30-СОЛИ ПУРСАМАРАИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

5

Дар даврони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеши миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ як қатор институтҳои нав ташкил ва ба вуҷуд оварда шуд. Ташаккули сохтори бисёрҳизбӣ яке аз ниҳодҳои асосии ҷомеи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Маҳз чунин сохтор сарчашмаи ҳокимият будани халқро аз ҳама ҷиҳат таъмин менамояд. То кадом сатҳ дар амал татбиқ гардидани ормонҳои миллӣ ва бунёди чунин ҷомеа аз фаъолияти азҳоби сиёсӣ вобастагии калон дорад. Таҷрибаи аксар кишварҳои мутамаддин бори дигар собит месозад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди давлат ва зиндагии шоистаи шаҳравандони он аз фаъолияти самараноки ҳизбҳои сиёсии мавқеи махсусдошта миёни мардум бастагӣ дорад.

10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бояд гуфт, ки меъмори ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барномаи он пурра фарогир аз манфиатҳои миллӣ аст. Фаъолияти Ҳизби Халқии Деморкартии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Барнома ва Оинноимаи мушаххас ва фарогир аз манфиатҳои миллию давлатӣ ба таври самаранок созмон дода шуд. То имрӯз фаъолияти ҲХДТ исбот менамояд, ки мақоми он дар роҳи амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хеле назаррас ва барҷаста аст.

Таҳлили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон аз рӯзи ташкилшавӣ то имрӯз ба номи худ содиқ буда, ҳамеша бо халқ аст. Фаъолияти ҲХДТ дар асоси Барномаи мушаххаси худ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти азҳоби сиёсӣ дар кишвар ва Дастуру супоришҳои сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва баҳаморанда табдил ёфта, шумораи аъзоёни он аз ҳисоби нафарони донишманду ватандӯст ва бомасъулият зиёд гардида истодааст.

Ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва нигаҳдошту таҳкими Истиқлоли давлатӣ асоси фаъолияти ҲХДТ-ро ташкил медиҳад. Имрӯз дар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ячейкаҳои ҳизбӣ – ташкилоту кумитаҳои ибтидоӣ, кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ ба таври самаранок роҳандозӣ шудааст.

Шиори барномаи ҳизбро «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташкил медиҳад, ки барҳақ амалан тасдиқи худро ёфта истодааст.

Барномаи ҲХДТ сарчашма ва асоси тамоми муваффақиятҳоро аз ваҳдати миллӣ дониста, ҷомеаро ба ягонагӣ, сулҳу субот ва якдилӣ баҳри рушди устувори кишвар даъват менамояд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин ҳадафи барномавӣ Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳия ва ташкилоту кумитаҳои ибтидоӣ дар байни қишрҳои мухталифи минтақаҳои кишвар ҳамеша соатҳои сиёсӣ дар мавзӯҳои мубрами рӯз баргузор намуда, мардумро ба ягонагӣ ва меҳнати софдилона баҳри рушду инкишофи давлат даъват менамоянд. Фаъолияти самараноки кормандони ҳизб мебошад, ки рӯз то рӯз шумораи ячейкаҳои ҳизбӣ дар заминаи муассисаву корхонаҳо дар афзоиш аст. Ҳамчунин, бо мақсади боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои хуштарҳу замонавӣ барои Кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ сохта ба истифода дода шудаистодааст. Дигар аз ҳадафҳои муҳимми ҲХДТ, ки таҳкими Истиқлоли далватӣ аз он вобастагии зиёд дорад, нигаҳдошти сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ аст. Имрӯз аъзои фаъоли ҲХДТ дар доираи нақша чорабиниҳои кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ҳамеша доир ба аҳамияти сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар бо мардум вохӯриҳои судманд гузаронида, дар таҳкими суботи сиёсӣ нақши хешро гузоштаистодаанд. Пешрафти ҷомеа аз суботи сиёсӣ вобастагии зиёд дорад. Таҷрибаи кишварҳои ба моҷароҳои сиёсӣ гирифтор шуда бори дигар моро ҳушдор месозад, ки ҷиҳати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ боз ҳам талош намоему, дар баланд гардидани сатҳи ҳуввияти миллӣ ва худшиносии насли наврасу ҷавони кишвар саҳмгузор бошем. Вазъи минтақа ва ҷаҳон, ки пур аз таззоду бархӯрди манфиатҳои стратегӣ ва геосиёсӣ аст, бори дигар аз муҳимияти суботу оромӣ ва гиромидошти Истиқлолият хабар медиҳад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки созандагиву ободонӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар ҳадафи муҳими ҲХДТ маҳсуб ёфта, дар ин самт фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ба таври назаррас роҳандозӣ гардидааст. Имрӯзҳо бо мақсади амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, ки омили устувории Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, аз ҷониби Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ташаббусҳои бисёр саривақтӣ амалӣ шудаистодааст. Озодиҳои иқтисодӣ, аз қабили имкони мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият ва рақобати озоди онҳо, рушди иқтисоди бозорӣ ва соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳое, ки дахолати давлатро ба ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон, ба фаъолияти иқтисодии онҳо хеле коҳиш дода, заминаро барои рушди босубот фароҳам меоваранд. Мақсади ниҳоии мо бунёди ҷомеаи шаҳрвандиест, ки дар асоси худидоракунӣ ва иқдомҳои инфиродии шаҳрвандон пеш хоҳад рафт.

Ҳама ҳадафу мақсадҳои мушаххас, ки дар умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша гирифта, хостаҳои дили аксари мардуми кишварро ифода мекунанд, дар барномаи ҳизб ҷой гирифта, миёни аксари шаҳрвандон ҷонибдории дилгармона пайдо намуданд. Мақсаду маром ва ҳадафҳое, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеши худ қарор дода барои амалӣ гардонидани онҳо талош мекунад, бо дар назар доштани манфиатҳои кулли ҷомеаи кишвар, ҳамаи қишрҳои гуногунранги мардум ба миён омадаанд.

30-соли пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодати мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин муддат миллати тоҷик дар роҳи бунёди давлати мутамддин гомҳои устуворе гузошт. Имрӯз ҲХДТ ба макбати омода намудани кадрҳои барои миллату давлат содиқ табдил ёфта, саҳми худро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ гузоштаистодааст.

Саъдуллозода Сафарбек – н.и.и., дотсент, декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