Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ (собиқ кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ) моҳи марти соли 1994 дар доираи факултети молиявию иқтисодии ДДМТ, ҳамчун кафедраи тахассусӣ барои ихтисоси 25010300-иқтисодиёти ҷаҳон таъсис дода шуд.
Таъсиси чунин кафедра барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошт. Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол муносибатҳои иқтисодии байналхалқиро мустақилона ба роҳ монд. Зарурати таъмин намудани соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисос дар самти муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, бизнеси байналхалқӣ, сиёсати иқтисодии беруна, муносибатҳои асъориву қарзӣ ва ғайра ба миён омад.
Соли 1994 мудири кафедра н.и.и., дотсент М.Н.Худоиев таъин гардид. Бо сабаби он ки н.и.и., дотсент М.Н.Худоиев вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ интихоб гардид. Аз моҳи сентябри соли 2000-ум кафедраро н.и.и., дотсент Б.У.Шукуров роҳбарӣ намуд. Бо сабаби ба вазифаи проректори ДДМТ таъин шудани Б.У.Шукуров аз феврали соли 2006 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудир н.и.и. А.А.Солиев таъин гардид ва аз феврали 2007 мудири ҳамин кафедра интихоб шуд. Аз сабаби декани факултети иқтисоду идора таъин гардидани А.А.Солиев, н.и.и., дотсент М.А.Саидмуродова аз июли соли 2010 мудири ҳамин кафедра интихоб шуда, соли 2017 аз нав ба ин вазифа интихоб гардида то ба имруз фаъолият намуда истодааст. Дар кафедра айни ҳол 16 нафар устодони штатӣ фаъолият мекунанд, ки 10 нафарашон унвони илмӣ доранд: н.и.и., дотсент М.А.Саидмуродова (мудири кафедра), н.и.и., дотсентон М.Н.Худоиев, Р.М.Мирбобоев, Б.У.Шукуров, А.А.Солеҳзода (Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ), и.в.дотсент, н.и.и., Ф.А.Қодиров (декани факултети муштараки Белоруссия ва ДМТ), и.в. дотсентон, н.и.и., Имомёрбеков Ф.М., ва Содиқзода Парвиз., муаллимони калон н.и.и. М.Р.Тағоев., н.и.и., А.В.Гулмамадов, ассистентон Қ.Т.Саидов (муовини декан)., Д.С.Азимова, К.И.Қурбоналиев., Ф.Ф.Обидов., М.Ҷ.Кишваров., С.А.Назаров ва Ф.А. Ризоев ва коргузор Боева Дилноза.
Ба сифати ҳамкор ба кафедра устодон ва мутахассисони зерин мунтазам ҷалб карда мешаванд: аъзо- кор. АИ ҶТ., д.и.и., профессор Л.Ҳ.Саидмуродов (сарходими илмии институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ)., н.и.и., дотсенти Академияи идоракунии назди Президенти ҶТ А.Қ.Аламшоев., Абдураҳмонзода А. муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ; Д.Шарифӣ сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ.
Дар кафедра устодон аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ дар таҳия ва тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, ҷорӣ намудани курсҳо ва семинарҳои махсус барои ихтисоси 25010300-иқтисодиёти ҷаҳон саҳми арзанда гузоштанд. Соли 2002-юм кафедра фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисон аз рўйи ихтисоси 25010717-иқтисодиёти туризми байналхалқӣ равона намуд, ки то соли 2010-ум ин ихтисосро 130 нафар хатм намуданд. Соли 2010 қабули донишҷўён аз рўи ихтисоси нав 25010304-идораи инвеститсияҳои хориҷӣ дар назди кафедра ба роҳ монда шуд, ки мақсад тайёр кардани мутахассисони баландихтисос оиди истифодаи самараноки инвеститсияҳои байналмилалӣ дар иқтисодиёти ҶТ аст.
Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои бонуфузи ДМТ ба ҳисоб меравад, ки мутахассисони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тайёр намуда истодааст. Хатмкунандагони кафедра аз рўи ихтисоси худ дар вазорату муассисаҳои давлатӣ, бонкҳои гуногуни мамлакат, корхонаву ширкатҳо, созмонҳои иқтисодии байналхалқӣ ва ғайраҳо кору фаъолият мебаранд.
