МОЛИЯШИНОСОН

Санаи 16 – уми ноябр дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмию назариявӣ дар мавзӯи «Сиёсати молиявию қарзии давлат дар замони муосир» бахшида ба Рӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Сараввал дар маҳфили мазкур садорати факултет доктори илмҳои иқтисодӣ Хушвахтзода Қ.Х. доир ба таърихи Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои беназири Пешвои миллат баромад намуда: иброз доштанд, ки боиси ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаҳои бузурги миллиамон рӯзи Парчами давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии XVI – уми Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва коста шудани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддат ба кишвари мо вазъи нохуб ва низои дохилиро ба бор овард, ки ба қишрҳои ҷомеа хисороти зиёд расид. Баъзе аз ҳамватанони мо аз манзили истиқоматии худ маҳрум гашта, қисми дигари он қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гардиднд. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзу оянда гардад ва инчунин Хушвахтзода Қ. Х., қайд намуданд, ки Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа оѓоз намудан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақулу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда барои гул – гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Баъди хотимаи баромади садорати факултет донишҷӯён оиди мавзӯҳои гуногун маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд. Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010400 – молия ва қарз Саидмуртазоев Саймуҳиддин таҳти роҳбарии н.и.и., Икромов Ф.Н. дар мавзӯи «Ташкили фазои мусоид барои рушди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Дар маҷмуъ, маҳфили илмию назариявии факултет бофикру андешаҳои устодону донишҷӯён анҷом ёфт.

Роҳбари маҳфили молиячиёни ҷавони кафедраи молия, ассистенти кафедра Давлатов Н.А.