Устодони кафедраи Молия ва суғурта

Ҳайати устодони кафедра

Мудири кафедра

manu-nuri@mail.ru

тел: (+992) 989-12-13-18

Ҳусайнов Манучеҳр Нуруддинович

30 июни соли 1985 дар оилаи зиёиён таваллуд шудааст. Соли 2003 мактаби миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2008 онро бо муваффақият хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ соли 2009 ба шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2012 хатм кардааст. Соли 2019 ӯ рисолаи номзадиро дар мавзўи ”Ташаккули кластерҳои боғу токпарварӣ дар комплекси агросаноатии минтақавӣ (дар мисоли ноҳияњои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои ноил гардидан барои дарёфти номзади илмҳои иқтисодӣ дифоъ кардааст. Аз моҳи августи соли 2022 то ин ҷониб мудири кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, кор мекунад.

Собиқаи умумии корӣ аз соли 2010,

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос 13 сол

Таваҷҷӯҳи илмӣ: иқтисодиёти минтақа, ташаккули кластерњои агросаноатӣ, молия, суғурта ва бехатарии молиявӣ.

Диссертатсияи дараҷаи н.и.и. дар мавзӯи: “Ташаккули кластерҳои боғу токпарварӣ дар комплекси агросаноатии минтақавӣ (дар мисоли ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Фанҳои таълимӣ – молия, суғурта, бехатарии молиявӣ, молияи ҷамъиятҳои саҳомӣ, молияи ташкилотҳои буҷетӣ ва идоракунии қарзи давлатӣ.

тел.: (+992) 918-81-42-40

E_mail: ilhomuddin@mail.ru

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ- академики АБН ФР, д.и.и., профессор

Соли таввалуд 15.06.1980, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Таҳсилот – соли 2002 Донишкадаи Андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (ДАҲ)-ро хатм намуд, солҳои 2003-2004 магистратураи Академияи шабакаҳои таълимии EdNeT-ро хатм намуд, соли 2006 рисолаи номзадиро ҳимоя намуд ва соли 2019 рисолаи докториро ҳимоя намуд.

Собиқаи корӣ – солҳои 2002-2003 коромӯз-ассистент, 2004-2006 муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии ДАҲ, соли 2006 сардори раёсати илми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ДИТ), соли 2007 муовини декани факултети менеҷмент ва соҳибкории ДИТ, соли 2007 дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии ДДМТ, соли 2008 мудири кафедраи таҳлил ва аудити ДМТ,  соли 2009 мудири кафедраи фаъолияти бокии ДМТ,  солҳои 2009-2012 муовини ректори Донишкадаи молияи Тоҷикистон оид ба таълиму тарбия, илм ва робитаҳои байналмиллалӣ, солҳои 2012-2015 муовини ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба таълим, солҳои 2015-2020 дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДМТ ва коромўз-докторанти Донишгоњи давлатии иқтисодии Санкт Петербурги ФР, аз апрел то августи соли 2020 ба ҳайси мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДМТ, мудири кафедраи молия ва суғурта фаъолият намудааст. Аз августи соли 2022 то ҳол ба ҳайси декани факултети молиявию иқтисоди ДМТ фъолият намуда истодааст.


Тел:919-63-27-76

Улуғхоҷаева Хосият Рауповна- д.и.и., профессор

23- январи соли 1945 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудаам.

Соли 1963  мактабро бо мувафақият хатм намудаам, дар  ҳамин сол ба факултети иқтисоди ДДТ ба номи В.И.Ленин  доҳил шудам ва 1967 сол

донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси  молия ва қарз бо дипломи “аълочӣ” хатм намудам. Пас аз хатм, аз рӯи тақсимот, ба ҳаӣси асситенти кафедраи молия ва қарзи донишгоҳ  ба кор қабул карда шудам.

Соли 1989 рисолаи номзадиамро дар мавзӯи“Фонд материального  поощрения  и вопросы  его совершенствования”  ҳимоянамудаам.

Соли 1992 аз рӯи озмун дотсенти кафедраи молия ва қарз интиҳоб карда шудаам.

