Ҳадафҳои кафедраи “Андоз ва андозбандӣ”

Мудири кафедра: Гулов Шерали Маҳмадсаидович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Барои тамос: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудаки 17,
Тел.: (+992) 902426655
E-mail: gulovsherali.m@gmail.com

Ҳадафи асосии кафедра – омода намудани иқтисодчиёни соҳаи андоз ва молия барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, ташкили захираи кадрҳои дорандаи дониши амиқи касбӣ, одоби муошират ва салоҳияти иҷтимоӣ, қобилияти зуд ва самаранок қабулкунии қарорҳо вобаста ба масъалаҳои соҳаи молия ва андозбандӣ бо назардошти ташаккул ва рушди иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Кафедраи андоз ва андозбандии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз 06-уми майи соли 2014, таҳти №12 ва фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти №244-09 аз 25-уми сентябри соли 2014 ташкил  шудааст.

Кафедраи андоз ва андозбандӣ яке аз кафедраҳои тахассусии Донишгоҳ маҳсуб ёфта, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-таълимиро вобаста ба проблемаҳои муосири соҳаи андоз ва молия дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

   Кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи муосири бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро омода намояд. Имрӯзҳо хатмкардагони ихтисосҳои зертобеи кафедра дар бахшҳои гуногуни иқтисод ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар кору фаъолияти устувор дошта, бо кафедра робитаи зич доранд.

Барои омодасозии мутахассисон устодони кафедра дар раванди дарсҳо аз усулҳо ва воситаҳои муосири таълим истифода менамоянд.