Кафедраи кори бонкӣ

Кафедраи фаъолияти бонкӣ бо дарназардошти беҳтар омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи замони муосир ҷиҳати рушди низоми бонкии мамлакат ва инкишофи босуботи он бо фармоиши ректори ДМТ дар пояи факултети молиявию иқтисодӣ соли 1999 ташкил карда шуд.

Баъди таъсисёбии кафедра ба ҳайси мудири кафедра н.и.и., дотсент Ҳисайнов Содиқ Давлатович таъин карда шуда, то соли 2002 дар ин вазифаи фаъолият намуд. Аз соли 2002-юм то соли 2009 – вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи д.и.и., профессор Обидов Фозил Саидович вогузошта шуда буд.

Кафедраи мазкур дар тайёр намудани мутахассисони касби равияи молиявӣ, бонкӣ саҳми босазо дорад. Фаъолияти кафедра дар самти таълимӣ, таълими-методӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ то имрӯз тибқи талаботи макотиби олӣ ба роҳ монда шудааст. Дар омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси фаъолияти бонкӣ дар вазорату муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, фондҳои маблағгузорӣ ва дигар сохторҳо саҳмгузор мебошад.

Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба академики АИ ҶТ Қаюмов Н.Қ., д.и.и., профессорон Умаров Х., Обидов Ф.С. н.и.и. дотсент Сайфуров К.Ф., Худойназаров Д.А., Ғаюров Ғ.Ҳ., Майдаева М.С., Имомназарова Т.А., Одинаев С., Маҳмадов О. ва дигарон фаъолият менамоянд.