Таърихи кафедраи Молия

Мудири кафедра  н.и.и., дотсент Одинаев Фурқат Фарҳодович с.т. 1969

Рузҳои қабул: Сешанбе  1400-1700

                                Шанбе      1000-1300

 Почтаи электронӣ: f-odinaev@mail.ru

Кафедраи молия  соли 1965 ҳамчун кафедраи мустақил аз ҳайати кафедраи иқтисодиёти савдо ва молия ҷудо шудааст.

Аввалин мудири кафедраи навбунёд академики АФ РСС Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Т.Н.Назаров буд.

     Бо назардошти тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои мухталифи системаи молиявӣ ва васеъ гаштани муносибатҳои молиявию қарзӣ зарурати таъсис додани кафедраи молия ва қарзро ба миён овард. Зеро, ки тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои фаъолияти суғуртавӣ, бонкӣ, системаи буҷетӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар он давра аҳамияти аввалиндараҷа дошт.

         Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардонидани корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ мутобиқи қарори Шўрои олимони Донишгоҳ аз соли 2007 дар заминаи кафедраи молия ва қарз кафедраҳои молия ва менеҷменти молиявӣ таъсис ёфтанд.

     Ҳоло дар заминаи кафедраи молия аз рўи ихтисосҳои молия ва қарз, андоз ва андозбандӣ мутахассис ва аз рўи ихтисоси суғурта мутахссисони дараҷаи бакалавр омода мегарданд.

    Кафедраи молия аз ҷиҳати шумораи кормандони яке аз кафедраҳои калонтарини ДМТ ба ҳисоб меравад. Дар тамоми муддати фаъолияти худ кафедраи мазкур барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди милли кишвар шумораи зиёди кадрҳои баландихтисосро тайёр кардааст. Хатмкунандаҳои кафедра инчунин, берун аз ҷумҳурӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ фаъолият менамоянд.

       Мудирони кафедра ва ҳайати он.

       Дар давраи пас аз ташкилёбии факултети алоҳидаи молиявию иқтисодӣ (солҳои 1982 -1995) кафедраи молия ва қарз аз соли 1991 ба ду кафедраи алоҳида: кафедраи молия ва кафедраи муомилоти пулӣ ва қарз ҷудо шуд. Мудири кафедраи молия, дотсент Ҳомидов Ҳ.Х. ва мудири кафедраи муомилоти пулӣ ва қарз дотсент Ашўров Н. интихоб шуда буданд. Бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштани дотсент Ашўров Н. аз соли 1995 то сентябри ҳамон сол вазифаи мудири кафедраи муомилоти пулӣ ва қарзро дотсент Шарипов Ҳ.Ш. иҷро карда буд. Пас аз он, моҳи октябри 1995 дар натиҷаи аз нав якҷояшавии факултетҳои молиявию иқтисодӣ ва баҳисобгирию иқтисодӣ ба як факултаи молиявию баҳисобгирӣ боз кафедраҳои номбурда якҷоя карда шуда, бо номи кафедраи молия ва қарз ба фаъолият оғоз кард.

         Аз соли 1980 то сентябри соли 1993 сарварии кафедраро дотсент Ҳомидов Х.Х. ба ўҳда дошт. Аз моҳи октябри соли 1993 то соли 2004 мудири кафедра дотсент Юлдошев Я.Н. буд. Аз соли 2004 то соли 2010 вазифаи мудири кафедраро доктори илми иқтисод Раҳимов З.А. ба зимма дошт. Аз соли 2010 то соли 2011 д.и.и. Раҳматов Ҳ.Б. ба ҳайси мудирии кафедра фаъолият намуд. Аз соли 2011 то ҳол вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатшоев О.Ҳ. ба зимма дорад.

       Аз аввали таъсисёбӣ дар кафедра устодон д.и.и. профессор Назаров Т.Н., дотсентон Ҳомидов Х.Х., Сайфиддинов С.С., Қаҳоров М.К., Собиров У.М., Ҳисайнов С.К., Бобозода Г., Шарифзода М., Ашўров Н.А., Миразизов А., Алимардонов У.А., ва ассистентон Андреев О.Ю., Шкотова Л., Сангинова Л.  ва дигарон фаъолият намудаанд.

Теъдоди устодони кафедраи молия 

       Ҳоло дар кафедра устодони штатии зерин фаъолият доранд: д.и.и., профессор Раҳимов З.А., н.и.и., дотсент Давлатшоев О.Ҳ., н.и.и., дотсент Улуғхоҷаева Х.Р., н.и.и., муаллими калон Ҷураев Ш.Ҷ., н.и.и., ассистентон Абдуллоев А.Х.  ва Рўзиев А.Т., устодони калон: Қаюмов С.Ш. ва Ҷўраева М.Н., ассистентон: Давлатов Д.С., Абдуллоев А.А., Муродов Ҷ.Қ., Қурбонова М., Ҳусейнов М. лаборантони кафедра: Зумради Ш. ва Бобоалиева Н. Зиёда аз 50% устодони кафедра дорои унвони илмӣ мебошанд.

