Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ
Соли 2007 бо сабаби васеъ гаштани доираи фаъолияти факултети молиявию иқтисодӣ, зиёд шудани шумораи донишҷӯён, миқдори соатҳои таълимӣ, зарурияти тайёр намудани мутахассисон аз рӯи самтҳои нави тараққиёти илми молиявӣ ва фаъолияти амалӣ, инчунин бо қабул кардани нуфузи нави менеҷменти молиявӣ дар доираи тайёр кардани кадрҳое, ки ба шартҳои нави иқтисодӣ бояд ҷавобгӯ бошанд, дар заминаи кафедраи молия ва қарз ду кафедраи нав, яъне кафедраи молия ва менеҷменти молиявӣ таъсис дода шуданд.
Аз соли 2020 номи кафедраи менеҷменти молиявӣ ба идоракунии молияи давлатӣ гузаронида шуд, дар заминаи кафедра ду ихтисоси нав: 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ», 1-25010409 – «Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук» таъсис ёфт.
Ҳоло дар кафедраи идоракунии молияи давлатӣ устодон ва кормандони зерин фаъолият доранд: н.и.и., дотсент Икромов Ф.Н., н.и.и., дотсент Давлатшоев О.Ҳ., н.и.и., дотсент Ҳикматов С.Ҳ., н.и.и, дотсент Давлатмуродов Ш.М., н.и.и, муаллими калон Турсунов И.Х., н.и.и, муаллими калон Тоҷибоева Ф.Э., муаллими калон Ҳакимов И.Б., муаллими калон Амонова Д.А., муаллими калон Саъдизода Ҷ., ассистент Маҳмадризоиён С, ассистент Юнусов А.Ю., лаборант – Лолахонов А.Э.
Айни ҳол, дар заминаи кафедраи идоракунии молияи давлатӣ аз рӯи ихтисосҳои менеҷменти молиявӣ ва молия ва назорат дар соҳаи гумрук мутахассисиони дараҷаи бакалавр, магистр ва доктор PhD аз рӯи ихтисос омода карда мешаванд.
То имрӯз, дар кафедраи идоракунии молияи давлатӣ 18 фанни таълимӣ, ки аз он 13 фанни ҳатмӣ ва 5 фанни интихобӣ мебошанд, мавриди амал қарор дода шудаанд. Фанҳои мазкур дар асоси барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ (силлабусхо) таълим дода мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барномаҳои таълимӣ дар асоси талаботи Стандарти давлатии таълимии самти 2501 “Иқтисодиёт ва идора” ихтисосҳои 1-25010410-«Менеҷменти молиявӣ» ва 1-25010409-«Молия ва назорат дар соҳаи гумрук», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2017 таҳти №18/135 тасдиқ карда шудааст, тартиб дода шудаанд.
Барномаҳои таълимии фании кафедраи идоракунии молияи давлатӣ «Асосҳои сиёсати молиявию қарзӣ», «Буҷет ва низоми буҷетӣ», «Инвеститсия», «Менеҷменти молиявӣ», «Қарзи давлатӣ», «Молияи корхонаҳо», «Буҷети давлатӣ ва иҷроиши хазинавии он», «Низоми хазинадорӣ», «Бозори молиявӣ», «Молияи соҳибкорӣ», «Фондҳои мақсадноки давлатӣ», «Ҳисоббарориҳои молиявӣ» бо қарори Шӯрои илмию методии ДМТ аз аз 21.12.2020, протоколи № 04ба чоп тавсия шудаанд. Дар асоси барномаҳои таълимӣ барномаҳои корӣ (силлабусҳо) дар маҷлиси кафедра ва Шӯрои илмию методии факултети молиявию иқтисодии ДМТ барои чоп тавсия шуда, мавриди амал қарор дода шудаанд.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Менеҷерони молиявӣ ва гумрукчиён” бо роҳбарии Саъдизода Ҷ. ва маҳфили илмии устодони соҳибтаҷриба, н.и.и., дотсентон Икромов Ф.Н., Ҳикматов С.Ҳ., Давлатшоев О.Ҳ. ва Давлатмуродов Ш.М. амал менамояд.
Донишҷӯёни зертобеъи кафедра ҳамчун анъана дар ҳамаи озмунҳои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда созовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ, айни замон, бо кафедраҳои тахассусии макотиби олии кишвар ва хориҷа ҳамкориҳои судмандро ба роҳ гузоштааст.