Таърихи кафедраи андоз ва андозбандӣ

Мудир н.и.и., дотсент Қаюмов С.Ш.

Тел: 93 555 88 77

Почтаи эл-нӣ: kayumov-@mail.ru

Рӯзҳои қабул:

Чоршанбе 8.00-16.00

Шанбе 8.00-16.00

Таърихи кафедраи андоз ва андозбандӣ

Кафедраи андоз ва андозбандии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз 06-уми майи соли 2014, таҳти №12 ва фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти №244-09 аз 25-уми сентябри соли 2014 ташкил  шудааст.

Дар давраи ташаккулёбӣ кафедраи андоз ва андозбандӣ раванди таълимро тибқи нақшаи таълимии мӯҳлати таҳсил 5-сол  ва  тибқи нақшаи таълимии низоми кредитӣ мӯҳлати таҳсил 4-сол ба роҳ мондааст. Айни ҳол мутобиқи ихтисоси андоз ва андозбандӣ аз курси якум то курси чоруми шуъбаи рӯзона дар курсҳои  якум,дуюм, сеюм ва чоруми шуъбаи рӯзона 240 нафар донишҷӯён ва дар шуъбаи магистрӣ 24 нафартаҳсил намуда истодаанд, ки дар маҷмӯъ 284 нафар донишҷӯёнро ташкил медиҳанд.

Таъсиси додани чунин кафедра дар давраи муосир барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хеле муҳим дошт. Бояд қайд намуд, ки  тайи солҳои охир зарурати таъмин намудани соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисос бахусус дар самти молия, андоз ва корхонаҳо ба миён омад.

Аз соли 2014 то инҷониб роҳбарии кафедраро  н.и.и., дотсент Қаюмов Сайфудин Шарифович ба ӯҳда дорад.


Ҳоло дар кафедра устодони штатии зерин фаъолият доранд: н.и.и., дотсент С.Ш. Қаюмов (мудири кафедра), д.и.и., Иброҳимов И.Р., муалими калон Ҷураева М. Н., муаллими калон Давлатов Д.С. ассистентон Қурбонова М. С., Исматоа А. Ф., Раҷабов Т., Эраҷи Дилнавоз ва Нурова Н.

Айни замон кафедра яке аз кафедраҳои пешқадами ДМТ ба ҳисоб рафта дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. Хатмкунандагони кафедра аз рӯи ихтисоси худ дар вазорату муассисаҳои давлатӣ, мақомоти андоз, корхонаву ширкатҳо ва ғайраҳо кору фаъолият мебаранд.

Аз аввали таъсисёбии кафедра самти тадқиқоти илмӣ ва таълимии худро барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳои махсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ, ки барои сохти гузариши иқтисодиёти Тоҷикистон хос мебошанд, равона гардонида буд. Барномаҳои таълимӣ ва корӣ (силлабусҳо) ҳамасола таҷдиди назар гардида, илова ба онҳо барномаҳои нав барои зинаи магистратура аз руи ихтисоси андоз ва андозбандӣ тайёр карда шудааст. Аз соли 2018 дар назди кафедра магистратураи дохилӣ амал мекунад ва ҳоло 24 нафар таҳсилро идома дода истодаанд.