Ҳадафҳои кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ “

 Мудири кафедра:  Саидмуродова Малика Абдуваҳобовна

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Барои тамос:
 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудаки 17,
Тел.:
 (+992) 918–62–68–95
                                
Email: malika-63-63@mail.ru

Ҳадафи асосии кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ – тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар самти муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва идораи инвеститсияҳои хориҷӣ ба ҳисоб рафта, кафедра пайваста дар татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва бозори меҳнати муосири дохилию хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол муносибатҳои иқтисодии байналхалқиро мустақилона ба роҳ мондааст ва зарурати таъмин намудани соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ бо мутахассисони баландихтисос дар самти муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, бизнеси байналхалқӣ, сиёсати иқтисодии беруна, муносибатҳои асъориву қарзӣ ба миён омадааст ва кадрҳои омоданамудаи кафедра метавонанд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар фаъолият намоянд ва дар ин самт ба донишҷӯён устодони соҳибкасб дарс мегӯянд. Дар пояи кафедра маҳфилҳои илмӣ амал мекунанд, ки дар ташаккул ва сайқалдиҳии савияи дониши донишҷӯён нақши калидӣ доранд. Яке аз мақсадҳои муҳими кафедра ба роҳ мондани низоми босамари донишандӯзии донишҷӯён буда, дар ин замина устодони кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро анҷом дода истодаанд. Метавон зикр намуд, ки имрӯз мутахассисони тайёрнамудаи кафедра дар ташаккул ва рушди ҳамаҷонибаи на танҳо иқтисоди миллӣ, балки густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии миёни кишвари азизамон бо давлатҳои дигари ҷаҳон нақши босазои худро гузошта истодаанд.

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ – и факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  соли 1994 ҳамчун кафедраи мустақил бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ташкил  шудааст.

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ яке аз кафедраҳои тахассусии бонуфузи Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимиро вобаста ба мушкилоти муосири бахши муносибатҳои байналмилалии кишвар ба роҳ мондааст.

Мавзӯе, ки самти асосии илмӣ-тадқиқотиро инъикос менамояд ва аз рӯи нақшаи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқ шудааст «Механизми таъмини манфиатҳои берунииқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии иққисодӣ» ном дошта дар 15 самт устодони штатии кафедра фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро ба роҳ монда истодаанд.

Инчунин, яке аз қисмҳои муҳими фаъолияти кафедра ин иштироки фаъол дар корҳои тарбиявӣ – ташкилӣ ба ҳисоб рафта, устодон ва донишҷӯён дар тамоми чорабиниҳои сатҳҳои гуногун ширкат меварзанд.