Кафедраи географияи иктисодӣ ва сайёҳии Донишгоҳи миллии Тоxикистон, моҳи сентябри соли 1980 бо номи кафедраи географияи иқтисодӣ ташкил шудааст. То ин давра фанни географияи иқтисодӣ ба кафедраи банақшагирии хоxагии қишлоқ тааллуқ дошт.
Аввалин поягузорони ин кафедра устодон Xeраев Алишер Ҷўраевич н.и.и. дотсент, Сангинов Карим Сангинович н.и.г. дотсент, якўмин хатмкардаи факултети география ва табиатшиносии Донишкадаи Давлатии Омeзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, Нурназаров М.Н. н.и.и., сипас д.и.г., профессор., Кабутов М.К., д.и.и., профессор., Воронина Р.А., муаллимаи калон буданд. Солҳои 1981-1985 {айати омeзгорони кафедра аз {исоби омeзгорони xавон Ғафуров А.Т., ассистент, Насирдинов И.М., Ҳасанова А.А., ва дигар ҳамкорон д.и.г., Муҳаббатов Х.М., н.и.и., Абдуллоев З.А., н.и.и., Гадоев Н.Г., м.к., Раҳимов М.Р., н.и.г., Муҳаммадиев Р.Р., мукаммалтар гардонида шуд. Дар ин солҳо соатҳои таълимӣ низ аз фанни географияи иқтисодӣ ва иxтимоӣ аз ҳисоби корҳои курсӣ ва санҷишӣ зиёд карда шуданд.
Кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳӣ мувофиқӣ фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз таърихи 15.07.2010 таҳти № 257-09 оид ба таъсиси кафедраи тахассусии “Иқтисод ва идораи туризм”дар ҳайати факултети молиявию иқтисодӣ дар пояи кафедраи географияи иқтисодӣ ва технологияи соҳаҳо таъсис дода шудааст, ки сарварии онро н.и.к., дотсент Зокиров Абдулносир Меликович ба уҳда дорад.
Дар кафедраи «Географияи қтисодӣ ва сайёҳӣ» 15 нафар устодони штатӣ, аз инҳо: як доктори илм Умаров Ҳ.У., ҳафт нафар номзадони илм Диловаров Р.Д., Абдуллоев А.А., Ғафуров А.Т., Сайфуллоев Н.Н., Ёров Ҷ.Н., Зокиров А.М., ду нафар муаллими калон, 1-нафар н.и.и., Қурбонов Ш.Я., Солиҳов Қ.Ҳ. ва 6 нафар ассистентон Юнусов Т.А., Зайниддинов У.М., Азимов Б.Б., Ризоев С.А., Руштов Б.И., ва Зокирова Қ.А., инчунин 4-нафар устодони ҳамкор 3-нафар номзади илм Боҳирова Х.., Саидова Ҳ., Шодибеки Сафар,ва ассистент Холов С., ва устодони соатбайъ 1-нафар д.и.ҳ., Сангинов Д.,1-нафар номзади илм Файзуллоев М., кор ва фаъолият мекунанд.
Аз ин лиҳоз миқдори умумии устодони унвондор дар кафедра 56%-ро ташкил медиҳад.
Дар кафедра дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва семинарӣ аз рўи курсҳои, иқтисоди сайёҳӣ, менеҷмент ва маркетинги сайёҳӣ, георафияи сайёҳӣ, сайёҳии байналмилалӣ, инноватсия дар сайёҳӣ, асосҳои сайёҳӣ, минтақаҳои сайёҳӣ-рекреатсионӣ, технологияи омода намудани туроператорон ва турагентҳо, тиҷорати тарабхона ва меҳмонхонаҳо, реклама дар сайёҳӣ, географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он, географияи иқтисодӣ – иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ курсҳои махсус ва ғайраҳо мувофиқи талаботи рўз, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Дарсҳои лексионӣ аз ҷониби, дотсентон, яъне аз ҷониби устодони унвондор хонда мешаванд.
Ҷараёни таълим мувофиқи нақшаи таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ва мувофиқи ҷадвали дарсҳо, ки аз тарафи раёсати Донишгоҳ қабул шудааст ба роҳ монда шуда буданд.
Аз соли 2010 то соли 2019 теъдони донишҷўёни хатмкардаи ихтисоси сайёҳӣ 92 нафарро ташкил медиҳанд, ки айни ҳол дар соҳаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият менамоянд. Айни ҳол дар ихтисоси сайёҳӣ теъдоди донишҷўён аз курси 1 то курси 4 ҳамагӣ 92 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи хатмкунандагони соли таҳсили 2020-2021 27 нафар мебошанд.
Мувофиқи нақшаи таълим донишҷўён дар ҷараёни таълим таҷрибаомўзии таълимӣ (соли 2–юми хониш), истеҳсолӣ (соли 3-юми хониш) ва таҷрибаомўзии пешаздипломӣ банақша гирифта шудааст. Фармонҳо сари вақт омода шуда истодаанд. Ҳамаи донишҷўён бо барномаҳои таҷрибаомўзии таълимӣ, барномаҳои таҷрибаомўзии истеҳсолӣ, рўзномаи таҷрибаомўзӣ, роҳхат ба муассисаи таҷрибаомўзӣ таъмин карда шуданд. Пойгоҳи асосии таҷрибаомўзии донишҷўён асосан Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъззан дар ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ҳамасола дар рузи сайёҳии байналмилалӣ (27 сентябр) дар кафедра намоиши сайёҳӣ ва мизи муддавар бо иштироки мутахассисони соҳа ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ гузаронида мешавад. Дар он муҳокимаи муаммоҳои рушди сайёҳӣ байни устодон, олимон ва донишҷўён баргузор мегардад. Дар натиҷаи он пешниҳодҳои мушахасси устодон, мутахассисон, олимон ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод мегарданд.
Кафедра бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои олии ҶТ ба монанди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии Омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ва ғайраҳо ҳамкориҳои судманд доранд.
Масоили асосии кори илмӣ-таҳқиқотие, ки аз рўи нақшаи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2025 тасдиқ карда шудааст «Равандҳои омўзиш , истифодаи шароит ва сарватҳои табии, барои рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ, ташкили ҳудудии туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсуб меёбад.
Оид ба корҳои анҷомёфта бахшида ба «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018,) кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии ДМТ бахшида ба «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 27-уми сентябри соли 2019 мизи гирд дар мавзўи «Нақши минтақаҳои махсусҳифзшавандаи табиӣ дар рушди сайёҳии экологӣ» ва 23- сентябри соли 2021 мизи гирди ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуўи “Тоҷикистон дар арсаи сайёҳии байналмиллалӣ”баргузор гардид. Ҳамзамон бахшида ба рўзи сайёҳии байналмилалӣ намоиши маҳсулотҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар ин чорабини мазкур намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ширкат намуданд. Ҳамчунин тариқи шабакаҳои телевизионии “Сафина, Ҷаҳоннамо, Душанбе, Пойтахт” рафти баргузории намоиши маҳсулотҳои сайёҳӣ ва ҳўнарҳои мардумӣ ба навор гирифта шуд. Дар чорабиниии мазкур паҳлўҳои гуногуни проблемаҳои рушди сайёҳӣ баррасӣ ва таҳлил гардиданд. Ҳисобот дар шакли пешниҳоду мулоҳиза ба раёсати илми донишгоҳ манзур гардидааст.