РУШДИ БОСУБОТИ ИННОВАТСИОНИВУ ИНДУСТРИАЛИИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

56

Имрӯз (01.10.2024) дар пояи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Танзими молиявии рушди босуботи инноватсиониву индустриалии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» доир гардид, ки дар кори он устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз як қатор кумитаву сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Декани факултети молиявию иқтисодӣ Сафарбек Саъдуллозода меҳмононро ҷиҳати ташрифашон ба факултет изҳори сипос намуда, афзуд, ки дар даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму техника зиёд гардида, рӯз то рӯз дар ин самт дастовардҳои назаррас рӯйи кор меоянд. Дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ, инчунин, техникаю технология дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Дар замони муосир илм ба омили муҳимми рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфта, мутахассисони баландихтисос ва аз илми замонавӣ огоҳ қувваи асосии истеҳсолкунанда ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина мақом ва ҷойгоҳи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳз аз неруи зеҳнӣ, дараҷаи рушди инноватсионӣ ва дастовардҳои назаррас дар самти илм ва технологияи муосир вобастагии амиқ дорад.

Зимнан директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, профессор Шариф Раҳимзода доир ба мавзуи “Самтҳои асосии баланд бардоштани маърифати молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ, академик д.и.и. профессор Ҷалил Пирзода оид ба “Самтҳои афзалиятноки рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, д.и.и., профессор, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода доир ба мавзуи “Экономический безопасность: внешные и винутреные угрозы”, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ оид ба “Танзими макропруденсиалии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Директори агентии бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдураҳмонзода доир ба “Воситаҳои маблағгузории устувор, барориши вомбаргҳои тематикӣ-вомбаргҳои сабз”, сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроб Муминзода дар мавзуи “Тартиби таҳияи дурнамои даромади буҷети давлатӣ” ва директори Ширкати суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунонии ”Сипитамен Иншуренс” Бузургҷамил Раҳмонов доир ба мавзуи “Роль страхования в экономике Республики Таджикистан” марӯзаҳо намуданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити муосир омӯзиши муфассали тамоми унсурҳои низоми молиявию қарзӣ, банақшагирии ҳамкории онҳо асоси ташкили ҳамкории ташкилӣ дар низоми молиявӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои асосӣ ин истифодаи самарабахши захираҳоест, ки дар ихтиёри субъектони иқтисодӣ мебошанд. Ташкили фаъолияти молиявӣ, сарфи назар аз сохти нақшаи идоракунӣ, вазъи ташкилию ҳуқуқӣ, инноватсиониву индустриалии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба принсипҳои умумии оддӣ асос ёфтааст.

Ҳамзамон, мудири кафедраи молия ва суғурта, дотсент Ҳусайнов М.Н. зикр намуд, ки факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рушду такомули низоми молиявию қарзии кишвар бо тайёр намудани кадрҳои мақомоти молия саҳми худро гузошта истодааст. Хусусан, дар тайёр кардани на танҳо кадрҳои соҳавӣ, балки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, пешниҳодҳо дар самти такмили низоми молия, қарз, андоз, суғурта низ, ки дар натиҷаи чунин конфронсу семинарҳо ва тадқиқотҳои илмӣ ба даст меоянд, саҳми арзишманд дорад.

Бояд гуфт, ки конференсия аз ҷониби мутахассисони дохилу хориҷи кишвар дар 5 бахш ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ наздик ба 60 маърӯза баррасӣ гардиданд.