Соли 2014 рисолаи докториро дар  мавзӯи “Тамоюлҳои асосии ташаккули сиёсати андоз дар Тоҷикистон дар давраи гузариш: назария ва амалия”соли 2014,шахри Хуҷанд ҳимоя намудам ва соли 2016  ба вазифаи  иҷрокунандаи профессор интихоб шудам, фармоиши ректори Донишгоҳ аз 10 июнь соли 2016 165- 6.

Соли 2000 аълочии маорифи  Ҷумурии Тоҷикистон шуда, як чанд маротиба бо ифтихорномаи  раёсати доншгоҳ сарфароз гардидаам.

Собиқаи умумии корӣ аз чил сол бисъёр.

Таваҷҷӯҳиилмӣ: молия, танзими молияи давлати, Андоз , андоз и андозбанди

Фанҳоитаълимӣ– молия, суѓурта, бехатарии молиявї, молияи љамъиятњои сањомї,молияи ташкилотњои буљетї

Тел. (+992) 907-75-51-44

Одинаев Фурқат Фарҳодович

Вазифа-дотсенти кафедраи молия ва суғурта. Дараҷаи илмӣ- н.и.и.

Унвони илмӣ- дотсент. Соли таваллуд: 12.03.1969.Ҷои таваллуд:ш.Душанбе.Таҳсилот олӣ. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Ихтисос иқтисодҷӣ,молия ва қарз. Унвони илмӣ: (дараҷаи илмӣ) номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст аълочии маорифи Тоҷикистон, 2012

Солҳои 1986-1991 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонр бо  н.В.И.Ленин

Солҳои 1991-1996 ассистенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо н.В.И.Ленин. Соли 1996 муаллими калони кафедраи кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо н.В.И.Ленин.Солҳои 2008-2016    мудири кафедраи менеҷменти молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.А з моҳи апрели 2017 то 2020            мудири кафедраи молияи кафедраи молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Августи соли 2020     дотсенти кафедраи молия ва суғурта

aismatov@yahoo.com

Тел. (+992) 93-943-77-77

Исматов Асадулло Ҳурматович

Аз мохи ноябри 1986 ассистенти кафедраи «Тањлили иќтисодї», аз соли 1993 муалими калон ва дотсенти кафедраи «Тањлили иќтисоди ва аудит»б соли 2019/20 дотсенти кафедраи «Бањисобгирии бухгалтерї» ва аз 17 августи соли 2020 инљониб дотсенти кафедраи «Молия ва суѓурта»-и Донишгоњи миллии Тољикистон кор мекунад. Соли таваллуд: 01 сентябри соли 1962. Љои таваллуд: ноњияи Абдурањмони Љомї.

Маълумот: олї, соли 1983 Университети Давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Ихтисос: иќтисодчї, бухгалтер, Унвони илмї: номзади илмњои иќтисод, тахасусси 080012 «Бањисобгирии бухгалтерї, тањлил ва назорат». Кадом забонњои хориљиро медонад: англисї – озод, русї –озод, арабї – бо луѓат. Вакили Бо мукофотњои давлатї сарфароз гардонида шудааст ё не: Аълочии маъориф ва илми Тољикистон. Вазъи оилавї: оиладор. Суроѓа: шањри Душанбе,  кўчаи Айнї, хонаи 329, утоќи 3 09/1983- 04/1985 СПМК-1 трести «Таджиксельмонтаж»  Вазифа  Инженери музди меёнат: бухгалтер и сипас бухгалтери калон/ 04/1985-04/1986 МХПМ ноёияи Куйбышев/ Вазифа% Бухгалтери калони масолеё  04/1986-12/1986 Хоҷагии ҷангали ноёияи Кофарниёон/ Вазифа% Бухгалтери калон  12/1986 -09/1990 Донишгоёи давлатии милии Тоҷикистон Ассистенти кафедраи «Тахлили фаъолияти хоҷагидоры» 12/1993 – 02/2000 Донишгоёи давлатии милии Тоҷикистон Дотсенти кафедраи «Тахлили фаъолияти хоҷагидорӣ»  02/2000-10/ 2001 Бонки тиҷоратии «Кафолат»/ Вазифа  садри идораи аудити дохилы/ Сардори раьсати аудити дохилы 09/2001-09/2003 Донишгоёи давлатии милии Тоҷикистон -Докторант 09/2003- 06/2004 Донишгоёи давлатии милии То\икистон/ Дотсенти кафедраи баёисобгирии бухгалтеры/ 07&2004- 10/2005 Директори пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.2005 -7.2007 Роњбари молиявї ва идории маркази идоракунии лоињаи Бонки Осиёгии Рушд «Барномаи рушди системаи маблағгузории хурд дар ЉТ» 07.2007-01/06/2011 ЉСП «Фононбонк», рохбари шуъбаи назорати дохилї ва аудит 01/06/11-31/08/2011 Раиси Раёсати ЉСП «Шарќ Аудит» 31/08/11-25/08/12 Дотсенти кафедраи «Технологияи информатсионї ва логистика»-и Донишкадаи иќтисодии Тољикистон  25/05/12-27/08/14 Дотсенти кафедраи «Бањисобгирии бухгалтерї ва аудит»-и Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон 28/08/14-22/09/15 Дотсенти кафедраи «Аудит ва ревизия»-и Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон 22/09/15-3/01/18 Муовин Раиси Раёсати ЉСП «Спитаменбонк» 1/02/18-1/09/19 Дотсенти кафедраи «Технологияњои ахбори»-и Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон 1/09/19-17/08/20        Дотсенти кафедраи «Бањисобгирии бухгалтерї»-и Донишгоњи милии Тоҷикистон 17/08/20 То имруз Дотсенти кафедраи «Молия ва суѓурта»-и Донишгоњи милии Тоҷикистон.

Abdullo83@mail.ru

Тел:918-59-62-62

Абдуллоев Абдуррасул Халифаевич

01 декабри  соли 1983 дар ноҳияи Рудакї  дар оилаи коргар ба дунё омадаас. Соли 2001 то соли 2006 дар факултети молиявию иќтисодї, ихтисоси молия ва ќарзи ДМТ тањсили илм намуда соли 2006 бо мувафаќият хатм намудаам.    Њамзамон баъди хатми донишгоҳ ба шўъбаи аспирантураи ДМТ ба ҳайси унвонљўй дохил шуда соли 2011 рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба ҳайси ассистент, муаллими калон, номзади илмњои иќтисодии кафедраи молияи факултети молиявию иќтисодии Донишгоҳи миллии Тољикистон шурўъ намуда, ҳоло дар ҳамин вазифа кор карда истодааст. Аз соли 2018 то соли 2020 раиси Шўрои илми – методии кафедраи молияи факултети молиявию иќтисодї шуда кор истодааст.

Umar4004@mail.ru

Тел:981-04-04-04

Шарипов Умарҷон Аҳтамович – н.и.и.

16-уми июли соли 1989 дар нохияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаам.

Соли 1995 бори нахуст ба мактаби миёнаи №51 нохияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кадам нихода, соли 2006 онро бо муваффақият хатм намудам.

Соли 2006, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи Давлатии милии Тоҷикистон (ДДМТ) ба Факултаи молия ва қарз дохил шуда, соли 2011 онро бо ихтисоси иқтисодчии молия ва қарз хатм намудам. Аз соли 2012 то соли 2013 ассистенти кафедраи «Фаъолияти биржавӣ ва қоғазҳои қиматнок» – и ДМИТ, аз соли 2013 то соли 2019 ба ҳайси муаллими калони кафедраи суғуртаи ҳамин днишгоҳ ва аз соли 2019 то соли 2021 н.и.и., муаллими калони кафедраи ДДМИТ фаъолият намудаам. Аз соли 2021 то ҳоло – ба ҳайси н.и.и., муаллими калони кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти мехнатиро давом дода истодаам.

Инчунин 15-уми июни соли 2019 дар мавзуъи «Совершенствование организационно-экономического механизма активизации инвестиционных процессов в регионе (на материалах Хатлонской области Республики Таджикистан)» рисолаи номзадиамро дар Шурои дифоъи Д 999.020.02 – и дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгохи славянии Точикистону Россия аз тарафи КАО – и назди Вазорати маориф ва илми ФР таъсис додашуда ҳимоя намудаам.

umedsho_1991@mail.ru

 (+992) 99-100-55-55

 Хиёбони, Қаҳоров, кучаи Канори хонаи. 90А

Гулаков Умедҷон Маҳмадович

н.и.и., дотсент

28 августи соли 1991 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1998 дар синфи якум ба мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 25-и ноњияи Панљ рафта то синфи 3- юм дар онљо тањсил намуда баъдан тањсилро дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 18 – и ноњияи Фирдавсї шањри Душанбе давом дода соли 2009 онро бо бањои аъло хатм намудааст. Аз соли 2009 донишҷӯи факултети молиявию иќисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда соли 2014 онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз соли 2015 то 2018 аспиранти рўзонаи кафедраи молия ва ќарзи факултети молявию иќтисодии ДМТ буд. Соли 2019 дар мавзўи «Рушди савдои байниминтақавї дар шароити амиқгардонии равандҳои ҳамгирої» (дар маводи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз рўи ихтисоси 08.00.05 – иќтисодиёт ва идоракунии хољагии халќ (иќтисодиёти минтаќа); 08.00.14 – Иқтисодиёти ҷаҳон њимоя намудааст. Ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои методӣ иштирок намуда, дар давоми фаъолияти кориаш 1 монография, 33 мақолаи илмӣ ва 3 дастури таълимӣ ба табъ расонидааст. Аз моҳи сентябри соли 2019 муаллими кафедраи молия ва суғурта мебошад.

bahrom_07_09@mail.ru

тел: (+992) 200-90-10-10

Зиёев Зулфиқор Маҳмадёқубович- н.и.и., дотсент

17 июни соли 1990 дар шаҳри Душанбе дар оилаи соҳибкор ба дунё омадаам. Соли 1996 дар мактаби миёнаи №89 ноҳияи Синои ш. Душанбе таҳсили ибтидоиамро оғоз намуда, аз соли 2005 таҳсиламро дар мактаби миёнаи №18 ноҳияи Фирдавсӣ ш. Душанбе давом додам ва онро соли 2007 бо баҳои хубу аъло хатм намудам. Худи ҳамон сол ба факултети молия ва қарзи донишкадаи соҳибкори ва хизмат дохил шуда соли 2015 факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ихтисоси 25010400 (“Молия ва қарз”) хатм намудам ва соҳиби ихтисоси иқтисодчӣ дар соҳаи молия ва қарз гаштам.

Пас аз хатми донишгоҳ ман ба ҳайси ассистенти кафедраи молияи донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба кор шурӯъ намудам соли 2017 бошад ба ҳайси аспиранти шӯъбаи ғоибонаи кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии ДМТ  қабул гардидам. Мавзӯи кори илмиамро худи ҳамон сол бо роҳбари илмиам –д.и.и., профессори кафедраи баҳисобгири муҳосиби таҳлил ва аудит Курбонов Абдулхай Каримович тасдиқ намудем.

Соли 2020 рисолаи илмиамро дар мавзӯи “Финансово-экономические аспекты развития лизинговых отношений в сельском хозяйстве (на примере Республики Таджикистан)” дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 08.00.10 – Молия муомилоти пул ва қарз ҳимоя намудам, ки он 30 апрели соли 2021 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва ба ман дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дода шуд.

Соли 2021 ман ба вазифаи муаллими калони кафедраи молияи ДДМИТ таъин гардидам.

Дар давоми фаъолияти илмию кориам чанд мақолаи илмӣ ва эҷодӣ, инчунин якто китоби дарсӣ бо мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва як монография чоп намудам. 

Соли 2021 тариқи гузариш бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба вазифаи муаллими калони кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ таъин гардидам.

fuzail-1991@mail.ru

тел: (+992) 934-51-45-45

Бобоев Фузайл Ҷумъабоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

30-уми июни соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёї таваллуд шудааст. Соли 2009 ба факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 аз рӯи ихтисоси молия ва қарз хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ солҳои 2015 – 2017 аспиранти рӯзонаи кафедраи менеҷменти молиявӣ дар факултети молиявию иқтисодии ДМТ таҳсил намудааст. Солҳои 2018-2019 дар вазифаи масъули сомонаи ДМТ, инчунин ба ҳайси асисстент дар кафедраҳои иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқтисод ва идора ва ва кафедраи менеҷменти молиявӣ дар факултети молиявию иқтисодии ДМТ фаъолият намудааст. Шурӯъ аз соли 2019, ба ҳайси муаллими калон дар кафедраи менеҷменти молиявии факултети молиявию иқтисодии ДМТ  ва аз 13.01.2021 то айни замон дар вазифаи муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ дар  факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро пеш бурда истодааст. 

Хизматҳои шоистаи Бобоев Ф.Ҷ. бо «Ифтихорнома»-и Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва омода кардани мутахассисон, Ифтихорномаи декани факултети молиявию иқтисодӣ барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар факултет,  Дипломи фахрии Ректори Донишгоҳи илмӣ таҳқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва», Сертификати муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалии донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск, қадрдонӣ гардидаанд.

Бобоев Ф.Ҷ.  муаллифи зиёда аз 40 маводи илмӣ буда, дар мавзӯъҳои вобаста ба энергетикаи Тоҷикистон: стратегияи рушди устувор, қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи бехатарии иқтисодӣ, самаранокии барқии иқтисоди минтақа ҳамчун омили рушди иқтисодии он,  устувории молиявии ширкати барқӣ ва омилҳои ба он таъсиррасон, таъминоти молиявии электроэнергетика барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, иқтидори содиротии электроэнергетика дар ҳошияи хизматрасонии қарзи хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарзи хориҷии дар электроэнергетикаи Тоҷикистон равонашуда ва механизмҳои хизматрасонии он, диверсификатсияи сарчашмаҳои электроэнергетика ва маблағгузории онҳо ва ғайра тадқиқоти илмӣ анҷом додааст.

saidzodamijgona91@mail.ru

тел: (+992) 989-12-22-18

Саидова Миҷгона Ҷамшедовна

24 марти соли 1991 дар ноњияи МСА Њамадонї  дар оилаи зиёї ба дунё омадааст. Соли 2009 мактаби тањсилоти миёнаи умумии №30-и ноњияи Фирдавсии шаҳри Душанберо бо бањои аъло ва соли 2014 Донишгоњи Миллии Тољикистонро бо ихтисоси молия ва ќарз хатм намудааст. Аз сентябри соли 2014 бо њайси ассистенти кафедраи молия ДМТ фаъолият кардааст. Аз соли 2015 дар баробари ассистенти кафедра инчунин ба њайси аспиранти кафедра шуда таҳсил намудаистодааст.

Собиқаи корӣ аз соли 2014

Собиқаи корї аз рӯи ихтисос 7 сол

Таваҷҷӯҳи илмӣ: молия, молия ва қарз, суғурта, молияи ташкилотҳои буҷетӣ, молияи хоҷагии қишлоқ ва ѓайра.

Фанњои талимї: молия ва қарз, молия, менеҷменти суғурта, лизинг ва мониторинги молиявӣ, назорати молиявӣ, њисоботи молиявї.

Такмили ихтисос: моҳи майи соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисосї назди ДМТ.

Mister.dilovar@list.ru

Тел: (+992) 985-01-67-17

Розиев  Диловар Астанақулович

21-уми январи соли  1991    дар  ноҳияи Темурмалик,  дар  оилаи  зиёї ба дунё омадааст. Соли 1997 дар мактаби  миёнаи  таҳсилоти   умумии  №12-и ноҳияи Темурмалик таҳсилро дар синфи  якум оғоз намудааст. Дар синфи 11 дар олимпиядаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика иштирок намуда соҳиби ҷои ифтихорӣ гашта, ба ифтихорномаи Вазорати маорифи  Чумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Соли   2008   бошад мактаби номбурдаро бо баҳои аъло хатм намудааст.

