
Имрӯз (23.09.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Масоили мубрами рушди соҳаи туризм дар шароити муосир» баргузор гардид. Ҳамоиш бо намоиши гӯшаҳои сайёҳӣ, маводҳои иттилоотӣ, харитаҳо, буклетҳо ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ оро дода шуда, дар он муҳаққиқону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии сардори раёсати илми Донишгоҳ Шоимардонов С. оғоз гардида, дар он аҳаммияти стратегӣ доштани соҳаи сайёҳӣ барои рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон таъкид шуд. Гуфта шуд, ки ҳамин муҳиммияти омӯзиш ва рушди соҳаи сайёҳӣ аст, ки ҳамасола дар ҷаҳон 27-уми сентябр ҳамҷун Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҷашн гирифта мешавад.

Зикр карда шуд, ки туризм дар шароити муосир ба яке аз соҳаҳои муҳимми стратегӣ табдил ёфта, на танҳо барои ғанӣ гардондани буҷети давлат, балки барои муаррифии арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии кишвар нақши муассир дорад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз муассисаҳои илмии пешбари кишвар, рушди илмии соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок мешуморад. Конференсияи имрӯза заминаест барои бознигарии дурнамои соҳа ва пешниҳод намудани роҳҳои нави амалия мусоидат менамояд.
Мавзуъҳои “Омӯзиши таҷрибаи байналмилалии рушди туризм ва имконияти татбиқи он дар Тоҷикистон”, “Масъалаҳои назариявии рушди туризм дар Тоҷикистон дар шароити муосир”, “Тоҷикистон: захираҳои туристӣ ва рекреатсионӣ, мафҳумҳо ва таснифоти онҳо”, “Ҳудуди транзитӣ ё дестинатсияи сайёҳӣ: масъалаи табдилёбии минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба каласстетрҳои сайёҳӣ” аз ҷумлаи маърӯзаҳо буданд, ки дар нишаст баррасӣ шуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити муосир, ки туризм ба яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, Тоҷикистон низ ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва фарҳангии худ, ҷалби сармоягузорӣ, афзун намудани сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди инфрасохтор чораҳои муассир меандешад.