ОЛАМИ ИҚТИСОДЧИЁН

Ҷамъияти илмии донишҷӯён «Олами иқтисодчиён»

Дар назди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ  ҷамъияти илмиидонишҷӯён «Олами иқтисодчиён» амал мекунад. Аъзоёни он 50 нафар донишҷӯёни курсҳои гуногуни кафедра буда, аз ҷумлаи онҳо 20 нафарашон аъзоёни дастаи олимпии кафедра башумор мераванд. Бояд қайд кард, ки аз ҷониби аъзоёни маҳфил истифодаи хуби воситаҳои электронӣ, ташкили мусоҳибаҳо, викторинаву озмунҳо ба роҳ монда шудааст. Бисёри донишҷӯён маърӯзаҳои худро бо таври презентатсия ба ҳозирин пешниҳод карда, намунаи беҳтарини онҳо дар кафедра гузошташудаст. 

Иштироки фаъолонаи устодони кафедра ҳамчун коршиносони иқтисодӣ дар телевизион, радио ва матбуоти даврии ҷумҳурӣ назаррас аст.