Бо назардошти беҳтар намудани раванди таълимию методӣ, омода намудани кадрҳои лаёқатманд дар соҳаи бонкдорӣ, дар пояи кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодӣ, кафедраи кори бонкӣ бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳти №150-09 аз 24 июни соли 1999 ташкил карда шуд, ки зиёда аз 20 сол мешавад, фаъолият намуда истодааст.
Мақсади асосии ташкилдиҳии кафедра мутамарказонидани раванди таълим оиди ихтисоси фаъолияти бонкӣ бо назардошти нишондодҳои таълимию-методӣ ва талаботҳои амалии бозори молиявӣ, наздиксозии таъминоти донишҷӯён ба шароитҳои ташкилию идорасозӣ ва талаботҳои кор дар ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб меравад.
Кафедраи кори бонкӣ мутахассисони маълумоти олидорро барои ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ аз рўи ихтисоси 1-25010402 — «Фаъолияти бонкӣ» дар ду зинаи таҳсилоти олӣ дар шуъбаи рӯзона— бакалавр, магистр, дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ) – таҳсилоти фосилавӣ ва маълумоти олии дуюм омода менамояд.
Хатмкунандагони ихтисоси 1-25010402 — “Фаъолияти бонкӣ” дар ташкилотҳои қарзӣ аз ҷумла: Бонки миллии Тољикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои хурди амонатию қарзӣ, раёсатҳои молия, шубаҳои амалиёти асъорӣ-қарзӣ, идораҳои амалиёт бо коғазҳои қиматноки бонкҳои тиҷоратию давлатӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ кору фаъолият намуда метавонанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳайати кории бисёре аз ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро хатмкунандагони кафедра ташкил мекунанд.
Ба ҳайси аввалин мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ н.и.и., дотсент Ҳисайнов Содиқ Давлатович соли 1999 таъин карда шуда то моҳи июни соли 2002 дар ин вазифа фаъолият намуд.
Минбаъд дар солҳои гуногун фаъолияти кафедраро д.и.и., профессор Обидов Фозил Саидович (с.2002-2009), н.и.и., дотсент Бобоев Ш.Н. (с.2010-2015), д.и.и., профессор Бердиев Р.Б. (с.2015-2019) роҳбарӣ намудаанд. Аз моҳи марти соли 2019 роҳбарии кафедра ба зиммаи дотсент Сайфуров К.Ф. вогузошта шудааст.
Фаъолияти илмии кафедра аз оғози таъсисёбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, устодони кафедра ҷиҳати иҷроиши самтҳои муайяннамуда, корҳои илмӣ анҷом дода истодаанд.
Имрӯз кафедра дар самти таъмини суботи асъори миллӣ, кафолати рушди бемайлонӣ муассисаҳои қарзӣ ва масъалаҳои амалигардонии ҳадафҳои бартарафкунии буҳрони молиявӣ дар муассисаҳои бонкӣ фаъолияти илмӣ – амалӣ намуда истодааст.
Дар раванди фаъолияти кафедра устодони зиёд ба монанди профессор Умаров Ҳ., дотсентон: Ҳисайнов С.Д., Давлатов Ш.О., Шарифов Ҳ., Иброҳимзода И., Субҳонзода И. ба донишҷӯён дарс гуфтаанд.
Айни замон дар кафедра академики АМИТ Қаюмов Н.Қ., д.и.и., профессорон Обидов Ф.С., Ҳикматов У.С., н.и.и., дотсент Сайфуров К.Ф., н.и.и., м/к Худойназаров Д.А., н.и.и., м/к Ғаюров Ғ.Ҳ., н.и.и., м/к Файзуллоев М., м/к Имомназарова Т., ассистентон Майдаева М.С., Маҳмадов О.С., Одинаев С.П., ва дигар устодони соҳибтаҷрибаи соҳаи бонкдорӣ ба сифати ҳамкор фаъолият намуда истодаанд.