М А Ъ Л У М О Т Н О М А

муовини декан оид ба таълим Соҳибов Ғолибназар Олимназарович

муовини декан дар шуъбаи ғоибона Мирзоев Сафарбек Саъдуллоевич

миллат: тоҷик

соли таввалуд :1991

шаҳрванди ҶТ

Мирзоев Сафарбек Саъдуллоевич баъди хатми донишгоҳ соли 2014-ум ба кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети молиявию иқтисодӣ ба кор омада, аз соли 2018 то ин ҷониб, ба ҳайси муовини декан дар шуъбаи ғоибонаи факултети молиявию иқтисодӣ кор ва фаъолият намуда истодааст

муовини декан оид ба тарбия Саидов Қиёмиддин Тағоймуродович

Саидов Қиёмиддин Тағоймуродович  8-уми октябри соли 1983 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 2001 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултети молиявию иқтисодӣ, ихтисоси 060600 «иқтисодиёти ҷаҳон» супорида, сазовори унвони донишҷӯ гардидааст.

Баъди хатми Донишгоҳ соли 2006 дар кафедраи «Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ»-и факултети мазкур фаъолияташро ба ҳайси ассистенти кафедра оғоз намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2009 то инҷониб бошад, дар вазифаи муовини декан оид ба тарбия иҷрои вазифа менамояд.

Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ буда, дар идоранамоии барномаҳои компютерӣ низ маҳорати хуб дорад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ – Тағоев Маҳадмумин муовини

аз соли 2007 дар  вазифаи муаллими калони кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд:    04.05.1977                                                            

Ҷои таваллуд:   ноҳияи Варзоб        

Миллат: тоҷик                                                      

Маълумот:  олӣ 

Соли 2000 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: иқтисодчии байналхалқӣ бо дониши забони англисӣ;                                                                  

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:забонҳои русӣ ва англисӣ;                                                           

Вакили халқ ҳаст ё не:аз соли2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи н.Варзоб, даъвати чорум интихоб шудааст.                                                                                          

Аъзои ҳизб: аз соли 2007 аъзои ҲХДТ.

Бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардидааст ё не:  Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъияти оилавӣ: оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Сафар ба давлатҳои хориҷӣ:Курси такмили ихтисос дар Донишгоҳи Давлатии ш.Москва ба номи М.Ломоносов аз 03.04.2004 с. то 24.04.2012 с. 

КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА:
Солҳои1994-1995      Сохтмончии бригадаи сохтмонии совхози замбуриасалпарварии Ҷамоати Зидеҳи ноҳ. Варзоб;
 1995-2000Донишҷӯи факултети молиявию  иқтисодии ДДМТ, аз рӯи ихтисоси муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ;
 2000-2001Ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии ДДМТ;
 2001-2007Ассистенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии факултети молиявию иқтисодии ДДМТ;
 аз 2007 то ҳолМуаллими калони кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии факултети молиявию иқтисодии ДМТ;
 01.02.2006-10.04.2009Муовини декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона;
 аз 20.02.2012 то ҳолМуовини декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ;