Фаъолияти кафедраи андоз ва андозбандӣ

Корҳои илмию таҳқиқотӣ ва методию тарбиявӣ

Корҳои илмӣ – таҳқиқотии дар кафедра аз рӯи мавзӯи «Муаммоҳои такмилсозии рушди механизми молиявию андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тадқиқотҳои васеъ ва ҳаматарафа гузаронида мешаванд.

Ҳамаи устодони кафедра ба корҳои илмии таҳқиқотӣ машѓуланд. Аз натиҷаҳои ба даст оварда устодон бо баромадҳои илмӣ дар 12- конференсияҳои илмии Донишгоҳӣ,  конференсияҳои илмии Ҷумҳуриявӣ ва Байналмилалӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар заминаи кафедраи андоз ва андозбандӣ 3-конференсия ва 2-мизи мудаввар ва 1-семинарии илмӣ гузаронида шуд:

Конфронсҳо

  1. Конфронсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Сиёсати буҷетӣ-андозии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди кушод» (20-ум, 21-уми майи соли 2016).
  2. Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мукаммалгардонии системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир» (25-уми октябри соли 2016).
  3. Конфронсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Такмили  андозию буҷетии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» (11-уми майи соли 2018).
  4. Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои танзими андозии иқтисодиёти Тоҷикистон: рушди иқтисодӣ ва пастравии он” (12-уми майи соли 2019).

Семинари илмӣ, мизи мудаввар

  1. Семинари илмӣ дар мавзӯи «Мушкилоти андозситонӣ ва роҳҳои ҳалли он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5-уми майи соли 2018).
  2. Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши андоз дар рушди иқтисодиёти миллӣ» (12-марти  соли 2016).
  3. Мизи мудаввар дар мавзӯи «Сиёсат ва танзими макроиқтисодӣ бо воситаи механизми андозию-буҷетӣ дар шароити иқтисоди кушод» (4-марти  соли 2017).

Маҷмуи мақолаҳои конференсияҳо сари вақт аз ҳисоби донишгоҳ, худи мудири кафедра ва омузгорон аз чоп баромадааст. Маҷмуи мақолаҳо бо таври китоб ба китобхонаи донишгоҳ ва китобхонаи миллии Тоҷикистон равона мегарданд.

Аз тарафи устодони кафедра дар давари фаъолият зиёда аз 200 мақолаю фишурдаҳо чоп шудаанд.

 Умуман устодони кафедра мунтазам дар конфронсаҳову семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ доир ба самтҳои гуногуни иқтисодӣ ва усулҳои нави таълим иштирок намуда, баромадҳо мекунанд.

Кафедра бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории илмӣ-таълимӣ менамояд, ки дар асоси созишномаи дутарафа ба роҳ монда шудааст. Устодони кафедра мунтазам бо кафедраҳои ҳамравияи Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкорӣ менамояд,ки  чунин ҳамкорӣ ба такмили  самтҳои асосии проблемаҳои илмии кафедра, таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълим мусоидат мекунанд.

Фанҳои ихтисосии  кафедра:

– андоз ва андозбандӣ;

– назария ва таърихи андоз;

– низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– низоми андози мамлакатҳои хориҷа;

– андозбандии ташкилотҳои молиявӣ;

– методология, усул ва амалияи ҳисоби андозҳо;

– ояндабинӣ ва банақшагирии андозҳо;

– назорати андозӣ;

– менеҷменти андоз;

– андозбандии шахсони ҳуқуқӣ;

– назарияи қабули қарорҳо ва идораи хавфҳо дар соҳаи андоз.

Фанҳои интихобӣ ва курсҳои махсус:

– андозбандии шахсони воқеӣ;

– низоми махсуси андозбандӣ;

– ҳисоботи молиявӣ оиди андозҳо;

– андозбандии фаъолияти иқтисоди беруна;

– андозбандии минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

– боҷи гумрукӣ ва боҷи давлатӣ;

– сиёсати фискали Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– танзими андозу буҷети иқтисодиёти Тоҷикистон;

– идоракунии андоз дар системаи андоз;

– муаммоҳои муосири низоми андоз.