Аз аввали таъсисёбии кафедра самти тадқиқоти илмӣ ва таълимии кафедра барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳои махсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ, ки барои сохти гузариши иқтисодиёти Тоҷикистон хос мебошанд, равона шуда буд. Барномаҳои таълимӣ ва корӣ (силлабусҳо) ҳамасола таҷдиди назар гардида, илова ба онҳо барномаҳои насли нав барои зинаи магистратура ва доктор(PhD) аз руи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ тайёр карда шудааст. Аз соли 2015 дар назди кафедра зинаи таҳсилоти доктори фалсафа, доктор (PhD) аз руи ихтисос сурат гирифт, ки айни ҳол се нафар ин зинаро хатм намуда, панҷ нафари дигар таҳсил карда истодаанд. Хатмкунандагони зинаи доктор (PhD) Дилшод Шарифӣ ва Саъдуллозода Насрулло диссертатсияҳои худро дар ШД 6D. КОА- 004 дар назди ДМТ бомуваффақият ҳимоя карданд. Аз соли 2010 дар пояи кафедра қабули аспирантон ба роҳ монда шуда буд, ки то ба имрўз 20 нафар хатм намуда, 4 нафар дар шўъбаи рўзона ва 3 нафар дар шўъбаи ғоибона таҳсил карда истодаанд. Аз соли 2011 дар назди кафедра магистратураи дохилӣ ва шабакавӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Дустии Халқҳои Россия (РУДН) ва Донишгоҳи давлатии Новосибирски Федератсияи Россия амал мекунад, ки онро 10 нафар хатм карданд ва ҳоло 4 нафар таҳсилро идома дода истодаанд. Дар магистратураи дохилӣ бошад 63- нафар дар курсҳои якум ва дуюм таҳсил доранд. Шумораи унвонҷўён дар кафедра 11 нафар аст..
Корҳои илмию таҳқиқотӣ ва методию тарбиявӣ
Устодони кафедра дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва монографияҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ кушиш ба харҷ дода истодаанд: «Иқтисодиёти байналхалқӣ: назария, таърих, сиёсат» аз тарафи д.и.и. Л.Ҳ.Саидмуродов., «Бизнеси байналхалқӣ: назария, амалия, одоб» аз тарафи Л.Ҳ.Саидмуродов, Р.М.Мирбобоев, А.А.Солиев, «Макроиқтисоди кушод ва инвеститсияҳои мустақими хориҷӣ» д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. ва н.и.и. А.А.Солиев дар ҳаммуаллифӣ бо профессори Донишгоҳи байналмиллалии Сузука (Ҷопон), бо забони тоҷикӣ ва англисӣ, «Республика Таджикистан на пути к открытой экономике: очерки институционального анализа» Л.Ҳ.Саидмуродов, Р.М.Мирбобоев, А.А.Солиев, китоби илмӣ бо забони русӣ «Бюджетный сектор» аз тарафи н.и.и. дотсент Худоиев М.Н., «Малая открытая экономика РТ» дар таҳияи Қодиров Ф.А., «Регионы Республики Таджикистан: теория и методология оценки» профессор Саидмуродов Л.Ҳ, н.и.и., дотсент Мирбобоев Р.М., «Стратегии привлечения прямых иностранных инвестиций” монография аз тарафи Мирбобоев Р.М., “Масъалаҳои ҷалби шаклҳои минтақавии сармоягузориҳои хориҷӣ” аз тарафи Қодирзода Ф.А., ва «Малая открытая экономика РТ: вопросы привлечения региональных форм иностранного инвестирования» аз тарафи Қодирзода Ф.А., Монография “Институциональное развитие производственного предпринимательства в условиях открытой экономики” аз тарафи н.и.и., дотсент Солеҳзода А.А., ва н.и.и., и.в. дотсент Имомёрбеков Ф.М; монография аз тарафи н.и.и., дотсент Саидмуродова М.А., ва н.и.и., муаллими калон Гулмамадов А.В., бо номи “Государственное регулирование внешнеэкономического комплекса: новые реалии и парадигмы развития для Республики Таджикистан”, монография аз тарафи ни.и., муаллими калони кафедра Содиқзода П. дар мавзуи: «Внешеэкономические интересы Таджикистана в современном мировом хозяйстве»нашр гардиданд.
Самти асосии кори илмӣ-тадқиқотиро дар кафедра инкишофи ҳамкориҳои иқтисодии байналхалқӣ ва таъмини ҳадафҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Дар корҳои илмию тадқиқотӣ ҳамаи устодони кафедра ҷалб карда шудаанд. Дар доираи ин самт масъалаҳои гуногуни бо Тоҷикистон алоқаманд, ба мисли: масъалаи истифодаи самараноки иқтидори содиротӣ; мукаммалгардонии робитаҳои иқтисодии берунӣ; иштироки мамлакат дар раванди интегратсионӣ; имкониятҳои инвеститсионии иқтисодиёти кушоди хурд; ҳамкории мамлакат бо институтҳои молиявии байналхалқӣ; омилҳои берунаи инкишофи иқтисодӣ; масоили рушди инсонӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат; инкишофи туризми байналхалқӣ ва ғайра зери омўзиш ва таҳлил қарор дода шудаанд.
