ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА СУҒУРТА

Кафедраи “Молия ва қарз” соли 1965 ҳамчун кафедраи мустақил аз ҳайати кафедраи “Иқтисолиёти савдо ва молия” ҷудо шудааст. Мудири кафедраи “Иќтисолиёти савдо ва молия”  Назарова Н.С., буд. Пас аз ҷудошавӣ аввалин мудири кафедраи навбунёди “Молия ва қарз” академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисод, профессор Т.Н. Назаров буд.

Дар давраи пас аз ташкилёбии факултети алоҳидаи молиявию иқтисодӣ (солҳои 1982-1995) кафедраи “Молия ва қарз” аз соли 1991 ба ду кафедраи алоњида: кафедраи “Молия” ва кафедраи “Муомилоти пулӣ ва қарз” ҳудо шуд. Мудири кафедраи молия, дотсент Ҳомидов Х.Х.,  ва мудири кафедраи муомилоти пулӣ ва қарз дотсент Ашуров Н., интихоб шудаанд. Бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштани дотсент Ашуров Н., аз соли 1995 то сентябри њамон сол вазифаи мудири кафедраи “Муомилоти пулӣ ва қарз”-ро дотсент Шарипов Х.Ш., иҷро карда буд. Пас аз он моҳи октябри 1995 дар натиҷаи аз нав якҷояшавии факултетҳои молиявию иқтисодӣ ва баҳисобгирию иқтисодӣ, боз кафедраҳои номбурда якҷоя карда шуда, бо номи кафедраи “Молия ва қарз” фаъолият кард.

Дар солњои аввали ташкили кафедра миқдори устодон 4-нафар буданд. Дар кафедра устодон Назаров Т.Н., Юлдошев Я.Н., Собиров У.М., Ҳайбилов А.М., кор мекарданд. Соли 1967 Алимардонов У. ва Улуғхоҷаева Х.Р. ба ҳайси ассистент фаъолияти омўзгориро оғоз намуданд. Миқдори донишҷӯёни факултети иқтисодӣ 67 нафар буда, миқдори донишҷӯёни ихтисоси молия ва қарз 7 нафарро ташкил мекард. Аввалин маротиба барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои тадрисии кафедра омода ва нашр гардида, мавриди таълим қарор гирифтанд. Аз ибтидои ташкили кафедра танҳо ихтисоси молия ва қарз амал менамуд.

Ҳоло дар кафедра устодони штатии зерин фаъолият доранд: академики АБН ФР д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р., д.и.и., профессор Улуғхоҷаева Х.Р., н.и.и., дотсент Ҳусайнов М.Н., н.и.и., дотсент Одинаев Ф.Ф., н.и.и., дотсент Исматов А.Њ., н.и.и., дотсент Бобоев Ф.Ҷ., н.и.и., дотсент Абдуллоев А.Х., н.и.и., муаллими калон Шарипов У.А., н.и.и., муаллими калон Гулаков У.М., н.и.и., муаллими калон Зиёев З.М., доктор PhD Саъдуллозода С.С., доктор PhD Саъдуллозода Н.С., ассистентон: Розиев Д.А., Саидова М.Ҷ., Давлатов Н.А., Сафарова М.И., Шарифзода Н.Ш. ва Сабурзода Ф.М.

Мудирони кафедра ва ҳайати он.

Аз аввали ташкили кафедра то истиқлолият ҳамкориҳо бо донишгоҳҳҳои берун аз ҷумҳурӣ дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хуб ба роҳ монда шуда буданд. Ҳамкориҳои илмию методӣ бо роҳбарии Назаров Т.Н. байни кафедра ва собиқ Донишкадаи молиявию иқтисодӣ ба номи Н.А.Вознесенкий шаҳри Ленинград, инчунин Донишкадаи  молиявии шаҳри Маскав ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда буданд. Устодони кафедра дар шӯроҳои илмии ин ниҳодҳо рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.

Аз соли 2004 то соли 2010 вазифаи мудири кафедраро доктори илми иқтисод Раҳимов З.А. иҷро кард.Аз соли 2010 то соли 2011 ин вазифаро д.и.и., профессор Раҳматов Ҳ.Б. ба зимма дошт. Соли 2011 бо пешниҳоди садорати факултет, бинобар қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони соҳаи хизматрасонии суғуртавӣ дар кафедра ихтисоси суғурта кушода шуд.