          Аз аввали таъсисёбии кафедра самтҳои тадқиқоти илмӣ ва таълимии он барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳои махсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ аз рўи  фанҳои тахассусӣ  равона шуда буд. Дар ин ҷода аз тарафи олимон  ва ҳайати устодони кафедра корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Олимон ва муаллимони  кафедра тайи ин солҳо  чандин  асарҳои илмию  методии калонҳаҷм, монография, воситаҳои  таълимию  методиро таълиф намуданд. Ғайр аз монография  ва  китобҳои  дарсӣ олимони кафедра дар  маҷалаю  рўзномаҳои  ватанӣ ва бурунмарзӣ – Молия ва ҳисобдорӣ, Паёми ДМТ, Садои мардум, Ҷумҳурият, Бизнес и политика, Экономика Таджикистана: стратегия развития, Финансы, Экономика и жизнь мақолаҳои илмӣ чоп кардаанд. Дар айни ҳол дар мавзўи  «Проблемаҳои рушди бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосиршавии иқтисодиёт» корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд. Ҳайати  устодон ва олимони  кафедра  барои  пешрафти  соҳаҳои гуногуни иқтисод ва иҷтимоиёти  кишвар саҳми  амалии  худро гузоштаанд. 

         Ҳайати устодони кафедраи молия аз оғози фаъолияти худ  дар баробари  ташкили раванди  таълим ва тарбияи донишҷўён  корҳои  илмию тадқиқотиро ба пеш мебаранд. Дар давоми солҳои 1965-1980 роҳбари мавзўи илмии  кафедраро  д. и. и.,  профессор Т. Н. Назаров бар ўҳда дошт. Дар давраи солҳои 1980 -1993 роҳбарии  илмии  кафедра  ба ўхдаи  н.и.и., дотсент  Х.Х.Хомидов  буд. Аз соли 1995 то соли 2004 н.и.и., дотсент Я.Н. Юлдошев ва аз соли 2005 то соли 2010 д.и.и., профессор З.А. Раҳимов роҳбарии корҳои илмии кафедраро ба зимма доштанд. Аз соли 2011 роҳбарии мавзўи тадқиқоти илмии кафедра ба зиммаи олими ҷавон, н.и.и., дотсент О.Ҳ. Давлатшоев мебошад.

           Ҳоло аз аксарияти фанҳои тадрисшаванда ба монанди фанҳои молия, андоз ва андозбандӣ, бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, молияи корхонаҳо китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, бо забони давлатӣ, аз ҷониби устодони кафедра Раҳимов З.А., Улуғхоҷаева Х.Р., Давлатшоев О.Ҳ., Ҷўраев Ш.Ҷ., Қаюмов С.Ш., Рўзиев А.Т., Абдуллоев А.Х. таълиф шуда, пешниҳоди завқмандони илми молия гардидаанд.

       Дар заминаи кафедраи молия моҳи ноябри соли 2011 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ  таҳти мавзўи «Роҳҳои такмили муносибатҳои молиявӣ ва таъсири онҳо дар таъмини рушди босуботи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ба кумитаи тадорукоти конфронс аз донишгоҳҳои гуногуни мамлакат ва аз факултетҳои иқтисодии ДМТ зиёда аз 50 дархост барои иштирок ва баромади илмӣ намудан пешниҳод шуд. Дар конфронс иштирокчиён доир ба масъалаҳои муаммоҳои мукаммалёбии муносибатҳои молиявӣ ва таъсири онҳо ба ҳолати рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаммоҳои мукаммалёбии механизмҳои молиявӣ дар шароити муосиршавии (модернизатсияи) иқтисодиёт, роҳҳо ва усулҳои ташаккулёбии бозори хадамоти молиявӣ, муаммоҳои ташаккулёбии бозори суғурта дар шароити муосири рақобати бозорӣ, хусусияти сиёсати молиявӣ ва буҷетӣ дар шароити муосир ва ҳадафҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, мукаммалёбии механизмҳои молиявӣ-қарзӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ, муаммоҳои такмили механизмҳои андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои берунииқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, механизмҳо ва рукнҳои асосии таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўзаҳо намуда, хулосаву пешниҳодоти дар натиҷаи омўзиш, таҳлил ва таҳқиқи илмии бадастовардаашонро  иброз намуданд.