Устодони кафедра мунтазам дар конфронсҳову семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ доир ба самтҳои гуногуни иқтисодӣ ва усулҳои нави таълим иштирок намуда, баромад мекунанд.
Кафедра бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ва Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи Миллии Илмҳо ҳамкории илмӣ-таълимӣ менамояд, ки дар асоси созишномаи дутарафа амал мекунад. Устодони кафедра дар доираи Барномаи Ҳамкории Академӣ (Acagemic Fellowship Program)-и Институти Ҷомеаи Кушод (OSI – HESP AFP) иштироки бевосита доштанд. Устодони кафедра мунтазам бо кафедраҳои ҳамравияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкорӣ менамояд, ки чунин ҳамкорӣ ба такмили самтҳои асосии проблемаҳои илмии кафедра, таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълим мусоидат мекунанд.
Ҷамъияти илмии донишҷўён «Олами иқтисодчиён» ва маҳфили инфиродии дотсентон
Дар назди кафедра ҷамъияти илмии донишҷўён бо номи «Олами иқтисодчиён» ва маҳфили инфиродии дотсентони кафедра Худоиев М.Н., ва Саидмуродова М.А. бо номи “Сиёсати берунииқтисодии ҶТ” амал мекунад. Аъзоёни он 40 нафар донишҷўёни курсҳои гуногуни кафедра буда, аз ҷумлаи онҳо 25 нафарашон аъзоёни дастаи олимпии кафедра ба шумор мераванд. Бояд қайд кард, ки аз ҷониби аъзоёни маҳфил истифодаи хуби воситаҳои электронӣ, ташкили мусоҳибаҳо, викторинаву озмунҳо ба роҳ монда шудааст. Бисёри донишҷўён маърўзаҳои худро бо таври презентатсия ба ҳозирин пешниҳод карда, намунаи беҳтарини онҳо дар кафедра гузошта шудаст.
Иштироки фаъолонаи устодони кафедра ҳамчун коршиносони иқтисодӣ дар телевизион, радио ва матбуоти даврии ҷумҳурӣ назаррас аст
Фанҳои ихтисосӣ:
- Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (барои донишҷўёни курси 3-уми ихтисосҳои 25010300 ва 25010304) дар нимсолаи якум ва дуюм;
- Иқтисодиёти ҷаҳон (барои донишҷўёни курсҳои якум, дуюми ва сеюми ихтисосҳои 25010300, 25010304, 25010400, 25010402, 25010403, 25010800, 26020200, 25010717) дар нимсолаи якум ва дуюм;
- Савдои байналхалқӣ (барои донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси 25010300);
- Асосҳои робитаҳои иқисодии хориҷӣ (барои донишҷўёни курси ихтисоси 4-уми 25010300);
- Кори байналхалқии бонкӣ (барои донишҷўёни курси 5-уми ихтисоси 25010300 ва 25010304);
- Муносибатҳои байналхалқии асъорӣ, қарзӣ ва молиявӣ (барои донишҷўёни курсҳои чорум ва панҷуми ихтисосҳои 25010300, 25010401, 25010304);
- (Макроиқтисоди кушод ва инвеститсияҳои мустақими хориҷӣ барои донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси 25010304);
- (Инвеститсияи байналмилалӣ барои донишҷўёни курси 3-уми ихтисоси 25010304)
- (Фаъолияти иқтисодии берунаи корхона барои донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси 25010300 ва курси 3-юми ихтисоси 25010304)
- (Лоиҳасозии инвеститсионӣ ва баҳодиҳии он барои донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси 25010304)
- (Идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои донишҷўёни курси 3-юми ихтисоси 25010304).
- Курсҳои махсус ва интихобӣ:
- Инвеститсияи хориҷӣ (барои донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси 25010300);
- Асосҳои бизнеси байналхалқӣ (барои донишҷўёни курси 4-ум ва 5-уми ихтисоси 25010300 ва 25010304);
- Бозори байналхалқии қоғазҳои қимматнок (барои донишҷўёни курси ихтисоси 4-уми 25010300);
- Макроиқтисоди кушод (барои донишҷўёни курси 5- уми ихтисоси 25010300);
- Қарзи хориҷӣ (барои донишҷўёни курси 5-уми ихтисоси 25010300);
- (Инвеститсияҳои хориҷӣ барои донишҷўёни курси 2-юми ихтисоси 25010304);
- (Бозори байналхалқии қоғазҳои қимматнок барои донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси 25010304);
- Робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси 25010304);
- (Тиҷорати байналмилалӣ барои донишҷўёни курси 3-юми ихтисоси 25010304);
- Созмонҳои байналхалқии иқтисодӣ (барои донишҷуёни курси 2-юми ихтисоси 25010300);
- Дипломатияи иқтисодӣ (барои донишҷўёни курси 3-юми ихтисосҳои 25010300 ва 25010304)