МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӯЁН

535

Дар факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар пояи кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ маҳфили илмии донишҷӯён гузаронида шуд. Кушодашавии маҳфилро ассистенти кафедраи мазкур, роҳбари маҳфили «Олами иқтисодчиён» Ризоев Фирдавс Абдулқосимович ифтитоҳ намуд. Баъдан муовини декан оид ба илм Бобоев Ф. баромад намуда, дар баромадашон доир ба гузаронидани маҳфилҳо дар сатҳи баланд пешниҳодҳо намуданд. Инчунин раиси ҶИД-и факултети молиявию иқтисодӣ Маҳмадризоиён Сӯҳроб дар робита ба баргузории маҳфилҳо суханронӣ намуд. Маърӯзачиён дар мавзӯъҳои зайл баромад намуданд.

1. Шодиева Ҳилола – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 25010300, гурӯҳи англисӣ “European Central Bank”

2. Ҳусанова Шаҳноза – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 25010304 “Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ”

3. Муродова Марзия – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 25010300, гурӯҳи англисӣ «World Trade Organisation»

4. Ортуқзода Нушина -донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 25010304 “Хазинаи Байналмилалии Асъор”

5. Одинаев Сафархон – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010304 “Робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

6. Раҷабов Нуроншоҳ – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 25010304 “Бонки Умумиҷаҳонӣ” Дар робита ба мавзӯъҳои баррасишуда суолу ҷавоб сурат гирифт.