Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ
Мудири кафедра: Икромов Фазлиддин Нуриддинович
— номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Барои тамос: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудаки 17,
Тел.: (+992) 981-07-67-67
E-mail: fazliddin-91-91@mail.ru
Ҳадафи асосии кафедра – омода намудани иқтисодчиёни соҳаи молия ва гумрук барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, ташкили захираи кадрҳои дорандаи дониши амиқи касбӣ, одоби муошират ва салоҳияти иҷтимоӣ, қобилияти зуд ва самаранок қабулкунии қарорҳо вобаста ба масъалаҳои соҳаи молия ва гумрук бо назардошти ташаккул ва рушди иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2020 номи кафедраи менеҷменти молиявӣ ба идоракунии молияи давлатӣ гузаронида шуд.
Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ яке аз кафедраҳои тахассусии Донишгоҳ маҳсуб ёфта, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимиро вобаста ба проблемаҳои муосири соҳаи молия ва гумрук дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд
Кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи муосири бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро омода намояд. Имрӯзҳо хатмкардагони ихтисосҳои зертобеи кафедра дар бахшҳои гуногуни иқтисод ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар кору фаъолияти устувор дошта, бо кафедра робитаи зич доранд.
Барои омодасозии мутахассисон устодони кафедра дар раванди дарсҳо аз усулҳо ва воситаҳои муосири таълим истифода менамоянд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра
РАВИЯИ КОРИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА: «Такмили механизми идоракунии молияи давлатӣ дар шароити рушди инноватсиониву саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ПРОБЛЕМАИ КОРИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА: «Механизми идоракунии молияи давлатӣ дар раванди рушди босуботи инноватсиониву саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
РОҲБАРИ ИЛМӢ: н.и.и., дотсент Икромов Фазлиддин Нуриддинович.
МАВЗӮҲОИ КОРИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ УСТОДОНИ КАФЕДРА:
НОМУ НАСАБИ ОМӮЗГОРОН |
МАВЗӮИ ТАДҚИҚОТ |
Икромов Ф.Н., н.и.и., дотсент |
Танзими макропруденсиалии суботи молиявии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ҳикматов С.Ҳ., н.и.и., дотсент |
Такмили механизми идоракунии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Давлатшоев О.Ҳ., н.и.и., дотсент |
Нақши молияи давлатӣ дар танзими рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Бобоев Ф.Ҷ., н.и.и., муаллими калон |
Баландбардории самаранокии механизмҳои идоракунии қарзи давлатӣ дар электроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Давлатмуродов Ш.М., н.и.и., муаллими калон |
Масъалаҳои танзими молия-вии рушди иқтисодӣ-иҷти-моии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Турсунов И.Х., н.и.и, ассистент |
Механизми молиявӣ-иқтисоди ташакулёбии минтақаи озоди иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии тараққиёти ояндадории он |
Ҳакимов И.Б., ассистент |
Механизми молиявии батанзимдароии давлатии иқтисодиёт ва такмили он |
Ҷаҳоншоҳ С., ассистент |
Мукаммалгардонии механизми ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Маҳмадризоиён С. Ҳ., ассистент |
Такмили механизмҳои таъмини устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ |
Ҳусейнов И.Ҳ., ассистент |
Асосҳои назариявию методологии фаъолгардонии равандҳои сармоягузорӣ дар минтақа |
Амонова А.Д., ассистент |
Роҳҳои мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |