Давлатмуродов Шоҳмурод Мирзомуродович

Вазифа — муаллими калони кафедра
Дараҷаи илмӣ – номзади илмҳои иқтисодӣ
Унвони илмӣ – муаллими калон

Тарҷумаи ҳол

Давлатмуродов Шоҳмурод Мирзомуродович 18-уми марти соли 1987 дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, МТМУ №1 ба номи Садриддин Айнӣ-ро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 2011 ДМТ-ро бо дипломи аълочӣ хатм намудааст. Аз соли 2011 омӯзгор, унвонҷўи кафедраи менеҷменти молиявӣ (ҳоло идоракунии молияи давлатӣ)-и факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Рисолаи номзадиро барои дарёфти дараҷаи н.и.и. дар соли 2020 ҳимоя намудааст. Аз соли 2019 то инҷониб фаъолияти омӯзгориро дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба ҳайси муаллими калони кафедраи Идоракунии молияи давлатӣ  идома дода истодааст.

Соли 2020 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Такмили механизми дастгирии молиявии рушди иқтисодӣ-иҷтимоии минтақа (дар мисоли вилояти Хатлон)” таҳти роҳбарии профессор Обидов Ф.С. ҳимоя намудааст.

Собиқаи корӣ 11 сол.

Таваҷҷўҳи илмӣ: молия, молияи минтақа, муносибатҳи байнибуҷетӣ, иқтисодиёти минтақа, рушди минтақа, сармоягузориҳо, маблағгузории хориҷӣ.

Рисолаи илмӣ барои унвонии илмии н.и.и. Такмили механизми дастгирии молиявии рушди иқтисодӣ-иҷтимоии минтақа (дар мисоли вилояти Хатлон)   

Фанҳои таълимӣ – Низоми хазинадорӣ, қарзи давлатӣ, буҷет ва низоми буҷетӣ.

НАШРИЯҲО АСОСӢ

  • Таджикистан и мировая практика межбюджетных отношений. //Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономичес-ких общественных наук.–Душанбе, 2017. -№ 2/8., –С.21-26. (0,37 п.л.).
  • Вилояти Хатлон: Механизми молиявии рушди минтақа ва такмили он. // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(маҷаллаи илмӣ). Бахши илмҳои иқтисодӣ.–Душанбе-2019.-№ 1.–С.24-28. (0,31 ҷ.ч.). (ҳаммуалифӣ бо Обидов Ф.С.)
  • Манбаҳои молиявӣ-иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди минтақа.// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(маҷаллаи илмӣ). Бахши илмҳои иқтисодӣ.–Душанбе, 2019.-№2.–С.08-12.(0,31 ҷ.ч.). (ҳаммуалифӣ бо Обидов Ф.С.)
  • Аҳамияти ҷалби маблаѓгузориҳо ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва беҳтарсозии шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа (дар мисоли в. Хатлон).// “Сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон: нишондиҳандаҳо, проблемаҳо ва дурнамо”, 28-уми октябри 2016: маводи конфронси илмӣ-амалии байналхалқӣ.– Душанбе: Матбааи ДМТ, 2016. – С. 62-64. (0,13 ҷ.ч.).
  • Анализ тенденций доходов сельского населения.// “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: назария ва амалӣ”: маводи конференсияи апрелӣ (Душанбе 22-24-уми апрели 2017с).–Душанбе: Матбааи ДМТ, 2017. – С. 35-40.(0,37 ҷ.ч.).
  • Сиёсати фискалӣ ва нақши он дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа(дар мисоли в. Хатлон).// “Рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва роҳҳои баландбардории он дар шароити ҷаҳонишавӣ”: маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ (Душанбе 15-уми апрели соли 2017).– Душанбе: Матбааи ДМТ, 2017.– С. 132-136. (0,31 ҷ.ч.).
  • Нақши буҷети давлатӣ дар баландбардори сатҳи некўаҳволии аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ.// “Масоили баҳисобгирӣ, таҳлил, аудит, омор, кибернетикаи иқтисодӣ дар шароити рушди инноватсионии иқтисод”: маводи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ (Душанбе, 5-6-уми майи 2017 сол).– Душанбе: ҶДММ “Сомон-граф”, 2017. – С. 114-117.(0,25 ҷ.ч.).
  • Дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна дар минтақа (дар мисоли в. Хатлон).// “Муаммоҳои молиявии рушди иқтисодиёти миллӣ дар шароити муосир”: маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ(Душанбе 7-уми декабри соли 2017): – Душанбе: Матбааи ДМИТ, 2017.– С. 17-19. (0,19 ҷ.ч.).

Тоҷикистон: молия ва бонкдорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ (комёбиҳо, муаммоҳо, тавсияҳо).//“Мехнизмҳои истифодаи фишангҳои иқтисодию молиявии таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”: маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ (ш. Душанбе, 7-уми ноябри соли 2018). – Душанбе: Матбааи ДМТ,-2018.–С.252-256.