Аз соли 2011 то соли 2018 н.и.и., дотсент Давлатшоев О.Ҳ вазифаи мудири кафедраро ба зимма дошт. Аз соли 2018 то соли 2020 н.и.и., дотсент Одинаев Ф.Ф. вазифаи мудири кафедраро ба зимма дошт. Аз моњи августи соли 2020 то соли 2022 вазифаи мудири кафедраи молия ва суғуртаро академики АБН ФР, д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р., ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи августи соли 2022 то ҳол мудири кафедраи молия ва суғуртаро н.и.и., дотсент Ҳусайнов М.Н., ба ӯҳда доранд. Айни ҳол дар кафедра барои ихтисоси молия ва қарз ва суғурта бо се забон, яъне забони давлатӣ, забони русӣ ва забони англисӣ таълиму тарбия ба роҳ монда шудааст.

Самтҳои таҳқиқоти илмӣ

Аз аввали таъсисёбии кафедра самтҳои тадқиқоти илмӣ ва таълимии он барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳои махсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳои тахассусӣ равона шуда буд. Дар ин ҷода аз тарафи олимон ва ҳайати устодони кафедра корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Олимон ва муаллимони кафедра тайи ин солҳо чандин асарҳои илмию методии калонҳаҷм, монография, воситаҳои таълимию методиро таълиф намуданд. Ғайр аз монография ва китобҳои дарсӣ олимони кафедра дар маҷалаю рӯзномаҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ мақолаҳои илмӣ чоп кардаанд.

Дар айни ҳол дар мавзӯи «Масъалаҳои такмили танзими молиявии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд. Ҳайати устодон ва олимони кафедра барои пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар саҳми амалии худро гузоштаанд.

Фаъолиятҳои таълимӣ

Дар пояи кафедра аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд:

Ихтисоси молия ва қарз: шуъбаи рўзона – 4 сол, ғоибона (тахсилоти фосилави) – 4 сол, таҳсилоти 2-юми олӣ – 3 сол, магистратура – 2 сол, доктор PhD – 3 сол, докторант – 3 сол, унвонҷӯ – 4 сол. Ихтисоси суғурта – 4 сол шуьбаи рӯзона.

Бакалавриат (рӯзона ва ғоибона)

Фанҳои умумии касбӣ:

  1. Математикаи олӣ
  2. Назарияи иқтисодӣ
  3. Иқтисоди ҷаҳон
  4. Баҳисобгирии бухгалтерӣ
  5. Фаъолияти бонкӣ
  6. Менеҷмент ва маркетинг
  7. Таҳлили иқтисодӣ
  8. Андоз ва андозбандӣ
  9. Эконометрика
  10. Омор

Фанҳои тахассусӣ:

  1. Молия
  2. Бозори коғазҳои қимматнок
  3. Суғурта
  4. Танзими давлатии молиявӣ
  5. Молияи мамлакатҳои хориҷӣ
  6. Буҷет ва низоми хазинадорӣ
  7. Идораи молияи давлатӣ
  8. Молияи ҷамъиятҳои саҳомӣ
  9. Назорати давлатии молиявӣ
  10. Бехатарии молиявӣ
  11. Молияи ташкилотҳои буҷетӣ
  12. Менеҷменти молиявӣ
  13. Фаъолияти ниҳодҳои байналмиллалӣ ва бозори молиявӣ
  14. Молияи корпоративӣ

Марказҳо, офисҳо, лабораторияҳо:

Дар назди кафедраи молия ва суғурта лабораторияи молия ва суғурта вуҷуд дорад, ки он барои омода кардани мутахассисон барои гузоронидан таҷрибаи таълими бо гранти Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Докторантура ва аспирантура:

Дар кафедраи барои омода кардани унвонҷӯен ва докторантон аз рӯи ихтисоси 08.00.10 – Молия, муомилоти пул ва қарз ва равияи доктор PhD аз рӯи ихтисоси 6D050900-Молия равона карда шудааст.

Ҳамкории байналмилалӣ:

Дар пояи кафедраи молия ва суғурта бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва Донишкадаи байналхалқии бонкии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҳамкори дорад.