Мудири кафедраи «Андоз ва андозбандӣ»

 

Гулов Шерали Махмадсаидович

Вазифа – мудири кафедра

Дараҷаи илмӣ – номзади илмҳои иқтисодӣ

Унвони илмӣ — дотсент

 

 

Тарҷумаи ҳол

Гулов Шералӣ Махмадсаидович 21 январи соли 1984 дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 2001 пас аз хатм мактаб ба факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ, аз моҳи сентябри соли 2006 то соли 2014 ба ҳайси ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2014 то моҳи апрели соли 2020 ба ҳайси муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи апрел то моҳи августи соли 2020 ба ҳайси дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз моҳи августи соли 2020 то ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Соли 2018 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Асосҳои назариявии инкишофи муносибатҳои моликияти зеҳнӣ дар шароити дигаргуншавӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии профессор Қодирзода Д.Б. ҳимоя намудааст.

Собиқаи корӣ 14 сол.

Таваҷҷӯҳи илмӣ: моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи муаллиф, молия, андозҳо ва андозбандӣ, сиёсати фискалӣ.

Рисолаи илмӣ барои унвони илмии н.и.и. Асосҳои назариявии инкишофи муносибатҳои моликияти зеҳнӣ дар шароити дигаргуншавӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Фанҳои таълимӣ – андоз ва андозбандӣ, сиёсати фискалӣ, назарияи иқтисодӣ

НАШРИЯҲОИ АСОСӢ

  1. Некоторые вопросы интеллектуальной собственности \\ Вестник Таджикского национального университета. — № 6/55. – Душанбе: Сино, — 2010.
  2. Международная охрана авторских прав \\ Материалы республиканской научно-практической конференции на тему «Экономические проблемы Таджикистана в условиях глобализации». –Душанбе, — 2
  3. Усулҳои мукаммалгардонии ҳамкориҳои илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ \\ Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. — № 2/7 (123). – Душанбе: Сино – 2013.
  4. Теоретические основы интеллектуальной собственности и их классификации \\ Вестник Таджикского национального университета. — №2/7 (123). – Душанбе: Сино,- 201
  5. Становление и развития интеллектуальное собственности в Республики Таджикистан \\ Вестник Таджикского национального университета. — №2/6 (144). – Душанбе: Сино, — 201
  6. Рынок интеллектуальных продуктов как фактор развития экономики \\ Материалы научно практической конференции на тему: «Перспективы развития финансовой системы Республики Таджикистан в условиях экономической интеграции». – Душанбе, — 2015.
  7. Защита прав интеллектуальной собственности в республике Таджикистан \\ Вестник Таджикского национального университета. — №2/1 (193). – Душанбе: — Сино, — 201
  8. Защита авторских прав как фактор развития производство \\ Материалы Научно практической конференции на тему: «Роль и значение инвестиции в развитии национальной экономики». – Куляб, — 2016.
  9. Проблемы развития рынка интеллектуальной собственности в Республики Таджикистан \\ Материалы научно практической конференции на тему: «Развитие экономики Таджикистана как фактор повышение благосостояния населения». Душанбе, — 2016.
  10. Хусусиятҳои инкишофи моликияти зеҳнӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ \\ Вестник Таджикского национального университета. — №2/10 (219). – Душанбе: Сино, — 2016.
  11. Основные приоритеты государственной политики в области интеллектуальной собственности \\ Материалы республиканской научно-практической конференции на тему «Налогово-бюджетное регулирование в экономике Республике Таджикистан» // Душанбе, 2019.
  12. Роль государства в развитии отношений интеллектуальной собственности в Республике Таджикистан \\ Вестник Таджикского национального университета. – №1. Душанбе: Сино, — 2020.
  13. Место Республики Таджикистан в международной патентной организации \\ Материалы международной научно-практической конференции «Использование современных методов управления в социально-экономическом развитии Республики Таджикистан»// Душанбе 26 ноября 2020 г.
  14. Масъалаҳои назариявии андоз ва баъзе муаммоҳои андозбандӣ дар шароити муосир \\ Маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба “Такмили муносибатҳои молиявӣ-қарзӣ дар рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” // Душанбе, 7-уми декабри 2020.