Ҳадафҳои кафедраи “Географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ”

3

Мудири кафедра: Зокиров Абдулносир Меликович – номзади илмҳои химия, дотсент
Барои тамос: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудаки 17,
Тел.: (+992) 905999492
E-mail: Zokirov72-91@mail.ru

Ҳадафи асосии кафедра – омода намудани мутахассисони соҳибкасби миллӣ мебошад. Зикр намудан ҷоиз аст, ки соҳкаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ буда, ташкил, ташаккул ва пешрафти соҳа ба мутахассисони миллӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, аз давраи ташкилёбӣ то ҳоло кафедра дар омода намудани ихтисосмандони риштаи сайёҳӣ пайваста фаъолият менамояд.

Яке аз фанҳои муҳими тадрисшавандаи кафедра, фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он ва географияи иқтисодии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ мебошад, ки дар раванди омӯзиши онҳо бештар ба проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ ба монанди:- нигоҳдории сулҳ, бӯҳрони экологӣ, масъалаҳои демографӣ, таъмини аҳолии ҷаҳон бо маводҳои хӯрокворӣ, сарватҳои табиӣ; таъмин будани давлатҳо бо сарватҳои маъданӣ, энергетикӣ-сeзишворӣ, фонди замин, проблемаҳои иrтисодию-иxтимоии давлатҳои суст тараққиёфтаи ҷаҳон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Инчунин кафедра барои тайёр намудани мутахассисони баланд ихтисос дар соҳаи сайёҳӣ ҷидду ҷаҳд намуда истодааст. Инчунин гуфтан ба маврид аст, ки ташкили захираи кадрҳои дорандаи дониши амиқи касбӣ, одоби муошират ва салоҳияти иҷтимоӣ, қобилияти зуд ва самаранок қабулкунии қарорҳо вобаста ба масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ бо назардошти ташаккул ва рушди иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз таърихи 15.07.2010 таҳти № 257-09 оид ба таъсиси кафедраи тахассусии “Иқтисод ва идораи туризм”ва баъдан аз 25-уми сентябри соли 2019№244-09 ба  номи кафедра “Географияи иқтисоди ва сайёҳӣ”номгузори карда шуд.

Кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ яке аз кафедраҳои тахассусии Донишгоҳ маҳсуб ёфта, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимиро вобаста ба проблемаҳои муосири соҳаи сайёҳи дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи муосири бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро омода намояд. Имрӯзҳо хатмкардагони ихтисосҳои зертобеи кафедра дар бахшҳои гуногуни иқтисод ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар кору фаъолияти устувор дошта, бо кафедра робитаи зич доранд.

Барои омодасозии мутахассисон устодони кафедра дар раванди дарсҳо аз усулҳо ва воситаҳои муосири таълим истифода менамоянд.

 Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра

РАВИЯИ КОРИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ  КАФЕДРА: «Равандҳои омӯзиш, истифодаи шароит ва сарватҳои табии, барои рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ, ташкили ҳудудии туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ПРОБЛЕМАИ КОРИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА: « »

РОҲБАРИ ИЛМӢ: н.и.х., дотсент, Зокиров Абдулносир Меликович.

МАВЗӮҲОИ КОРИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ УСТОДОНИ КАФЕДРА:

НОМУ НАСАБИ

ОМӮЗГОРОН

 

МАВЗӮИ ТАДҚИҚОТ

Зокиров А.М. н.и.х., дотсент

 

Ташкил ва технологияи хизматрасониҳо дар соҳаи туризм

Умаров Ҳ.У., д.и.и. профессор

Рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мамлакатҳои минтақаи Авруосиё.

 

Диловаров Р.Д.,

н.и.г., дотсент

Ташкили ҳудудии истеҳсолот ва рушди устувори соҳаҳои он дар шароити ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёров Ҷ.Н., н.и.и., дотсент

Ташакулёбӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон дар шароити муосир

Ѓафуров А.Т.,

н.и.и., дотсент

Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар контексти инноватсионӣ: стратегия, моҳият, самтҳои рушд, соҳаҳои афзалиятнок ва дурнамои он

Сайфуллоев Н.Н.,

н.и.и., дотсент

Ташаккули фишангҳои рушди комплексӣ сайёҳӣ-рекреатсионии минтақаҳои Ҳисор

 

Солиҳов Қ.Ҳ., муал.калон

Ташкилёбии рушди сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қурбонов Ш.Я., н.и.и.,  муал.калон

Идора ва танзими давлатии рушди сайёҳӣ дар шароити муосир (дар мисоли ҶТ)

Зайниддинов У.М.,

ассистент

Мукаммалгардонии низоми идораи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон