Икромӣ Фазлиддин Нуриддин

Муовини декан оид ба таълими факултети молиявию иқтисодии ДМТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Ному насаб: Икромӣ Фазлиддин Нуриддин

Аз апрели соли 2024 дар вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд: 16/07/1991 

Ҷои таваллуд: н. Восеъ

Миллат: Тоҷик                                  

Маълумот: олӣ 

Соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: Дараҷаи илмӣ: молия ва қарз номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Кадом забони хориҷиро медонад: Вакили халқӣ ҳаст ё не: русӣ, англисӣ не
Бо кадом мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст:  Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2021), Ифтихорномаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023), Ифтихорномаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2020) Нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2023), Нишони сарисинагии «Таҳқиқотчии фаъол»-и озмуни корҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ дар давлатҳои ИДМ (2024) ва ғ.
Вазъияти оилавӣ:  Сафар ба кишварҳои хориҷӣ: Ҳизбият Оиладор соҳиби 4 фарзанд Не Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА:

Солҳои 2009-2014 Донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015 Мутахассис, мутахассиси пешбари Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017 Аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2018-2020 Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи молияи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз моњи  августи соли 2020 то  моњи  апрели соли 2024 Мудири кафедраи идоракунии молияи давлатї, кафедраи фаъолияти гумрукии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз моњи апрели соли 2024 то њол Муовини декан оид ба таълими факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

СОБИҚАИ ҲИЗБӢ 

аз соли 2010 то инҷониб АъзоиҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон

КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

аз 25.08.2022 то 28.11.2022 Донишкадаи  такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Курс: бахши иќтисодї. Диплом №2516.
аз 29.11.2022 то 09.12.2022 Донишгоҳи таҳқиқоти миллии ядроии шаҳри Москваи Федератсияи Россия Курс: Бехатарии молиявї. Диплом ПК №075517.
аз 22.10.2020 то 26.11.2020 Донишкадаи  такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Курс: бахши педагогика-психология (ѓайритахассусї). Диплом №091.

САМТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

Икромї Фазлиддин Нуриддин муаллифи беш аз 70 асарҳои илмию методӣ ва таълимӣ, аз ҷумла 1 китоби дарсї, 7 васоити таълимӣ, 2 монография, 60 мақолаҳои илмӣ дар ҳаҷми зиёда аз 110,2 ҷузъи чопӣ мебошад.

Таҳқиқоти илмӣ оид ба масоили молиявї, буљетї, ќарзї, бонкї, бозори коѓазњои иќтманок, сармоягузорї ва ѓ. мебошад.

Дар раванди фаъолияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ такмили ихтисосро аз рӯи соҳаи бехатарии молиявӣ (бахши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, навоварӣ, методология ва омӯзиши усулҳои муосир) дар Донишгоҳи таҳқиқоти миллии ядроии шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз рӯи чор самт (бо таври маҷозӣ) фаъолона иштирок намуда, соҳиби шаҳодатнома гардид. Инчунин, дар самтҳои педагогика-психологика (ғайритахассусӣ) ва иқтисодиёт дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, соҳиби диплом гардидааст.

Дар таърихи 19-уми июни соли 2023 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДДТ №0566, аз 19.06.2023) бо шаҳодатномаи унвонии илмии дотсентӣ сарфароз гардонида шуд.