• Русский
  • Тоҷики
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 6
Санаи 17.02.2021 дар факултети молиявию иқтисодӣ семинарии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ н.и.и., дотсент Солеҳзода А.А., дар мавзӯи «Роҳҳои татбиқи принсипҳои иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои илмии дар факултет...
Дар таърихи 13-уми феврали соли 2021 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Баландбардории саводнокии молиявӣ ва аҳамияти он дар шароити ҷаҳони муосир» баргузор гардид, ки вобаста ба мавзӯъ профессори кафедраи кори бонкӣ, д.и.и., профессор Ҳикматов У.С. суханронӣ намуд.
Дар семинари илмӣ-амалии навбатӣ устоди кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ, д.и.и., профессор Х.У. Умаров дар мавзӯи «Мукаммалгардонии сиёсати пулӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд. Дар нишаст доир ба масоили сиёсати пулию қарзӣ аз ҷиҳати назариявию амалӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардида, дар он масъалаҳои муҳим, аз қабили баландбардории сатҳи боварии аҳолии кишвар ба бонкҳои тиҷоратии ватанӣ, таъсиси бонкҳои тиҷоратии...
Тибқи нақша-чорабиниҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба баргузории маҳфилҳои инфиродии профессорон, дотсентон дар заминаи факултети молиявию иқтисодӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои рушди туризм дар минтақаҳои кӯҳӣ» аз ҷониби устоди кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ н. и. г., дотсент Диловаров Р. Д., баргузор гардид. Номбурда сараввал оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ, ки дар Паёми...
Барои донишҷӯён. Дар асоси фармоиши ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. давраи имтиҳонии сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 барои донишҷӯёни курсҳои 1-4-и зинаи таҳсилоти бакалавр ва курсҳои 1-6-и зинаи таҳсилоти мутахассис (ба истиснои ихтисосҳои дар банди зерин зикргардида)-и ихтисосҳои амалкунандаи факултетҳои донишгоҳ аз 21-уми декабри соли 2020 то 17-уми январи соли 2021 (ҳафтаҳои 17, 18, 19 ва 20-уми соли таҳсили 2020-2021) муқаррар карда шудааст....
Имрӯз (7.12.2020) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои такмили низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.С. Шамсов оғоз ёфт. Мавсуф меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва донишҷӯёнро бо Рӯзи...
Имрӯз (23.11.2020) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмию назариявӣ гузаронида шуд. Нишаст бо сухани муқаддимавии роҳбари маҳфили молиячиён ва суғуртачиён Н.А.Давлатов оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки «Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати мо ба анъанаҳои гузашта буда, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимилӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду...
Ба чунин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқии факултети молиявию иқтисодӣ нишасти тарбиявӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини декани факултет оид ба тарбия Қ.Т.Саидов ифтитоҳ намуда, доир ба муҳиммияти ҷашни Парчами миллӣ суханронӣ намуд. Ҳамзамон, мудири кафедраи мазкур н.и.и., дотсент М.А.Саидмуродова ва устоди факултет М. Тағоев доир ба саҳми...
 Санаи 11.11.2020 бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ ҷиҳати муаррифии Маркази омӯзишии соҳибкорӣ ва молиявии Бостон (Boston School of Finance and Business) мизи гирд баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири кафедраи молия ва суғурта, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р. оғоз ёфт. Сипас намояндаи маркази мазкур Фирӯз Булбулов суханронӣ намуда, оид ба ҳадафҳои марказ...
Имрӯз (05.11.2020) бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷиксуғурта” ва КВДС “Тоҷиксармоягузор” дар заминаи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ “Озмоишгоҳи таълимии молия ва суғурта” кушода шуд.       Дар кушодашавии озмоишгоҳ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ширкат намуда, ифтитоҳи...

Эълонҳо