба тарбияи факултети молиявию иқтисодӣ.
Ибрагимов Т.А. барои хизматҳои шоиста ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф чандин маротиба бо ифтихорномаву сипосномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо «Ифтихорнома»-и садорати факултети молиявию иқтисодии ДМТ, «Ифтихорнома»–и Вазорати маориф ва илми Ҷ.Т. ва нишони сари синагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»
Оиладор. Соҳиби 3 фарзанд.