Ҳамон сол баъди хатми мактаб ҳуҷатҳояшро ба Донишгохи Миллии Тоҷикистон факултети   «Молиявию иқтисодї» ихтисос 250400 (молия ва қарз)  супорид. Ҳамин тавр донишгоҳи мазкўрро  соли 2013 бо дипломи аълочӣ хатм намудааст. 

Аз соли 2013 то ин ҷониб дар кафедраи молияи ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра кор ва фаъолят дорад.

Собиқаи корӣ аз соли 2013

Собиқаи корӣ аз руи ихтисос: 9 сол

Таваҷҷӯҳи илмӣ: Танзими давлатии ҷолибияти сармоягузории саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Молия, ҳисоби фоиз ва даромаднокии коғазҳои қиматнок, суғурта ва ғ

Такмили ихтисос: Моҳи апрели  соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди ДМТ.

тел.: (+992) 918-98-96-30

E_mail: munirabonu@mail.ru

Сафарова Мунира Ибодуллоевна

12-ми ноябри соли 1991 дар оилаи зиёи таваллуд шудааст. Соли 2009-ум мактаби миёнаи умумии  шањри Душанберо бо бањои аъло хатм намудааст. Соли 2015-ум бошад Донишгоњи миллии Тољикистон, факултети молиявию иќтисодиро аз рўйи ихтисоси “Молия ва қарз ” бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2010 то 2019 мудири кабинети кафедраи менеҷменти молиявӣ ба ҳисоб мерафт. Аз соли 2019 то ин ҷониб унвонҷуи кафедраи молия ва суғурта ба њисоб меравад. Аз соли 2017 то инљониб ба ҳайси ассистенти кафедраи молия ва суғурта шуда фаъолият менамояд. Собиќаи кории умумї 13 сол.

Собиќаи корї аз рўи ихтисос 8 сол. Самти илмї: молия, андоз, буљет, менељменти молиявї. Фанњои таълимї – молия,Молияи ташкилотҳои буҷетӣ, Бехатарии молиявӣ, суғурта, фаъолияти суғурта дар мамлакатҳои хориҷӣ, танзими фаъолияти суғуртавӣ, проблемаҳои низоми суғурта, менеҷменти суғуртавӣ. Такмили ихтисос:– сентябри 2019, курси такмили ихтисос дар Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисањои тањсилоти олии касбии назди ДМТ, аз рўйи забономўзї. – 07 июни соли 2022 курси пурраи такмили ихтисос барои барномаи иловагии касбӣ дар “Академияи таҳсилоти фосилавӣ” дар ш. Омск, дар доираи барномаи «Иқтисод ва ҳуқуқ: андоз ва андозбандӣ». – 05 августи соли 2022, курси пурраи такмили ихтисос барои барномаи иловагии касбӣ дар “Институти таҳсилоти касбӣ”, шаҳри Маскав, аз рӯи барномаи “Молия ва қарз”.

Sharifzoda.nurullo@mail.ru

(+992) 988-71-76-76

Шарифзода Нурулло Шариф

26 октябри соли 1994 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2001 ба мактаби тањсилоти миёнаи умумии №27 – и шањри Кулоб дохил гардида, соли 2012-ум мактаби миёнаи умумии  №89 – и ноњияи Синои шањри Душанберо бо бањои хубу аъло хатм намудааст. Соли 2012-ум бошад ба Донишгоњи давлатии шањри Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил гардида ва соли 2017 Донишгоњи миллии Тољикистон, факултети молиявию иќтисодиро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2017 то 2019 дар Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон ба њайси ассистенти кафедра фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то 2020 дар ќисми њарбии 0123 – и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон ба њайси сарбоз хизмат намудааст. Аз соли 2020 то имрўз дар вазифаи ассистенти кафедраи молия ва суѓуртаи факултети молиявию иќтисодии Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолият намуда истодааст. Айни њол унвонҷуи кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон ба њисоб меравад. Рисолаи илмии худро дар мавзўи “Бањодињии захирањои бонкї њамчун унсури иќтидори молиявї-инвеститсионии мамлакат” омода намудааст. Њамасола дар конференсияњо ва семинарњои методї иштирок намуда, дар давоми фаъолияти кориаш 20 маќолаи илмї ва 5 дастури таълимї ба табъ расонидааст.