Мудири кафедра: Ҳусайнов Манучеҳр Нуриддинович, номзади илмҳҳои иқтисодӣ, дотсент
Барои тамос: 734025, ш. Душанбе, кӯчаи Буни Хисорак, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, “Шаҳраки донишҷӯён”, бинои 8
Тел.: (+992) 935-12-13-18
E-mail: manu-nuri@mail.ru
Ҳадафи асосии кафедра – омода намудани иқтисодчиёни соҳаи молия ва суғурта барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ – Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягӯзорӣ ва идораи амволи давлатиии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муасссиаҳои молиявию қарзӣ ва ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ, ташкили захираи кадрҳои дорандаи дониши амиқи касбӣ, одоби муошират ва салоҳияти иҷтимоӣ, қобилияти зуд ва самаранок қабулкунии қарорҳо вобаста ба масъалаҳои соҳаи молия ва суғурта бо назардошти ташаккул ва рушди иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Кафедраи молия ва суғурта (собиқ кафедраи молия ва қарз) – и факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1965 ҳамчун кафедраи мустақил аз ҳайати кафедраи иқтисодиёти савдо ва молия људо гардида, соли 2020 дар асоси Қарори Шурои олимони ДМТ ва бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи собиқ кафедраи молияи ДМТ ташкил шудааст.
Кафедраи молия ва суғурта яке аз кафедраҳои тахассусии Донишгоҳ маҳсуб ёфта, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимиро вобаста ба проблемаҳои муосири соҳаи молия ва суғурта дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Мавзӯи асосии кори илмӣ-тадқиқотие, ки аз рӯи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шудааст «Танзими молиявии рушди босуботи инноватсиониву индустриалии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ном дошта дар 16 самт устодони штатии кафедра фаъолияти илмї-тадқиқотиро пеш бурда истодаанд.
Кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи муосири бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро омода намояд. Имрӯзҳо хатмкардагони ихтисосҳои зертобеи кафедра дар бахшҳои гуногуни иқтисод ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар кору фаъолияти устувор дошта, бо кафедра робитаи зич доранд.
Барои омодасозии мутахассисон устодони кафедра дар раванди дарсҳо аз усулҳо ва воситаҳои муосири таълим истифода менамоянд. Дар назди кафедра барои пешбурди равандаи таълим ва пайвасти таълим бо амалия лабораторияи молия ва суғурта бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки донишҷуён метавонанд аз барномаҳои муосири низомимолия, суғурта,бонкҳо ва дигар мақомотҳои давлативу ташкилотҳои тиҷоратӣ бархурдор гарданд.
Дар самти чорабиниҳои тарбиявӣ низ устодони кафедра бо донишҷӯён фаъол буда, дар тамоми чорабиниҳои донишгоҳӣ фаъолона ширкат меварзанд.