Фаъолияти кафедраи муносибатхои иктисодии байналхалки

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ яке аз кафедраҳои бонуфузи ДМТ ба ҳисоб меравад, ки мутахассисони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тайёр намуда истодааст. Хатмкунандагони кафедра аз рӯи ихтисоси худ дар вазорату муассисаҳои давлатӣ, бонкҳои гуногуни мамлакат, корхонаву ширкатҳо, созмонҳои иқтисодии байналхалқӣ ва ғайраҳо кору фаъолият мебаранд.

Аз авали таъсисёбии кафедра самти тадқиқоти илмӣ ват аълимии кафедра барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳо имахсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ, ки барои сохти гузариши иқтисодиёти Тоҷикистон хос мебошанд, равонашуда буд. Барномаҳои таълимӣ ва корӣ (силлабусҳо) ҳамасола таҷдиди назаргар дида, илова ба онҳо барномаҳои нав барои зинаи магистратура аз руи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ тайёр карда шудааст. Аз соли 2015 дар назди кафедра зинаи таҳсилоти доктори фалсафа, доктор (PhDаз руи ихтисос сурат гирифт, ки айни ҳол се нафар ин зинаро хатм намуда, се нафари дигар таҳсил карда истодаанд. Аз соли 2010 дарпояи кафедра қабулиаспирантон ба роҳ монда шуда буд, ки то ба имрӯз 4 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 3 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил карда истодаанд. Аз соли 2011 дар назди кафедра магистратураи дохилӣ ва шабакавӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Дустии Халқҳои Россия (РУДН) амал мекунад ва ҳоло 4 нафар таҳсилро идома дода истодаанд. Дар магистратура идохилӣ бошад 37- нафар дар курсҳои якум ва дуюм таҳсил доранд.

Самти асосии кори илмӣ-тадқиқотиро дар кафедра инкишофи ҳамкориҳои иқтисодии байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Дар корҳои илмию тадқиқотӣ ҳамаи устодони кафедра ҷалб карда шудаанд. Дар доираи ин самт масъалаҳои гуногуни бо Тоҷикистон алоқаманд, ба мисли: масъалаи истифодаи самараноки қудрати содиротӣ; мукаммалгардонии робитаҳои иқтисодии берунӣ; иштироки мамлакат дар раванди интегратсионӣ; имкониятҳои инвеститсионии иқтисодиёти кушоди хурд; ҳамкории мамлакат бо институтҳои молиявии байналхалқӣ; омилҳои берунаи инкишофи иқтисодӣ; масоили рушди инсонӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат; инкишофи туризми байналхалқӣ ва ғайра зери омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудаанд.

Устодони кафедра мунтазам дар конфронсҳову семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ доир ба самтҳои гуногуни иқтисодӣ ва усулҳои нави таълим иштирок намуда, баромад мекунанд.

Кафедра бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ва Институти иқтисодиии АИ ҶТ ҳамкории илмӣ-таълимӣ менамояд, ки дар асоси созишномаи дутарафа амал мекунад.Устодони кафедрадар доираи Барномаи Ҳамкории Академӣ (Acagemic Fellowship Program)-и Институти Ҷомеаи Кушод (OSI – HESP AFP) иштироки бевосита доштанд.Устодони кафедра мунтазам бо кафедраҳои ҳамравияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкорӣ менамояд,ки  чунин ҳамкорӣ ба такмили  самтҳои асосии проблемаҳои илмии кафедра, таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълим мусоидат мекунанд.

Фанҳои ихтисосии  кафедра:

  1. Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ;
  2. Иқтисодиёти ҷаҳон;
  3. Савдои байналхалқӣ;
  4. Асосҳои робитаҳои иқисодии хориҷӣ;
  5. Кори  байналхалқии бонкӣ;
  6. Муносибатҳои байналхалқии асъорӣ, қарзӣ ва молиявӣ;
  7. Макроиқтисоди кушод ва инвеститсияҳои мустақими хориҷӣ;
  8. Фаъолияти иқтисодии берунаи корхона;
  9. Лоиҳасози иинвеститсионӣ ва баҳодиҳии он;
  10. Идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

   Инвеститсияи хориҷӣ;

   Камбизоатӣ;

   Асосҳои бизнеси байналхалқӣ;

   Бозори байналхалқии қоғазҳои қимматнок;

   Макроиқтисоди кушод;

   Қарзи хориҷӣ

   Ширкатҳои байналхалқӣ дар шароити глобализатсия;

   Сиёсати содиротии ҶТ;

   Рушди инсонӣ (барои донишҷӯёни курси 5-уми  ихтисоси  25010300);

   Робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

   Созмонҳои байналхалқии иқтисодӣ;

   Сиёсати аграрии ҷаҳонӣ;

   Амнияти иқтисодии байналхалқӣ;

   Дипломатияи иқтисодӣ.