Таърихи кафедраи “Андоз ва андозбандӣ”

Кафедраи андоз ва андозбандии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз 06-уми майи соли 2014, таҳти №12 ва фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти №244-09 аз 25-уми сентябри соли 2014 ташкил  шудааст.

Дар давраи ташаккулёбӣ кафедраи андоз ва андозбандӣ раванди таълимро тибқи нақшаи таълимии мўҳлати таҳсил 5-сол  ва  тибқи нақшаи таълимии низоми кредитӣ мўҳлати таҳсил 4-сол ва магистратура – 2 сол ба роҳ мондааст.

Таъсис додани чунин кафедра дар давраи муосир барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хеле муҳим дошт. Бояд қайд намуд, ки  тайи солҳои охир зарурати таъмин намудани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқӣ ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисос бахусус дар самти молия, андозбандӣ дар мақомотҳои андоз ва корхонаҳо ба миён омад.

Аз соли 2014 то соли 2020 роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Қаюмов Сайфудин Шарифович ба ӯҳда дошта, аз моҳи августи соли 2020 ба ҳайси и.в. мудири кафедра н.и.и., дотсент Гулов Шерали Маҳмадсаидович таъин гардида, корро пеш бурда истодааст.

Ҳоло дар кафедра устодони штатии зерин фаъолият доранд: н.и.и., дотсент Гулов Ш.М. (мудири кафедра), н.и.и., дотсент С.Ш. Қаюмов, н.и.и., дотсент О. Алиев, муаллимаи калон Ҷураева М. Н., муаллими калон Давлатов Д.С. ассистентон Қурбонова М. С., Исматов А. Ф., Раҷабов Т., Эраҷи Дилнавоз ва Нурова Н.

Айни замон кафедра яке аз кафедраҳои пешқадами факултети моливию иқтисодӣ ва ДМТ ба ҳисоб рафта дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои андозу андозбандӣ ва мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. Хатмкунандагони кафедра аз рӯи ихтисоси худ дар вазорату муассисаҳои давлатӣ, мақомоти андоз, вазорати молия, мақомоти гумрук, корхонаву ширкатҳо ва ғайраҳо кору фаъолият мебаранд.

Аз аввали таъсисёбии кафедра самти тадқиқоти илмӣ ва таълимии худро барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳои махсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ, ки барои сохти гузариши иқтисодиёти Тоҷикистон хос мебошанд, равона гардонида буд. Барномаҳои таълимӣ ва корӣ (силлабусҳо) ҳамасола таҷдиди назар гардида, илова ба онҳо барномаҳои нав барои зинаи магистратура аз руи ихтисоси андоз          ва андозбандӣ тайёр карда шудааст.

Аз соли 2018 дар назди кафедра магистратураи дохилӣ амал мекунад, ки соли 2019 4 нафар, соли 2020 10 нафар онро хатм намуда ва ҳоло 23 нафар таҳсилро идома дода истодаанд.

Фанҳои ихтисосии кафедра:

– андоз ва андозбандӣ;

– назария ва таърихи андоз;

– низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– низоми андози мамлакатҳои хориҷа;

– андозбандии ташкилотҳои молиявӣ;

– методология, усул ва амалияи ҳисоби андозҳо;

– ояндабинӣ ва банақшагирии андозҳо;

– назорати андозӣ;

– менеҷменти андоз;

– андозбандии шахсони ҳуқуқӣ;

– назарияи қабули қарорҳо ва идораи хавфҳо дар соҳаи андоз.

Фанҳои интихобӣ ва курсҳои махсус:

– андозбандии шахсони воқеӣ;

– низоми махсуси андозбандӣ;

– ҳисоботи молиявӣ оиди андозҳо;

– андозбандии фаъолияти иқтисоди беруна;

– андозбандии минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

– боҷи гумрукӣ ва боҷи давлатӣ;

– сиёсати фискали Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– танзими андозу буҷети иқтисодиёти Тоҷикистон;

– идоракунии андоз дар системаи андоз;

– муаммоҳои муосири низоми андоз.