Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (собиқ кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ) моҳи марти соли 1994 дар ҳайати факултети молиявию иқтисодӣ ҳамчун кафедраи тахассусӣ барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи равияи «иқтисодиёти ҷаҳон» таъсис ёфта буд. Аз аввали таъсисёбӣ то имрӯз дар кафедра устодони шинохтаи илми иқтисоди тоҷик ба монанди (шодравон) н.и.и. профессор Мамадназарбеков М.Н. ва д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ., н.и.и., дотсентон Худоиев М.Н., Мирбобоев Р.М., Шукуров Б.У., Солеҳзода А.А., Саидмуродова М.А., Қодирзода Ф.А., муаллимони калон Тағоев М.Р., Гулмамадов А.В., Имомёрбеков Ф.М., Содиқзода П., ва якчанд устодони ҷавони соҳибтаҷриба Қурбоналиев К.И., Азимова Д.С., Саидов Қ.Т. ва дигарон фаъолият мекунанд. Айни ҳол вазифаи мудирии кафедра ба дӯши н.и.и., дотсент Саидмуродова М. А. вогузор аст.

Кафедраи мазкур яке аз кафедраҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳиссагузор аст. Хатмкунандагони кафедра аз рӯйи ихтисоси худ дар вазорату муассисаҳо, бонкҳо, корхонаву ширкатҳо, созмонҳои иқтисодии байналхалқӣ ва ғайра кору фаъолият мебаранд. Кафедра бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти иқтисодиёти АИ ҶТ, бо кафедраҳои ҳамравияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо ҳамкории хуби илмӣ-таълимиро ба роҳ мондааст. Бо мурури замон талабот ба мутахассисони соҳаи иқтисодиёти байналхалқӣ зиёд гардида, дар кафедра аз соли 2010 инҷониб, ихтисоси нав – Идораи инвеститсияҳои хориҷӣ, ки ҳамчун яке аз шохаҳои муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ба шумор меравад, таъсис дода шуд. Мутахассисони ихтисоси Идораи инвеститсияи хориҷӣ дар оянда метавонанд дар тамоми соҳаҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла дар вазорату идораҳо, корхонаҳои муштарак, созмонҳои байналхалқӣ, бонкҳо ва амсоли онҳо кору фаъолият намоянд. Аз соли 2010 то соли 2018 дар назди кафедра қабули аспирантон ба роҳ аз рӯи ихтисос монда шуда буд ва аз соли 2016 қабули докторантони Ph.D аз рӯи ихтисос амалӣ гашта истодааст (айни ҳол 5 нафар дар аспирантура, аз ҷумла шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Чин- Пан-Пан ва 6-нафар дар зинаи доктор Ph.D таҳсил доранд).

Аз соли 2011 дар назди кафедра магистратураи шабакавӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Россия (РУДН) ва Донишгоҳи Давлатии Новосибирск амал мекунад, то ба имруз зинаи магистратураи шабакавиро -30 нафар хатм намуданд. Инчунин дар назди кафедра магистратураи дохилӣ фаъолият карда истодаанд ва айни ҳол 23- нафар дар курсҳои якум ва дуюм таҳсил доранд.